KGU

ЧАКАН-ГАНҶЕ АЗ ГАНҶИНАИ МИЛЛАТ

6a5b0fc5d036ac4cf619047aaa4fee10.jpg


  




     Калимаи «чакан» аз калимаи русии «чеканка» гирифта шуда, маънояш кандакорӣ дар чӯбу оҳан аст. Гузаштагони мо, ба хусус, занҳо ин санъати бадеиро бо мурури замон ба рӯйи матоъ кучонидаанд. Имрӯз бошад, «чакан» ба маънои «гулдӯзӣ» истифода мешавад, ки сирф моли тоҷикон, ба хусус, таҳҷоиёни Кӯлоб аст. Дар бораи маъниҳои гулу косагулҳои куртаву тоқиҳои чаканӣ олимони санъатшинос бисёр гуфтаанд. Новобаста, аз шакли гулҳои чаканӣ, ҷо ба ҷогузории онҳо дар матоъ ва интихоби ранги гулҳо дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон мундариҷаи чакан ва рамзҳои он коста намешавад. Ин ҷо умумияти психологӣ ва санъатшиносии сокинони минтақаҳои тоҷикистонро эҳсос кардан мумкин аст. Яъне, санъати бадеӣ, аз ҷумла, гулдӯзиҳои чаканӣ дар тарбияи эстетикии мардум нақши муҳим бозида, метавонад, дар муттаҳидии фикрии сокинони кишвар таъсири мусбӣ расонад.

Аз ин лиҳоз ҳамчун мероси ғайримоддии фарҳангии ЮНЕСКО пазируфта шудани чакан барои мо соҳибони он боиси шодию сурур ва тантана аст.

images.jpg

   Албатта, дар ин кори хайр азму талошҳои Пешвои миллат-Асосгузори сулҳу  ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле зиёд ба назар мерасад. Зеро Пешвои муаззами миллат хеле хуб медонанд ва пайваста таъкид мекунанд, ки миллати тоҷик соҳиби таърихи куҳан, маданияти бой, адабу ҳунари нотакрор аст ва тарғиби ин ганҷинаи миллӣ боиси ифтихори сокинони Тоҷикистон ва кулли форсизабонони дунёст.

Пас, мо меросбарони ин фарҳангу тамаддунро лозим аст, ки ифтихороти миллии худро нигоҳ дошта, дар ташаккул ва шиносондани он ба ҷаҳониён кӯшиш ба харҷ диҳем.

Ин  паём ва шодию сусур муборак бошад, ҳамдиёрон!

 

Нусратулло Шамолов
мутахассиси шуъбаи тарбия