KGU

ИФТИТОҲИ МУҶАССАМАИ АБӮАБДУЛЛОҲИ РӮАКӢ

ИФТИТОҲИ МУҶАССАМАИ АБӮАБДУЛЛОҲИ РӮАКӢ 22.09.2018

ИФТИТОҲИ МУҶАССАМАИ АБӮАБДУЛЛОҲИ РӮАКӢ

Санаи 22-юми сентябри соли 2018 бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ дар саҳни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ифтитоҳи муҷассамаи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ сурат гирифт. Дар чорабинӣ ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ доктори илми физика ва математика, профессор, узви вобастаи АИ ҶТ Абдулло Ҳабибулло, ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ ва аз меҳмонони расмӣ муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирбобоев Раҳматулло, раиси шаҳри Кӯлоб Хайрулло Амонулло, муовини раиси вилояти Хатлон Қурбонзода Амирхон, шоири эронитабори муқими Амрико Масъуди Сипанд, шоирони шинохтаи ҷумҳурӣ Ҳақназар Ғоиб ва Хосият Вализода, шоирон аз Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд. Нахуст пардабардорӣ аз рӯи муҷассамаи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо иштироки роҳбарияти шаҳр, раёсати донишгоҳ ва меҳмонон сурат гирифт. Сипас, раиси шаҳри Кӯлоб, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Амонулло суханронӣ намуда, ҳозиринро бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ ва ифтитоҳи муҷассама табрик намуд. Баъдан бо сухани шодбошӣ ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Абдулло Ҳабибулло баромад намуда, дилбастагони шеъри ноби порсиро ба ин рӯз табрик гуфт ва аз шахсияти Устод Рӯдакӣ ба некӣ ёд кард. Инчунин, меҳмонон, аз ҷумла шоири эронитабори муқими Амрико Масъуди Сипанд ва дигарон суханронӣ намуда, аз ашъори шоир шеърҳо қироат намуданд ва аз саҳми Устод Рӯдакиро дар таърихи адабиёти форсу тоҷик маърӯзаҳо намуданд. Баъди суханронии меҳмонон аз ҷониби раиси шаҳри Кӯлоб ба ғолибони озмуни "Рӯдакихонӣ" туҳфаҳо ва ифтихорномаҳо супорида шуд. Инчунин, 3 омӯзгри донишгоҳ Исупов Дилшод, мудири кафедраи химия ва биология, Каҷкуллоев Абдухолиқ, мудири кафедраи иқтисод ва идора, Темуров Ҷаҳонгир, сармуҳаррири рӯзномаи "Анвори дониш" бо Ифтихорномаи ВМИҶТ ва 4 нафари дигар Давлатов Эраҷ, сардори Раёсати илм ва инноватсия, Сафаров Мунир, декани факултаи физика ва математика, Даминова Арафамо, мудири шуъбаи докторантураи PhD ва Сулаймонов Убайдулло, ассистенти кафедраи илмҳои компютерӣ бо нишони сарисинагии "Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон" сарфароз гардонида шуданд. Дар охир намоиши саҳнаи театрикунонидашуда аз ҳаёти Маликушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, суруду таронаҳо аз эҷодиёти шоир аз тарафи ҳунармандони Театри мазҳакавӣ-мусиқии ба номи Сайдалӣ Вализода доир гардид.


Back to the list