KGU

ДАР ҲОШИЯИ СУХАНРОНИИ СОБИҚ РОҲБАРИ ҲИЗБИ МАМНУЪИ НИТ КАБИРӢ

ДАР ҲОШИЯИ СУХАНРОНИИ СОБИҚ РОҲБАРИ ҲИЗБИ МАМНУЪИ НИТ КАБИРӢ 10.09.2018

ДАР ҲОШИЯИ СУХАНРОНИИ СОБИҚ РОҲБАРИ ҲИЗБИ МАМНУЪИ НИТ КАБИРӢ

       Кабирӣ! На дар он рӯзҳо ва на дар ин рӯзҳои 27 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон шумо ва онҳое, ки шуморо хамраҳӣ мекарданд, ба ҳеҷ ваҷҳ талошу эътироз баҳри истиқлолият накарда будед, мароми шумо фақат ва фақат ба даст гирифтани ҳокимият буду халос. Вале ҳамин ки бо ҷонфидоиву талошҳои Пешвои муаззами миллат, бо хуни ҷигар ва амри Яздон мулк тинҷу амон гашт ва низ ин марди назаркардаи Худо гунаҳҳои шуморо бахшиду дар парлумон курсинишинатон кард, дар фикри ба амал баровардани ҳамон ниятҳои муғризонаатон будед, ки имрӯз пайи онҳо аз ватан бе ватан гаштаед.
       Хуб мешуд, ки дар суханрониатон, шарм накарда, боре аз он кирдорҳое, ки барои ба ҳадаф расидану суд бардоштанатон карда будед, ёдрас мешудед. Аз куҷо соҳиби пулу мол, мансабу ҷоҳу ҷалол гаштед, дар паҳнои заминҳои Тоҷикистон хонаҳо бунёд кардед, дар атрофатон гумроҳонро ҷамъ карда барои мансабу ҳокимият зидди давлат шӯронидед, о дар ин бора ҳатто як ҳарфаке нагуфтед-ку? О дигарон, ва ҳатто ҳаммаслаконатон инро медонанду борҳо тасдиқ ҳам кардаанд. Боз ба узви ҲНИ таъкид кардаед, ки бо Аёмиддин Сатторов бо созиш муносибат кунанд. Чаро ки гуфтаҳои Аёмиддин Сатторовро дар рӯ ба рӯяш ошкоро бардурӯғ намегӯед? Наметавонед, зеро ҳамаи гуфтаҳояш дар бораи аъмолу кирдори анҷомдодаатон дуруст аст. Ва ҳаминак шояд барои мавҳ кардани ӯ бо нақшаҳои нав таҳия намудаед?
Мутаассифона, он андешаи истиқлолияти миллӣ, ки он солҳо, ба гуфти шумо, танҳо дар зеҳни чанд фарди огоҳ мечархид, дасти кори шумо баринҳо буд, ки онҳоро низ ба манфиати худ истифода бурда, дар оқибати кор аз роҳи дуруст баровардеду қурбони бозиҳои худ гардонидед.
Дар ботини Шумо, ки душманӣ ба истиқлолият аст, ҳатто ба қаҳрамонҳои миллӣ низ бухлу ҳасад меварзед, агар шумо ҳам хизмати софдилона мекардед, ба қаҳрамонӣ мерасидед. Ман борҳо изҳор карда гуфтам, ки наход Кабирӣ ин қадар мансабталошу ҳасадхӯр бошад, ки ба ободиву осудагии Ватан –модар ин қадар бухлу кину ҳисодат варзад. Ҳайфи он ҷавонмардӣ, ҳайфи он тану тӯшу ақлу савод, ки ба беҳуда сарф шудааст.
       Бо ин суханронӣ ва он ҳам аз минбарҳои хориҷи кишвар бори дигар собит сохтӣ, худ мутааллиқ ба ҳамон гурӯҳҳое ҳастӣ, истиқлолиятро аз “ночорӣ пазируфта, дар фикри интиқом аз ҳама афрод ва нерӯҳои истиқлолхоҳ афтодаӣ”(М.К).
       Имрӯз боз ба имзо расонидани декларатсияи нави “Паймони миллии Тоҷикистон” ва он ҳам дар хориҷи кишвар гувоҳи он аст, ки гумроҳони бо Шумо пайвастшуда шояд ё мақоли “кӯр асояшро як бор гум мекунад”-ро нашунидаанду ё шуморо то ҳол дуруст “нашинохтаанд”.
Бо ин номардӣ, чи гуна метавонӣ аз дур мардумрпо фиреб диҳӣ, бо ваъдаҳои дуруғин бигӯӣ, ки: «дари эътилоф барои ҳамагон боз аст  ва тамоми мардони мубориз, онҳое, ки як ватани озод, пешрафта ва миллиро дидан мехоҳанд, метавонанд узви ин Паймон шаванд ё ба ҳар шакле, ки мехоҳанд бо он ҳамкорӣ кунанд».
Дониста бош, Кабирӣ, ин бозии наве роҳ андохтӣ, туро рост ба ҷаҳаннам хоҳад буд ва барои зомин шуда дар хуну афкор ва хонавайронии садҳо гумроҳшудагоне, ки аз пайи ту рафтаанд, ҷавоб хоҳӣ гуфт.
       Туро ВАТАН, МИЛЛАТ ВА ХЕҶ ЯК НАФАРЕ, ки дар хунаш номуси тоҷики ҷорист, намебахшад ва ҳамроҳию ҳамраъйӣ наҳоҳад кард.


Back to the list