KGU

ТАШРИФИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН

ТАШРИФИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН 12.09.2018

ТАШРИФИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН

Рӯзи 12-уми сентябри соли ҷорӣ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдуғаффор ва Латифзода Рустам ба донишгоҳ ташриф оварданд. Меҳмонон дар толори фарҳангии донишгоҳ бо омӯзгорону донишҷӯён суҳбат ороста, дар мавзӯи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалҳои террористии ҷаҳони имрӯз суханронӣ карданд. Инчунин, дар бораи амали террористие, ки чанде пеш дар ноҳияи Данғара ба муқобили сайёҳони хориҷӣ сурат гирифта буд, сухан карда, ин амали нангинро маҳкум намуданд. Дар охир саволу ҷавоб миёни иштирокчиён ва вакилон сурат гирифт.


Back to the list