KGU

Маҳфили "БАРНОМАСОЗОНИ ҶАВОН" гузаронида шуд!

Маҳфили "БАРНОМАСОЗОНИ ҶАВОН" гузаронида шуд! 02.11.2018

Маҳфили "БАРНОМАСОЗОНИ ҶАВОН" гузаронида шуд!

Санаи 31.10.2018 маҳфили навбатии «Барномасозони ҷавон»-и Кафедраи илмҳои компютерии факултаи физика ва математика гузаронида шуд. Дар маҳфил дар мавзӯи «Стеганография ва намудҳои махфӣ намудани иттилоот» донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси информатика Ҳасанов Абдураҳмон, зери роҳбарии ассистент Ятимов Ҳ.Т. баромад намуд. Дар маҳфил мутахассиси раёсати илм ва инноватсия Раҳимова Қурбонбӣ, 8 нафар омӯзгорон ва 46 нафар донишҷӯёну магистрантони кафедра иштирок намуданд.

Ҳамчунин санаи 23.10.2018 семинари Кафедраи илмҳои компютерии факултаи физика ва математика гузаронида шуд. Дар семинар дар мавзӯи «Татбиқи имкониятҳои ТИК дар таълим ва омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ дар шароити низоми кредитии таҳсилот» мудири кафедраи илмҳои компютерӣ, н.и.п. Рафиев С.А. баромад намуд. Дар семинар мутахассиси раёсати илм ва инноватсия Раҳимова Қурбонбӣ, 18 нафар омӯзгорон ва 5 нафар магистрантони кафедра иштирок доштанд.


Back to the list