KGU

ТЕРОРИЗМ ВА ХАТАРИ ОН БАРОИ ҲАЁТИ ОСОИШТАИ ИМРӮЗА

  ТЕРОРИЗМ ВА ХАТАРИ ОН БАРОИ ҲАЁТИ ОСОИШТАИ ИМРӮЗА 12.10.2018

ТЕРОРИЗМ ВА ХАТАРИ ОН БАРОИ ҲАЁТИ ОСОИШТАИ ИМРӮЗА

«…терроризм ва экстремизм чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳаст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳони ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст».

Эмомалӣ Раҳмон

Имрӯз терроризм ва эктремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.
Таърих гувоҳ аст, бархе аз миллатҳое, ки аҳамияти андешаи миллиро дарк карда натавонистанд ё нисбат ба ташаккули шуури миллӣ беэътиноӣ зоҳир карданд, на фақат давлати аҷдодиро аз даст доданд, балки ҳамчун миллат аз саҳнаи таърих берун рафтанд. Бинобар ин зарурати воқеии ташаккули андешаи миллӣ даҳшаттарин ҳодисаю воқеаҳои терористию экстремистӣ, ки дар шароити рӯзафзуни имрӯза ба миён омада истодааст, дар маркази тавваҷҷӯҳи ҳар як фарди сайёра қарор дошта бошад ҳам, аксар сокинони сайёра аз ин рӯйдоҳои ваҳшатангези нангину ғамгин хело ба ташвиш омадаанд. Зеро ифротгароӣ ва тероризми сиёсӣ аз зумраи он амалҳои номатлубе мебошанд, ки бар амнияти миллӣ, сулҳу субот ва осоиштагии мардум фитнаҳо ба по хезонда, ҷомеаи ҷаҳониро ба ларзиш медароранд.
Тероризм ин усули ваҳшатбори муборизаи сиёсӣ буда, ба амалиётҳои ҳарбию иртиҷоии худ барои ба даст овардани мақсадҳои муайяни сиёсӣ, несту нобуд кардани рақибони сиёсӣ, таркишҳо ғасбу ғорат кардани заводу фабрикаҳо ва ноором сохтани фазои сиёсии ҷомеа, вобастагӣ дорад.
Дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон сараввал суханронии худро аз таҳдиду хатар ба амнияти умумиҷаҳонӣ оғоз намуда, чунин изҳор доштанд, ки «соли 2017 дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид. Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт».
Инчунин, дар мавриди дигар низ овардаанд: «…терроризм ва экстремизм чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳаст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳони ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст». (3.саҳ.42)
Агар ба таърихи гузашта назар афканем, мушоҳида менамоем, ки тероризми сиёсӣ бисёр ходимони машҳури давлатро нест кардааст. Алалхусус Президенти 35-уми ИМА Ҷон Кеннеди (1961-1963) аз ҳизби демократӣ, ки 22-юми ноябри соли 1963 дар Дамос кушта шуд. Инчунин Индира Гандӣ, Аҳмадшоҳи Масъуд сардори майдони Афғонистон, собиқ сардори амнияти Афғонистон 9-уми сентябри соли 2001дар вақти мусоҳиба бо рӯзноманигорон кушта шуд. Яъне терористони худкуш худро ба ҳайси рӯзноманигор вонамуд сохта, дар камера маводи таркандаро пинҳон карда будаанд.
Вақте, ки мо тавассути телевизион ва дигар расонаҳои итилоотӣ оид ба гаравидани ҷавонон ба ҳаракатаҳои ифротгароию терористӣ огоҳӣ пайдо менамоем, афсӯс аз он мехӯрем, ки чаро ҷавонон фирефтаи чунин гуруҳҳои нопоку зиёновар мегарданд. Ин бо сабаҳои зиёд, яке паст будани дониши сиёсӣ, шуури сиёсӣ ва ба даст даровардани маблағҳои пулӣ мебошад, ки аксарияти онҳо дар муҳоҷирати меҳнатианд. Ба андешаи мо бархе аз одамон то чӣ андоза дар ҳолати ҷоҳилиятанд, ки мутеъи ташкилотҳои террористӣ шуда, аз баҳри волидайн, зану фарзанд, осудагии диёр, мардуми он ва аз ҳама дороиашон гузашт мекунанду даст ба чунин кирдори зишти нобахшиданӣ мезананд.
Доктори илмҳои сиёсатшиносӣ Сайидмуъмин Ятимов маҳз ба ҳамин хотир дар мақолааш «Шуури ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ» нигоштааст: «системаи таъмини итилооти дар тавозун бо таҳрибкорӣ нисбати шуури миллӣ на танҳо баробар, балки зарур аст чандин зина болотар биистад». (2.саҳ.9)
Инчунин, гуруҳҳои террористӣ ба исломи пок зиён оварда, ҷавонони гумроҳро фирефтаи доми худ месозанд. Дар ин ростҳо ҳар як волидайн вазифадор, масъулиятпазир бошанд, ки дар бораи таълиму тарбия, касбинтихобкунӣ, омӯзиши забонҳои зарури хориҷӣ, фаъолияти ҳаррӯзаи фарзандонашон доимо огоҳ бошанд, то ин ки бозичаи дасти бегонагон нашаванду даст ба амалҳои террористӣ назананд.
Имрӯз агар ба ҷомеаи ҷаҳонӣ нигарем эҳсос ва дарк мекунем, ки чунин амалиётҳои террористӣ дар кишварҳои Сурия, Ироқ, Мисру Тунис, Покистону Афғонистон ва дар кишварҳо ба миён омада истодаанд, ки зимни чунин ваҳшоният теъдоди зиёди одамон ҷони худро ба ҷонофарин месупоранд. Дар ҳаққиқат, ин таҳдиду хатарҳо ва амалҳои зишти гуруҳҳои террористӣ пешгирӣ карда нашаванд, метавонанд сабабгори нооромиҳои сиёсиву иқтисодӣ ва халалдор сохтани амнияти умумибашарӣ гардида фарҳанги минтақаҳои гуногунро коста гардонад.   
Тоҷикистон барои вокуниши саривақтӣ ба таҳдиду хатарҳои умумиҷаҳонӣ ва баҳри боз ҳам мустаҳкам намудани иқтидори муносибатҳои дохиливу хориҷии худ тадбиру чораҳои муассир меандешад.
Дар шароити имрӯза террористон бозичаи дасти «Давлатҳои исломӣ (ДИИШ)» гаштаю ба ҷаҳониён таҳдид намуда истодаанд. Давлати исломии Ироқ ва Шом бо забони арабӣ «Ал-давул Ал-исломия» дар шакли мухтасари он ба форсӣ ДИИШ, бо забони русӣ «ИГИЛ» (Исламское Государство Ирака и Ливента) маъруфу шуҳратёр гаштааст.
Имрӯз аксари коршиносону сиёсатшиносон терроризмро мудҳиштарин амали марговар меҳисобанду сахт маҳкум мекунанд. Зеро аъзоёни гуруҳҳои террористӣ натанҳо фазои сиёсии Ироқу Сурияро ноором месозанд, балки хавфу хатари ҷудоиандозию марговарро дар байни дигар кишварҳои ҷаҳонӣ ба бор меоранд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ҷудоиандозиҳои ҷангҷӯёни ДИИШ-ро сахт маҳкум намуд ва ба мардуми тоҷик огоҳонаю дурбинона афзуд, ки бадбахтона дар ин амалиётҳои террористию экстремистӣ ҳамкишварони мо низ фиреби бегонагону хоҷагони хориҷӣ ва надоштани маърифати баланди Ватандорию меҳанпарастӣ бозичаи дасти бегонагон шуда, қурбонии фоҷеаҳои нобаҳангоми сиёсӣ мегарданд.
Террор ва терроризмро ҳамчун заминларза пешгӯи кардан хело гарон аст, вале ашхоси ба ин соҳа вобаста ба мурури замон таҷриба андӯхта дар пешгирии он саҳмгузор бошанд.
Рӯйдоду воқеаҳои тираю тори ҷанги шаҳрвандӣ ки бо номи ҷанги «Бародаркӯш» машҳур аст, асло аз ёди мо фаромӯш нахоҳад шуд. Зеро дар ин давра падар писарро ва писар падарро наҷот дода наметавонист. Ба ҳолати он вактаи модарону хоҳарони мо мурғони само нола мекарданд. Дар ҷанги хонумонсӯз намудҳои гуногуни террор, қасдан куштани одамон, оммави нест кардан ва муҳосираи иқтисодӣ мондан ба миён омада буд. Дар натиҷаи ин фоҷеа нафарони зиёде аз барҷастагони миллати тоҷик ҷон бохтанд.
Доктори илмҳои сиёсӣ Зокиров Г., дар мавриди террор ва терроризм ба ин нуқта таъкид менамояд, ки «Терроризм ҳам хосияти дохили-давлатӣ дорад ва ҳам дар сиёсати ҷаҳонӣ чуқур реша давонидааст. На танҳо доираи кирдорҳои терррористӣ васеъ мегарданд, балки роҳу воситаҳои амалигардонии онҳо низ нав мешавад. Ҷанбаҳои бадахлоқӣ ва ғайриинсонии терроризм вусъат меёбад. Беш аз пеш қурбони сиёсати доираҳри террористӣ занҳо, кӯдакон, пиронсолон ва одамони дигари ғайринизомӣ мегарданд» (3.саҳ. 9)
Дар шароити кунуне, ки мо дар асри ХХІ қарор дорем бояд соҳибмаърифату донишманд бошем, ба пешравиҳои илму техника назар афканем, забондон бошем. Фейрбах Л. Дар ин хусус чунин қайд намудааст: «Ҳукмронии инсон ҳукмронии ақлу фаросати ӯст».
Ҳоло дар даврае қарор дорем, ки аз чор самт муносибатҳои радикалии ифротӣ хуруҷ доранд ва он метавонад сусттафаккуронро ба доми худ афтонад. Дар мадди аввал сиёсати дохиливу хориҷиро донистан зарур аст. Вазифаи шаҳрвандии худро дуруст ҳифз намуда, ҳушёру зирак бошем, ки баҳри ҳифзи муззафариятҳои Истиқлолият, дастоварду комёбиҳои бузурги сиёсиву таърихӣ, ки маҳз бо кӯшишу ғайрати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба миён омада истодаанд қарзи шаҳрвандии худро барои сокинони ин миллати куҳанбуёнд, собитқадамона иҷро намоем.
Халқи тоҷик аз азал халқи дорои таъриху фарҳанги ғанидошта маҳсуб ёфта, дар ягон давру замон истиқлолият ва ваҳдати ҳеҷ давлатеро халалдор насохтаанд, аммо ҳамеша баҳри пос доштани таъриху фарҳанг ва ҳифзи Истиқлолияту ваҳдат ҷонбозиҳо намудаанд.
Аҳли башар махсусан ҷавонони тоҷикро мебояд, ки дилдодаи ваъдаҳои бардурӯғи ҳеҷ як хоҷаҳои хориҷӣ нашаванд ва чун фарзандони баруманди ниёгонамон Ватани аҷдодии худ–Тоҷикистонро, агар лозим бошад, бо сипар кардани ҷон ҳифз намоянд.

                                                 Давлатова Н. Ҳ.,номзади илмҳои
                                                 педагогӣ мудири кафедраи педагогика, 


Back to the list