KGU

КОНФРОНСИ ИЛМӢ – АМАЛӢ БАХШИДА БА БУЗУРГДОШТИ “РӮЗИ МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ”

КОНФРОНСИ ИЛМӢ – АМАЛӢ БАХШИДА БА БУЗУРГДОШТИ “РӮЗИ МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ” 28.09.2018

КОНФРОНСИ ИЛМӢ – АМАЛӢ БАХШИДА БА БУЗУРГДОШТИ “РӮЗИ МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ”

Дар санаи 28-уми сентябри соли ҷорӣ дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бахшида ба бузургдошти “Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ” конфонси илмӣ-амали баргузор гардид. Конфронс аз ду қисмат иборат буд: илмӣ ва фарҳангӣ. Сараввал ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои физика ва математика, узви вобастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Абдулло Ҳабибулло вобаста ба шуҳрати ҷаҳонии Мавлоно суханрони намуда, ҳамаи ҳозиринро бахшида ба “Рӯзи бузургдошти Мавлони Ҷалолиддини Балхӣ” табрик гуфта,, барои тарбияи намудани фарзандон истифода намудан аз ашъори Мавлоноро тавсия намуданд. Сипас маърузаҳо аз тарафи Зафар Мирзоён дар мавзӯи “Мавлоно-омӯзгори пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек”, Алиева Бахтинисо дар мавзӯи “Хусусиятҳои забонии ашъори Ҷалолиддини Балхӣ”, Давлатов Маҳмадсафар дар мавзӯи “Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва муҳтавои” “Маснавии Маънавӣ”-и ӯ” ва Шоинов Ҳасан дар мавзӯи “Офтоби ишқи ирфон аст Мавлонои мо” шунида шуд.

       Дар қисмати Фарҳангӣ гурӯҳи донишҷӯёни  факултаи филологияи тоҷик ва журналистика иштирок намуданд, ки ба конфронсӣ имрӯза ҳусни дигар зам намуданд. Дар навбати аввал аз тарафи  донишҷӯи соли чоруми факултаи филологияи тоҷик ва журналистика Ятимов Алишер қироати порчаи назми аз Маснавии Маънавӣ, бо як санъати баланд қироат карда шуд. Сипас гурӯҳи донишҷӯён аз ашъори шоир порчаҳои шеъри қироат намуда маънии онро дар шакли саҳначаҳо пешкаши ҳозирин намуданд.


Back to the list