KGU

Об ҳамчун асос ва созгори дунёи ҳастӣ

Ибодов М.О. 
доктори илми фалсафа, профессор 

 ОБ ҲАМЧУН АСОС ВА СОЗГОРИ ДУНЁИ ҲАСТӢ 

(Ба даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028» пешниҳод мегардад). 

      Дар фалсфа нуқтаи шурeъ ба баррасии ин мавзeъ аз пайдоиши Олам, системаи Офтобӣ ва сайёраи Замин оғоз мегардад. Омeзиши раванди инкишофи иҷтимоӣ-таърихӣ нишон медиҳад, ки дар тули асрҳои зиёд масъалаи об асоси зиндагии ҳамаи мавҷудоти олам майдони муҳокимаҳо ва баҳсу мунозираҳои тарафҳои гуногун буд. Дар охири асри VII ва ибтидои асри VI-и пеш аз мелод яке аз файласуфони намоёни Юнони қадим Фалес, ки ба маданияти Шарқ ошноӣ дошт обро асос, мабдаи асосии пайдоиши олам шуморида буд. Фалсафаи чорвакҳо, ки таълимоти материалистии ҳинди бостон ба шумор меравад, чор унсур: об, хок, оташ ҳаворо ҳамчун асоси моддии олам эътироф намудааст. Баъдан ҳурмати об ҳамчун неъмати бебаҳо дар китобҳои муқаддаси «Инҷил», «Қуръони Маҷид» борҳо таъкид шудааст. Аз ҷумла, дар «Қуръони Маҷид», сураи «Воқеъа» (56), ояти (69) омадааст: «Оё боре фикр кардед дар бораи оби (ширину зулол), ки меошомед онро?» Паёмбари бузург Расули Акрам гуфтааст: «Об ҳақиқатан поккунанда ва асоси ҳастист, ки чизе онро наҷис нагардонад». Абуалӣ Ибни Сино фармудаанд: «Дар басоит табиат ҳамон сурат аст, чунон ки табиати об ҳамон моҳиятест, ки об ба воситаи он об аст, валекин ба эътиборе табиат аст, ва ба эътиборе сурат ба ин маънӣ, ки агар нисбат ба ҳаракатҳою фелҳое, ки аз ӯ сар мезананд, мулоҳиза шавад, онро табиат гӯянд ва агар ба осору ҳаракатҳое, ки аз ӯ содир мешавад, таваҷҷуҳ набошад ва назар ба ин бошад, ки навъи об аз он қавом гирифтааст, онро «сурат» хонанд…» ва ғайра. Баъдан дар асри ХVII тавассути инқилобҳои илмӣ ва пайдо шудани илми дунявӣ маълум гардид, ки сайёраи Замин дар системаи (галактикаи) Офтобӣ вуҷуд дорад (Коперник ва Галилей). Замин сайёраи сеюми системаи Офтобӣ буда, дар он аввалин шуда ҳаёт дар об пайдо шуд, баъдан тавассути таҳаввулот инкишоф ёфта, то пайдо шудани одами ҳозиразамон (Homo sapiens) омада расидааст. Мутобиқи маълумотҳои илми табиатшиносӣ қабатҳои асосии Заминро литосфера, атмосфера, гидросфера (обкурра) ва биосфера ташкил додаанд. Ба мавзeи мо қабати гидросфера (обкурра)-и замин вобастагии бевосита дорад. Аз ин хотир мо ба баррасии он мегузарем . Гидросфера (обкурра) – қабати обии курраи Замин аст, ки кулли обҳои рeи замин ва зеризаминиро дар бар гирифтааст. Мутобиқи маълумотҳои СММ 90% гидросфераро обҳои баҳру уқёнусҳо ва танҳо 2%- обҳои зеризаминӣ, 2%-барфу ях ва 0,2% обҳои рeи замин фаро гирифтаанд. Дар курраи Замин принсипи гардиши об вуҷуд дорад, ки мутобиқи он гардиши об асосан, аз сатҳи уқёнусҳо оғоз ёфта, тавассути энергияи офтоб бухор гашта, ба масофаҳои дур паҳн мегардад. Он, сипас дар шакли боришот ва барф ба Замин рехта, боз тавассути дарёҳо ва обҳои зеризаминӣ ба уқёнусҳо, баҳрҳо ва баъзе кулҳо бар мегардад. Чунон ки дар боло ишора шуд, дар системаи Офтобӣ аввалин шуда дар сайёраи Замин тахминан 4 млрд сол қабл ҳаёт ва наздикии 4 млн сол пеш одам пайдо шудааст. Аз рeи маълумотҳои илми муосир одам шакли махсуси вуҷудият, зинаи олии таҳаввулоти мавҷудоти зинда дар рeи замин, намуди биологии иҷтимоишуда мебошад. Одам мавҷудоти зинда ва қисми ҷудонашавандаи табиат аст, ки тавассути омилҳои таҳаввулотӣ ва таърихӣ-иҷтимоӣ, аз зиндагии ҳайвонӣ ба зиндагии хоссаи инсонӣ антропосотсиогенез гузаштааст. Дар ин зина, ки иҷтимоишавӣ номида шудааст, меҳнат меъёри марказии фаъолияти инсон гардида буд. Дар рафти антропосотсиогенез предметкунонии меҳнати инсон (иҷтимоишавии инсон) оғоз гардида, аз як насл ба насли дигар дар шакли меросияти иҷтимоӣ-маданӣ гузашта, ба пайдоиши ҷамоаи ибтидоӣ оварда мерасонад. Одамони ҷамъияти ибтидоӣ асосан шикорчӣ номида шудаанд, чунки онҳо барои зинда мондани худ, асосан бо шикор ва ҷамоварии озуқаҳои тайёри табиӣ машғул буданду бас. Дар байни онҳо ва табиат ягонагии ҷудонашавандаи органикӣ (гомеостаз) ҷой дошт, ки гомеостаз номида шудааст. Дар доираи талаботхои гомеостаз фаъолияти одамон ба табиат ва гардишҳои биологии он зиён намерасонданд. Баъдан дар раванди инкишофи таърихӣ-иҷтимоӣ тамаддунҳои қадими мутараққии Миср, Чин, ҳинд, Эрон ва ғайраҳо ба шаҳрҳои калон пайдо шуданд. ҳамзамон нуфузи аҳолӣ дар курраи Замин рe ба афзоиш овард. Тақрибан 200 сол қабл давраи истеҳсолоти саноатӣ оғоз гардид, ки баъдан курраи нав бо номи техносфераро бавуҷуд овард. Акнун марҳалаи зиёнрасонии инсон ба муҳити зист ва гардишҳои табиат дар миқёси курраи замин ҷараён гирифта то имрeз идома дорад. Аз ҷумла, имрeз тағйирёбии физикӣ ва кимёвии хок, қишри ҳавоии замин, обу хушкиҳои табиӣ, соҳили баҳру уқёнусҳо, нарасидани оби ошомиданӣ ва ғайраҳо дар зери таъсири омили антропогенӣ (фаъолияти одам) бо суръат идома дорад. Махсусан проблемаи норасоии оби ошомиданӣ дар сайёраи Замин сол то сол вазнинтар шуда истодааст, ки сабаби асосии он зиёдшавии нуфузи аҳолӣ, истифодабарии бемасъулиятонаи об барои истеҳсолот ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷамоаи башарӣ, дигаргуншавии глобалии боду ҳаво ва сабабҳои дигар ба шумор мераванд. Мутобиқи маълумотҳои СММ имрӯз 1,5 млрд аҳолии курраи Замин имконияти дастрас намудани оби тозаи ошомиданиро надоранд. ҳар сол дар ҷаҳон 8 млн нафар аҳолӣ, аз он ҷумла 2 млн нафар кeдакон аз ошомидани обҳои ифлос нобуд мешаванд. То соли 2025 зиёда аз 50% давлатҳои ҷаҳон нарасидани обро эҳсос хоҳанд кард. Проблемаи норасоии об бештар дар мамлакатҳои Балкан, Миср, Арабистони Саудӣ, Мароккаш, Покистон, Африқои Ҷанубӣ, Алҷазоир ва дигарҳо боз вазнинтар шуда истодааст. Ҳоло дар ҷаҳон як зумра одамон аз нӯшидани оби ифлос ва бисёртар аз истеъмоли оби заҳролудшуда мефавтанд. Агар онро муқоиса кунем, ин миқдор ба фавтидагоне, ки аз касалиҳои СПИД, ҷангҳои байни давлатҳо ва дохили давлатҳо, гуруснагӣ баробар мебошад. Проблемаи оби ошомиданӣ боз вазнинтар шуда истодааст, ки сабаби асосии он изофашудани истифодабарии он аз тарафи худи аҳолӣ, зиёдшавии табиии миқдори (нуфуси) худи аҳолӣ, дигаргуншавии глобалии боду ҳаво ва сабабҳои дигар шуда истодаанд. Ин мушкилот ба ҳолатҳои нооромии муносибатҳои 300 давлатҳои гуногуни ҷаҳон оварда расонидааст. Дар 50 соли гузаштаи охир вобаста ба масъалаҳои истифодабарии об 500 ҳодисаҳои ҷанҷолии байни давлатҳои боҳамдигар ҳамсоя ба миён омадааст. Аз ин шумора, дар байни 20 давлати ҳамсоя ҳолатҳои ҷангӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад фонди давлатии об дар маҷмӯъ ҳамаи объектҳои об ва захираҳои оби дар онҳо ҷамъ шуда, заминаҳои ишғолкардаи онҳо минтақаҳо ва қитъаҳои ҳифзи обро дар бар мегирад. Ба объектҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дарёҳо, кулҳо, пиряхҳо, барфтӯдаҳо ва сарчашмаҳои дигари рӯизаминӣ, инчунин минтақаҳои ҷамъшавии обҳои зеризаминӣ, аз ҷумла обҳои табобатию маъдан ва гарми зеризаминии дар ҳудуди он қарор дошта мансуб мебошанд. Мутобиқи принсипи тақсимоти обие, ки бо қарори Шӯрои илмӣ техники Вазорати оби собиқ СССР, Тоҷикистон ҳақ дошт, ки обро ба таври зайл истифода барад: - аз Сирдарё – 72% (прот. №417 аз 07. 02. 1984); - Амударё 15,17% (прот. №566 аз 12.03.1987). ба ҳисоби мийнаи солонаи оби Сирдарё 37,14км3 ва Амударё 76,46км3 мебошад. Дар амал Тоҷикистон фақат 11,5км3 обро истифода бурда метавонисту бас. Ҳоло бошад, мо ҳар сол 3,0 км3 обро истифода бурда наметавонем ва онро давлатҳои поёнӣ Узбекистон, Тркманистон ва Қазоқистон истифода мебаранд. Чунонки аз гуфтаҳои боло бармеояд, имрӯз норасогии об дар сайёраи Замин ба яке аз проблемаҳои ҳалталаби ҷаҳони муосир табдил ёфтааст. Маҳз оиди проблемаи мазкур Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари СММ ва дигар форумҳои байналмилалӣ борҳо баромад намуда, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба масоили нарасидани об ҳамчун мушкилоти глобалӣ барои инсоният ҷалб намудааст. Маҳз бо талошҳои пайвастаи e соли 2003 «Соли оби тоза» ва солҳои 2005-2015 даҳсолаи байналмилалии «Амалиёти об барои ҳаёт» барои сокинони кулли сайёраи Замин эълон гардида буд. Ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об дар солҳои 2015-2016 низ идома ёфтанд. Аз ҷумла, 9-11 августи соли 2016 дар шаҳри Душанбе Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳадафи шашуми рушди устувор таҳти унвони «Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт» баргузор гардид. Дар кори конфронси мазкур зиёда аз 700 намояндагони воломақом аз 90 кишвари олам, 47 ташкилоти байналмилалӣ ва минтақавӣ иштирок доштанд. Дар расми ифтитоҳи он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуд. Зимни суханронии хеш Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муҳимияти ҳадафи шашуми рушди устувор, ки ба масъалаи таъмин намудани дастрасии ҳамагонӣ ба об ва беҳдошт бахшида шудааст, ибрози назар карда таъкид намуданд, ки ин ҳадаф, дар баробари таъмин намудани дастрасӣ ба оби ошомиданӣ ва беҳдошт, масъалаҳои сифати об, самаранокии истифодаи он, пиёдасозии мудирияти муштараки захираҳои об, ҳифзи гидросфера (обкурра), инчунин тавсияи ҳамкорӣ ва ҳамёрӣ дар соҳаи обро дар бар мегирад. ҳамчунин ҷомеаи ҷахониро даъват намуд, ки барои ҳалли масоили марбут ба ин мушкилот ҳамкорӣ ба муколамаи созандаи байни давлатиро пеша намоянд. Сардори давлат, ҳамчунин изҳор дошт, ки дар оғози соли 2016 бо ташаббуси Созмони Миллали Муттаҳид ва Бонки ҷаҳонӣ Панели сатҳи баланд оид ба масалаҳои об бо шумули роҳбарони даҳ кишвари аъзои СММ, аз ҷумла Тоҷикистон, таъсис ёфтааст, ки минбаъд барои дарёфти роҳҳои ҳалли масоили мубрами глобалӣ дар соҳаи об нақши муҳим хоҳад гузошт . Баъдан дар доираи Симпозиуми байналмилалӣ ҷаласаи чоруми мушовирони махсуси Панели сатҳи баланд оид ба масоили об баргузор гардид, ки дар он масъала оид ба Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» баррасӣ ва барои хулосабарорӣ ба Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид пешниҳод гардид. 22 декабри соли 2016 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ хабари шодбошии зеринро ба вакилон ва сокинони кишвар бо ифтихори баланд расониданд: «Субҳи имрeз раиси Маҷлиси Умумии Созмони Миллали Муттаҳид ҷаноби Питер Томсон бо номи роҳбари давлат ва мардуми Тоҷикистон оиди эълон гардидани даҳсолаи нави байналмилалии «Об барои рушди устувор» барқияи табрикӣ ирсол кард. Ва ман низ мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҷомеаи байналмилалиро ба муносибати қабули ин ташаббуси муҳим самимона табрик мегeям». ҳамин тавр, боиси ифтихор ва сарфарозии мардуми шарифи Тоҷикистон аст, ки имрeз кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун ташаббускор ва пешсафи фаъоли ҳалли масъалаи глобалии норасоии об дар сайёраи Замин эътироф гардиааст. Тоҷикистон дар ҷанубу шарқии Осиёи Миёна ҷой гирифтааст, масоҳати умумии он 142,6 ҳаз.км мураббаъро ташкил медиҳад. Тоҷикистон дар ғарб ва шимол бо Ҷумҳурии Узбекистон -910км, Қирғизистон -630км, дар ҷануб бо Афғонистон -1030км, дар шарқ бо Чин -430км ҳамсарҳад мебошад. Дарозии умумии сарҳади байни давлатҳои ҶТ 3000км мебошад. Тоҷикистон мамлакати кӯҳсор аст, ки баландии мутлақи куҳҳои он аз 300 то 7495 метр мерасад, 93% масоҳати онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, ки онҳо ба силсилакӯҳҳои баландтарини Осиёи Миёна Тян-Шан ва Помир таалуқ дорад. Иқлими Тоҷикистон хушк аст. Дар моҳи январ ҳарорати ҳаво аз +22 (дар ноҳияи Панҷ) то -610 (дар кӯл Булункӯл) то +490 дар моҳи июл (дар ноҳияи Панҷ) тағиир меёбад. Аз ҷиҳати захираи об Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни мамлакатҳои ИДМ баъди Русия, ҷои дуюмро ишғол мекунад. Манбаи асосии об пиряхҳо мебошанд. Системаи бузургтарини пиряхҳо Помир мебошад, ки масоҳати яхбандии он ҳудуди ИДМ ба 8040км мураббаъ мерасад. Дар кӯҳистони Бадахшон 1045 пирях ба қайд гирифта шудааст. Пиряхҳо ин – Федченко 651,7км2, Гурум Грҷимайло 143км2, Гармо 114,6км2 ва ғайраҳо мебошанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кӯл бой аст. Сатҳи обии онҳо 1005км мураббаъро ишғол менамояд, ки тақнибан ба 1 фоизи ҳудуди Ҷумҳури баробар аст. Масоҳати 22 кӯл 625км мебошад. Фонди давлатии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмӯъ ҳамаи объектҳои об ва захираҳои оби дар онҳо ҷамъ шуда, заминаҳои ишғолкардаи онҳо минтақаҳо ва қитъаҳои ҳифзи обро дар бар мегирад. Ба объектҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дарёҳо, кулҳо, пиряхҳо, барфтӯдаҳо ва сарчашмаҳои дигари рӯизаминӣ, инчунин минтақаҳои ҷамъшавии обҳои зеризаминӣ, аз ҷумла обҳои табобатию маъдан ва гарми зеризаминии дар ҳудуди он қарор дошта мансуб мебошанд. Мутобиқи принсипи тақсимоти обие, ки бо қарори Шӯрои илмӣ техники Вазорати би СССР, Тоҷикистон ҳақ дорад, ки обро инқадар истифода барад: - аз Сирдарё – 72% (прот. №417 аз 07. 02. 1984); - Амударё 15,17% (прот. №566 аз 12.03.1987). ба ҳисоби мийнаи солонаи оби Сирдарё 37,14км3 ва Амударё 76,46км3 мебошад. Дар амал Тоҷикистон фақат 11,5км3 обро истифода бурда метавонад. Ҳар сол 3,0км3 обро истифода бурда наметавонем ва онро давлатҳои поёнӣ Узбекистон, Тркманистон ва Қазоқистон истифода мебаранд Мо, сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз бой будани Ватани азизамон аз неъмати худододи он – об бояд бифахрем. Ҳамчунин ифтихор аз он дорем, ки аз Тоҷикистон дарёҳои Сир, Вахш, Зарафшон, Варзоб, Кофарниҳон, Панҷ ҷорӣ мешаванд, ки онҳо на танҳо Тоҷикистон, балки мамлакатҳои ҳамсоя Узбекистону Туркманистонро шодоб мегардонанд. Аз ин хотир, мо бояд ба қадри оби поки Ватан чун асос ва созгори дунёи ҳастӣ бирасем, нагузорем, ки нохалафе ин мeъҷизоти бузургро ифлос гардонад, ё ягон амали носазоеро нисбати он раво бинад. 

Адабиёт: 

1. Паёми Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. ш. Душанбе аз 22. 12. 2016 

2. Аристотель Метафизика. Кн. 1, гл. 3. –М., 1975 

3. Ибодов М.О. Идеяи таҳаввулотгароии глобалӣ ва принсипи антропӣ дар фалсафаи илм Паёми ДДК 2015 (2) саҳ 10 

4. Ибодов М.О. Научная картина мира как философско-методологическая проблема Вестник КГУ Куляб 2013 1-2 (8-9) С. 7-8 

5. Комилов Р.С, Назаров М.А Фалсафаи илм. – Душанбе 2008. 

6. Комилов Р.С. Назаров М.А. Таърихи фалсафа. Душанбе 2011 

7. Муҳаммад Рашшод Фалсафа аз оғози таърих. –Душанбе, «Ирфон», 2002 Ҷ. 3. 

8. Саид Н.С., Назаров М.А. Фалсафа ва методологияи илм. – Душанбе, 2016