KGU

ИФТИТОҲИ КӮДАКИСТОНИ “СИТОРА”

ИФТИТОҲИ КӮДАКИСТОНИ “СИТОРА” 04.09.2018

ИФТИТОҲИ КӮДАКИСТОНИ “СИТОРА”

Санаи 4-уми сентябр бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ фаъолияти кӯдакистон ба роҳ монда шуд.
Кӯдакистон “Ситора” номгузорӣ шуда, ҳамчун муассисисаи томактабӣ дар назди донишгоҳ мебошад. Кӯдакистон асосан барои кӯдакони устодону омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ таъсис дода шуда, ҳамзамон ҳамчун базаи таҷрибавии назди донишгоҳӣ барои донишҷӯёни факултаи омӯзгорӣ, шуъбаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият менамояд.
Дар ифтитоҳи кӯдакистон ректори донишгоҳ доктори илми физика ва математика, профессор, Узви вобастаи АИ Абдулло Ҳабибулло, раиси шаҳри Кӯлоб Хайрулло Амонулло, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Кенҷамо Маҷидова, Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, Шоири халқии Тоҷикистон Хосият Вализода ва дигар меҳмонон иштирок доштанд.
Ректори донишгоҳ Абдулло Ҳабибулло қайд намуданд, ки кушодашавии кӯдакистон ҳамчун тӯҳфа дар арафаи ҷашни Истиқлолият ба кӯдакон мебошад.
Бо мақсади инкишрфи қобилият, шавқу рағбат, хусусиятҳои ҷисмонӣ, равонӣ, зеҳнӣ ва фарҳангии кӯдакони синни томактабӣ ва омода намудани онҳо ба таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ кӯдакистон таъсис ёфтааст.
Кӯдакистон имконияти то 200 нафар кӯдакро қабул кардан дорад ва айни ҳол 100 нафар кӯдак ба таълим фаро гирифта шудааст. Барои инкишофи хуби ҷисмонӣ ва инчунин дар сатҳи хуб ба роҳ мондани таълиму тарбияи кӯдакони синни томактабӣ муттахассисони хуби соҳавӣ ба кор ҷалб карда шудаанд.
Кӯдакистон фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Низомномаи намунавии таҳсилоти томактабӣ», «Консепсияи тарбияи томактабӣ», Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаҳои давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи маориф ба роҳ мондааст.


Back to the list