KGU

ТАМОШОИ ДАРСИ СУЛҲ ДАР ДОНИШГОҲ

ТАМОШОИ ДАРСИ СУЛҲ ДАР ДОНИШГОҲ 01.09.2018

ТАМОШОИ ДАРСИ СУЛҲ ДАР ДОНИШГОҲ

1-уми сентябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Синои пойтахт парда аз руйи муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино бардошта, дар таҷлили "Рӯзи дониш", дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино иштирок карданд. Соли 1939 Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ба фаъолият оғоз карда, соли 1992 баъди соҳибистиқлол гардидан, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишгоҳ табдил дода шудааст. Донишгоҳ 79 сол боз барои муассисаҳои тандурустии мамлакат мутахассис тайёр карда, пойгоҳи асосии таълимӣ, илмӣ-методии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Дар донишгоҳ 3 академик, 4 нафар узви вобастаи Академияи илмҳо ва илмҳои тиб, 83 нафар доктори илм, профессор, 229 нафар номзади илм, дотсентон ва 325 муаллими калон ва ассистентон фаъолият мекунанд. Донишгоҳ дар давраи фаъолияташ зиёда аз 42 ҳазор нафар табиб тайёр кардааст, аз ҷумла 1500 нафарашон шаҳрвандони хориҷӣ аз 36 давлати дунё мебошанд. Айни замон дар донишгоҳ 790 нафар муҳассилини хориҷӣ аз 13 мамлакат, аз қабили Ҳиндустон, Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, ӯзбекистон, Латвия, Озарбойҷон, Афғонистон, Яман, Дания ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка таҳсил доранд. Имсол бошад, тибқи квота донишҷуён аз Ҷумҳурии ӯзбекистон ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Дар сохтори донишгоҳ ҳамчунин 10 шуъба, 11 марказ, 11 шӯро ва 27 озмоишгоҳ бомуваффақият фаъолият карда истодааст. Дар сохтори донишгоҳ дар 10 соли охир 11 марказ, 5 шуъбаи алоҳида ва 1 озмоишгоҳ таъсис дода шудааст, ки самаранок гардидани раванди таҳсилот ва фаъолияти донишгоҳро таъмин менамоянд. 25 ноябри соли 2008 бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон биноҳои марказии донишгоҳ пас аз барқарорсозии баъдисӯхторӣ дубора ба истифода супурда шуд. Ҳамон рӯз баъди ба истифодадиҳии бинои навтаъмири Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Сарвари давлат бо шароити нави таълим дар донишгоҳ шинос шуда, бо устодону донишҷӯён мулоқоти самимӣ доир карданд. Баъди пардабардорӣ аз руи муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун анъанаи нек дар таҷлили "Рӯзи дониш", дарси сулҳ ва оғози соли нави таҳсил иштирок ва дар назди устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, аҳли зиёи кишвар ва кормандони соҳаҳои маорифу тандурустии ҷумҳурӣ бо нутқи пурмуҳтаво баромад карданд. Дарси сулҳи Пешвои миллатро дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳайати омӯзгорону донишҷӯён тамошо намуда, баъди анҷоми он дар атрофи мавзӯъҳои мубраме, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадашон қайд намуда буданд, баҳсу мунозира доир гардид.


Back to the list