KGU

ПАЙМОН МИЛЛӢ – МОЛИ МИЛЛАТ НЕСТ!

ПАЙМОН МИЛЛӢ – МОЛИ МИЛЛАТ НЕСТ! 13.09.2018

ПАЙМОН МИЛЛӢ – МОЛИ МИЛЛАТ НЕСТ!

Роҳбарияти ТЭТ ҲНИТ, хосатан Муҳиддин Кабирӣ солҳои авохир тибқи ғасби фазои иттилоотӣ бо доир намудани ҷаласаву нишастҳои гуногун сухан аз боби эътилофи муваффақияти нав мезад. Ончунин ҳарф мезанад, ки гӯё ҳама чиз зери дасти ӯ бошад. Лекин миллати тоҷик дигар ҳеҷ гоҳ фирефтаи гуфтаҳои онҳо намешавад. Чун «Кӯр як бор дар чоҳ меафтад» - барин гуфтаи халқро шиоре дар зиндагиашон қарор додаанд.
Воқеан миллати тоҷик фоъолиятҳои тахрибокронаи ТЭТ ҲНИ ва роҳбари хоини он Кабириро хуб медонанд. Барои миллати мо чеҳраи манфури Темури Варқӣ, ки гӯё шахси зиёӣ буду замони Шӯравӣ ҳамчун нависандаю шоир ва рӯзноманигори русзабон фаъолият дошт, ошкор гардид, ки дар асл аз Кабрии ифротӣ ҳеҷ фарқе надорад. Ё худ дигар ҳамаслакони ӯ мисли Алими Шерзамону Шарофидди Гадо… Зеро ҷараёни воқеаҳо нишон доданд, ки онҳо дар асл, нафарони бадхоҳ, дурӯя ва манфиатҷӯ будаанд ва ҳамеша омодаанд, ки барои расидан ба ҳадафи ғаразнокашон аз баҳри тамоми арзишҳои милливу динӣ гузаранд.
Чанд рӯзе пеш фазои ВАО-ро боз бофтаву дурӯғи навбатии ТЭТ ҲНИТ пахш кард, ки гӯё кадом як паймонеро бо чор нафар таъсис додаву мехоҳанд ба зиди як миллати тавоно ба чанд оянд. Ин ҳам бошад бо истифода аз ҷаласаи САҲА дар пойтахти Полша шаҳри Варшава, ки ҳамасола оид ба ҳуқуқи башар чанд рӯзе идома мекунад.
Дар ин ҷаласа ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидзода иштирок доранд. Ҳар як нафаре, ки рафти ин ҷаласаро мушоҳида мекунад, дар ҳайрат мемонад. Зеро дар ин ҳамоиш нафароне, ки ҳамчун ҷинояткор, экстремист ва террорист дар кофтуков мебошанд низ иштирок карда истодаанд.
Ҳайати мухолифин бо истифода аз фурсат маросими ба имзорасии декларатсияи эътилоф таҳти унвони “Паймони миллии Тоҷикистон” аз тарафи Ҳизбу созмонҳои манфиатҷӯю фитнаангез, ки дар хориҷ аз кишвар қарор доранд, баргузор намуданд. Ин нишасти навбатӣ чун нишастҳои қаблӣ боз як дасиса ва найрангбозиҳои душманони миллати тоҷик аст, ки сулҳу оромӣ, ободию тараққии кишвари азизамонро дидан намехоҳанд. Бо таъсиси ин паймон Кабирӣ ва ҳаммаслакони хиёнаткору манфиаҷӯяш мақсад доранд, ки дар ватани орому осудаи тоҷикон «саҳифаи нави» ихтилофу парокандагиро боз кунанд ва ба ин васила ба ҳадафҳои шуми худ ноил шаванд.
Кабирӣ шарм надошта гуфтааст: «Эътилоф моли миллат аст на аз чаҳор созмоне, ки онро имзо карданд». Инҷо суоле пеш меояд, ки ба ин хоини миллат кӣ ҳақ додааст, то аз номи миллати тоҷик сухан гӯяд, дар сурате, ки мардуми тоҷик натиҷаи хиёнатҳои Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯро борҳо дидаанд. Бидон муҳтарам Кабирӣ ту ҳеҷ ҳаққу ҳуқуқе дигар аз ва барои ин миллат надорӣ. 
Хушбахтона мардуми шарафманди тоҷик, ки як бор заҳри ин гуна паймону эътилофҳоро чашидаанд, дигар ҳаргиз ба суханони Кабириву ҳаммаслакони хоинаш бовар нахоҳанд кард ва дар атрофи Пешвои миллат сарҷамъ шуда, кишвари ободу зебои Тоҷикистонро мисли гавҳараки чашм ҳифз хоҳанд кард.

Шоҳрух Саидов, н.и.с.,
коршиноси масоили иҷтимоӣ 



Back to the list