KGU

МИЗИ МУДАВВАР дар мавзӯи “НЕРӮГОҲИ БАРҚИИ ОБИИ РОҒУН ИНШООТИ ТАҚДИРСОЗ”

МИЗИ МУДАВВАР дар мавзӯи “НЕРӮГОҲИ БАРҚИИ ОБИИ РОҒУН ИНШООТИ ТАҚДИРСОЗ” 09.11.2018

МИЗИ МУДАВВАР дар мавзӯи “НЕРӮГОҲИ БАРҚИИ ОБИИ РОҒУН ИНШООТИ ТАҚДИРСОЗ”

Санаи 09.11.2018 дар кафедраи иқтисод ва идораи факултаи молиявию иқтисодӣ мизи мудаввар дар мавзӯи “НЕРӯГОҲИ БАРҚИИ ОБИИ РОҒУН ИНШООТИ ТАҚДИРСОЗ” ва бахшида ба корандозии агрегати якуми НБО-и Роғун баргузор гардид. Тибқи барномаи чорабинӣ сухани ифтитоҳӣ ба ноиби ректор оида ба илм ва иноватсия номзади илмҳои филологӣ, дотсент, Худойдодова Шарофат Зардовна дода шуд. Мавсуф ҳайати омӯзгорони кафедраро барои ташкил намудани ин чорабинии илмӣ-сиёсӣ табрик гуфта, сипас оид ба сиёсати давлату ҳукумат дар самти ҳалли яке аз ҳадафҳои муҳими статегӣ-таъмини амнияти эенергетикӣ суханронӣ намуданд.

Сипас ноиби ректори оид ба тарбия номзади илмҳои педагогӣ Назаров Ҳотамшо баромад намуда, ташаббуси кафедраи иқтисод ва идораро дастгирӣ намуданд. Ҳамин тавр, тибқи барномаи мизи мудаввар декани факулта, номзади илмҳои иқтисодӣ Мирсаидов Муҳаммаднаим суханрони карда, ҳозиринро ба ин дастоварди давлати табрик гуфт. Баъдан мудири кафедара, муаллими калон Каҷқуллоев А.Ф. оид ба аҳамияти таърихи. Иқтисодии НБО Роғун, ассистенти кафедраи иқтисод ва идора Ҳокимов А. Дар самти таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва расидан ба рушди устувори иқтисодӣ ва молия Саидов П, дар мавзӯи НБО Роғун ояндаи дурахшони миллати тоҷик ва докторанти PhD-и кафедраи мазкур Мирзоев Қ. дар мавзӯи НБО Роғун пайвандгари Тоҷикистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ баромад намуданд.

Дар охир муҳокима ва музокироти маърузаҳио шунидашуда сурат гирифт. Инчунин баҳри болидахотирии донишҷӯён ва бозҳам хубтар ошно шудан ба рафти сохтмони иншооти бузурги аср ва таудирсози миллати тоҷик ҶСК НБО Роғун, навори видиоии кӯтоҳ аз ҷараёни рафти корҳои сохтмонӣ дар НБО Роғун намоиш дода шуд.


Back to the list