KGU

Озмуни ҷумҳуриявии драманависон

Озмуни ҷумҳуриявии драманависон 09.02.2019

Озмуни ҷумҳуриявии драманависон

Вазорати фарҳанг бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон

Озмуни ҷумҳуриявии драманависонро эълон кард.

 

     

 

           ДУШАНБЕ, 09.02.2019. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолиятьи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 2021 ҷашн гирифта мешавад, Озмуни ҷумҳуриявиии драманависонро эълон намуд. Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанг иттилоъ медиҳад, озмун аз 1 марти соли 2019 оғоз ёфта,  ҳадафи он дарёфти асарҳои беҳтарини драмавии муосир мебошад. Дар Вазорати фарҳанг гуфтанд, ки  асарҳо бояд то 1 августи соли 2019 дар се нусхаи чопи компютерӣ пешниҳод гарданд. «Асарҳои пешниҳодшаванда бояд мавзӯъҳои муосири таҷассумгари дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишварро дар замони истиқлолият дар бар гиранд», — тавзеҳ додааст Вазорат. Ин ниҳод таъкид кардааст, ки асарҳои бо забони русӣ ва узбакӣ таълифшуда бояд тарҷумаи таҳтуллафзӣ дошта бошанд. Асарҳои беҳтарин аз тариқи раъйдиҳии пӯшида муайян гардида, баҳои ниҳоиро ҳайати ҳакамони озмун муайян мекунанд. Ба иттилои Вазорати фарҳанг, асарҳои беҳтарин дар шакли маҷмӯа интишор меёбанд ва ба ҳамаи театрҳои ҷумҳурӣ дастрас карда мешаванд. Ғолибони  озмун барои ишғоли  ҷойи якум – 5 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм – 3 ҳазор сомонӣ ва ҷойи сеюм – 2 ҳазор сомонӣ  мукофот хоҳанд гирифт.


Back to the list