KGU

Об дар «Маснави маънавӣ»-и Ҷалолиддини Балхӣ

«Об » дар «Маснави маънавӣ»-и Ҷалолиддини Балхӣ

           Дар дунё касе инкор карда наметавонад, ки об дар ҳастии инсоният дурри гаронбаҳост. Зеро об ин худи ҳаёт аст, об –ин рушд, тараққиёт, пешрафт ва об ин ояндаи ободу осудаи наслҳои нав мебошад. Мову шумо вазифадорем, ки ба хотири амалӣ гаштани ҳамаи ин шиорҳо ҷидду ҷаҳди хешро дареғ надорем.

Эмомалӣ Раҳмон

 

         Об яке аз чаҳор унсури ба вуҷудоварандаи ҳаёт аст. Вожаи об дар фарҳангҳо ба маъниҳои моеи шаффофи беранг аз омезиши ҳидроген ва оксиген (Н2О), дарё, рӯд, ашк, сиришк, ҷило, бобиш, обрӯ, тобу равон ва ғайра шарҳ дода шудааст. Бе об дар замин ягон растанӣ, ҳайвонот ва мавҷудоти зинда вуҷуд дошта наметавонад. Аз миқдори зиёди обҳо танҳо 0,3% обҳои ширин дастраси одамон мебошад, вале захираҳои он адонашавандаанд. Об дар се ҳолат буда метавонад: моеъ, буғ ва гази маҳз. Ба туфайли ин хосияташ гардиши обҳо дар замин вуҷуд дорад.

Об оксиди ҳидроген Н2О пайвасти химиявии ҳидроген ва оксиген, қисми таркибии ландшафти замин буда, 71%-и масоҳати онро фаро гирифтааст. Таркиби об аз 11,19 % гидроген 88,81% оксиген иборат аст.

Об дар ҳаёти инсон ва умуман мавҷудот нақши асосӣ дорад. Бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳадати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон шудани соли 2003 «Соли оби тоза» даҳсолаи байналмилалии «Амалиёти об барои ҳаёт» барои солҳои 2005-2015 ва инчунин бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон ва ҷонибдорӣ намудани 193 давлати ҷаҳон дар бораи «Амалиёти об барои рушди устувор» қабул шуд.

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» низ аз ҷониби Пешвои миллат, дар рафти Форуми ҳафтуми ҷаҳонии об, ки моҳи апрели соли гузашта дар Ҷумҳурии Корея доир гардид, пешниҳод шуд. 22 декабри соли 2016 Маҷмааи Умумии СММ якдилона қатъномаро, ки ба барномаи сеюми байналмилалии «Об барои рушди устувор» оғоз мебахшад, қабул намуд.

         Чунон ки Пешвои миллат мефармоянд: Об унсури асосии муҳити зист ва умуман зиндагии инсон, омили муҳимтарини рушди устувор, ҳамчунон яке аз шартҳои зарурии рафъи камбизоатӣ мебошад.

         Дар «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолиддини Балхӣ ҳам масъалаи об борҳо ёдовар мешавад. Мавлоно қабл аз ҳама бузургӣ ва тавоноии қувваи обро таъкид намудааст:

Об коҳеро зи ҳомун мебарад,

Об кӯҳеро, аҷаб чун мебарад?!

(М.Фарҳанг, № 2, с.7)

Мусию Фиръавнро то рӯди Нил,

Мекашад бо лашкару ҷамъи сақил.

(М.Фарҳанг, № 2, с.7)

Ҳакими тавоно дар ҳикояти «Бозургон ва тӯтӣ» ба масал басо рамзӣ ишорае дорад:

Ташнагон гар об ҷӯянд аз ҷаҳон,

Об ҳам ҷӯяд ба олам ташнагон.

(М.Фарҳанг, № 2, с.17)

Дар ҳикояти «Таъйин кардани зан тариқи талаби рӯзи шӯйи худро ривоят мешавад», ки зани аъробие барои талаби рӯзӣ ба шӯйи худ таклиф мекунад, ки назди шоҳ рав ва талаби рӯзӣ кун! Шавҳар мегӯяд, ки бе баҳона сӯйи шоҳ чун меравем?

Зан мегӯяд, ки

Оби борон аст моро дар сабӯ,

Мулкату сармояву асбоби ту.

Ин сабӯи обро бардору рав,

Ҳадя созу пеши шоҳаншоҳ шав!

(М.Фарҳанг, № 4,с.7)

Ҷалолиддини Балхӣ дар ин ҳикояти рамзӣ ба масъалаи ҳаёти рӯизаминӣ низ ишора карда аз номи зан мегӯяд:

Гӯ, ки моро ғайри ин асбоб нест,

Дар мафоза ҳеҷ беҳ з-ин об нест.

(М.Фарҳанг, № 4,с.7)

Яъне дар биёбони беобу алаф аз об дида чизи қиматтаре нест.

         Дарвоқеъ, мамлакатҳое ҳастанд, ки сарвати бисёр доранд, вале оби софи нӯшиданӣ кам доранд. Мавлоно мегӯяд:

Гар хазонаш пур-зи дурри фохир аст,

Инчунин обаш набошад, нодир аст.

(М.Фарҳанг, № 4,с.7)

Мавлоно ба масъалаи покии об диққати махсус дода дар ин ҳикояти рамзӣ таъкид медорад, ки об ба саломатии инсон таъсири зиёде дорад, обҳои талху шӯр инсониятро ба касалӣ дучор мекунанд:

З-он ки ишон з-обҳои талху шӯр,
Доимо пуриллатанду нимкӯр.

(М.Фарҳанг, № 4, с.7)

Мурғ, к-об шӯр бошад масканаш,

Ӯ чӣ донад ҷойи оби рӯшанаш

Эй ки андар чашмаи шӯр аст ҷой,

Ту чӣ донӣ Шатту Ҷайҳуну Фурот.

(М.Фарҳанг, № 4, с.7)

         Бинобар ин, Мавлоно поку соф нигоҳ доштани обро таъкид кардааст:

Кӯзаи бо панҷ мулайи панҷ ҳис

Пок дор ин обро аз ҳар наҷис.

(М.Фарҳанг, № 4,с.7)

Дар ин ҳикояти рамзӣ Мавлоно имонияти ҳам поку озода нигоҳ доштани рӯҳу тан ва ҳам оби рӯизаминӣ ишора карда, борҳо ин масъаларо ба таъкид гӯшзад кардааст:

Чунки оби ҷумла ҳавзе аст пок,

Ҳар яке обе диҳад хуш завқнок,

В-ар дар он ҳавз оби шӯр асту палид.

Ҳар яке лӯла ҳамон орад падид,

З-он ки пайваст аст ҳар лӯла ба ҳавз,

Ҳавз чун дар маънии ин ҳарф ҳавз .     

(М.Фарҳанг, № 4,с.9)

Ҳамин тариқ, мавзӯи об дар осори чӣ классикон ва чӣ муосирон яке аз мавзӯъҳои асосӣ ба шумор меравад. Барои ҳаллу фасл ва баррасӣ намудани ин мавзӯъ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол мекунад ва бовар дорем, ки то соли 2028 ин мушкилот ҳалли худро меёбад.

 

 

Алиева Бахтинисо,

муаллими калони кафедраи забони тоҷикӣ