KGU

Минбари донишҷӯ

БЕҲТАРИН ДӮСТ

Иқболшо
Иқболшо НАБИЕВ,
донишҷӯи соли 1-уми факултаи молиявию иқтисодӣ

Дар ин замона дӯсти хуб ёфтан мушкил аст. Одамро ба ҳар роҳ дӯст мебарад. Дӯсти бад, зинокор, шаробнӯш, дӯзд, роҳзан ва фасод кӯшиш мекунад, ки туро ба роҳи худаш барад. Дӯсти хуб агар кори бадатро бинад ё шунавад, туро ҳарфи дағал мегӯяд, чунки вай намехоҳад, ки ту ба роҳи бад равӣ. Дӯсти хуб туро ба накӯкорӣ, ба хондан, ва ба кори хуб равона месозад. Дар ин замон дӯсти хуб ёфтан душвор аст. Ба фикри ман беҳтарин дӯсте, ки дар ҳама пастиву баландӣ, дар шодиву ғамгиниат дар паҳлуи ту аст, ин падар мебошад, чунки ҳеҷ падар намехоҳад, ки писари вайро касе лаънат хонад ва ҳеҷ гоҳ намегузорад, ки писараш ба роҳи бад равад. Агар кори бадатро бинад, туро ҳарфҳои ношоям мегӯяд, аммо он ҳарфҳоро барои хубиат мегӯяд. Ман беҳтарин дӯсти хуб ҷонӣ падарамро медонам.


ҶАВОНОН - ХАЗИНАИ ТИЛЛОИ ДАВЛАТ

Абдулло.png

Абдулло ШАРИПОВ,
донишҷӯи соли 1-уми факултаи физика ва математика


Созандагию ободкории миллату давлат дар 
дасти ҷавонон аст ва ҷавонон ояндаи имрӯзу фардои
 давлату миллат мебошанд. 
Эмомалӣ Раҳмон

Ҷумҳурии соҳибистиқлоламон - Тоҷикистон дар роҳи сохтани ҷомеаи демократи, ҳуқуқбунёд ва дуняви қарор дорад. Муҳим тарин василаи баланд бардоштани эҳсоси ватандӯсти ва тарбияи ватанпарастии ҷавонон ягона роҳе мебошад, ки баҳри баланд бардоштани фарҳанги маънавию сиёси, маърифати ҳуқуқӣ ва омузиши таърихи пурғано ва тимиллати худ ба ҳисоб рафта дар расидан ба мақсадҳои нек моро кумак мерасонад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати давлати ҷавононро яке аз рукунҳои авалиндараҷаи сиёсати ҳукумат шуморида ҳамеша таъкид менамояд: «Ҷавонон неруи фаъолу боғайрат қувваи созанда ва пешбарандаи ҷомеаи мо мебошанд. Онҳоро хуб тарбия карда ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят кардан вазифаи ҳамаи аъзои ҷомеа мебошад.»

     Ҷавонон қувваи бӯзург ҳастанд ва ҳар миллат дар ҳар давру замон ба ҷавонони худ такия мекунанд. Ҷумҳурии мо воқеан ҳам ҷавон аст. Сини миёнаи аҳолии ҷумҳури ба 25 сол баробар мебошад. Яъне аксарияти кӯли аҳоли Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ ҷавонони имрӯзи кишвар аз шаҳди даврони истиқлол ва сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдатимилӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон ба камол расида қарор доранд.

     Ҳукумати ҶумҳуриТоҷикистонба ташаббусу пешниҳодҳои созандаи ҷавононро дастгири намуда, барои амали гардонидани он шароити муҳим фароҳам меоварад.

     Мо, ҷавононро мебояд дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллатро ҳамарӯза сармашқи кору пайкори худ намуда баҳри ҳифзи Ватани азизамон кушиш намуда, бар зури ҳар гунна зуҳуроти номатлуби ҷомеа мубориза баранд.


УСТОД ОФТОБИ ЗИНДАГОНИСТ!

Навруз

Наврӯз ШАРИФОВ,
донишҷӯи соли 1-уми факултаи физика ва математика

Устод агар набошад, ақле ба сар набошад,

Дар боғи зиндагонӣ, гарди самар набошад.

Бе роҳнамою роҳбар, дар ин ҷаҳони бесар,

Пои равон набошад, нури басар набошад.

Ҳар киро дар зиндангӣ устодест. Имрӯз муаллим духтур, ронанда ва коргару бофанда ҳама устодону шогирдони худро доранд. Ҳамаро дар ҳаёт касе омӯзонидааст. Ягон кору амал, пешравию афзалият, бурду бохт бе заҳмат ба даст намеояд. Бе машаққату қадршиносии устоде ба авҷи аълое намерасем. Инсон даме ки чашм ба олами ҳастӣ мекушояд, албатта бо як ҳусну истеъдоди Худовандӣ тавлид мешаванд, аммо худ танҳо бесарварӣ, бе роҳнишондиҳӣ ва бе устоде соҳиби мақому мартабае шуда наметавонад.

Ватқе калимаи устодро ба забон меорем, бевосита пеши назарамон симои шахсияти нотакрор падидор мегардад. Устод касест, ки дар симои ӯ кас омӯзанидани хама гуна роҳу равиш, кору фаъолият ва ҷамъи ҳунару истеъдодро дидан мумкин аст. Ба ибораи дигар мо метавонем устодро мураббӣ ва роҳнамои кулли короҳои хайр бигӯем, зеро гуфтаанд: Ҳар шахс метавонад аз таҷрибаи бузурги ҳаёташ кору фаъолиятеро ба касе омӯзад. Шогирдонро низ лозим меояд, ки аз заҳматҳои устодони хеш бохабар бошанд, онҳоро қадршиносӣ карда тавонанд, зеро бе заҳмати зиёди устодон ягон шогирд ба ҷое расида наметавонад. Обрӯи шогирдони болаёқат обрӯи устоди онҳост. Агар барои қабои сабз ба бар намудани замин баҳор лозим бошад, пас барои сабз гаштани дониши инсон устод рамзи баҳор аст. Оре, бе устод кас наметавонад аз доираи тафаккури маҳдуд берун гашта, оламу одамро дарк намояд. 

БА ПЕШВОИ МИЛЛАТ 

Манучер

Манучеҳр ЛАТИФОВ,
донишҷўи соли 2-уми факултаи физика ва математика

                                     Бо ту доим менамоем ифтихор,

                                     Сарвари фарзонаю бо нангу ор.

                                    Дар замоне, ки ҳама аз бими ҷанг,

                                   Рафта буд мардум ба ҳар кунҷу канор.

Омадӣ чун Рустаме баҳри набард,

Муттаҳид намудӣ халқи тору мор.

Дар ҳақиқат қаҳрамонӣ кардаӣ,

Каҳрамоне нест мислат ҷоннисор.

Сулҳ овардӣ ту эй Раҳмон ба мо,

Миллати тоҷик бишуд овозадор.

Пешвои ҷумла тоҷик дар ҷаҳон,

Эй Худо умрат диҳад беш аз ҳазор . 

DON'T WASTE TIME



Мирчалол.pngMirjalol NORMATOV, 
3rd - year of faculty of foreign philologi

Warren Buffet once said " The more you learn, the more you earn " That's so true. Look at the successful people like Bill Gates, Steve Jobs, Elon Musk, Mark Cuban and any other highly successful people. They are successful, because they use their time right. They are successful, because they are lifetime learners. They commit to learning new things every single day. Warren Buffet one of the wealthiest human on the planet. He's famous for reading more than 5 hour every day. Bill Gates reads one book per week. Mark Cuban 3 hours a day. Successful people never stop learning. Think about this. You have $86 400 to spend every single day, but when the day is over the money disappears. You can't get it back. Wouldn't you try to spend all of the money before it disappears? Wouldn't you try to use it wisely? Use it as best you could. The sad part is we only have 86 400 seconds in a day and most people take this time for granted. Most people let this time disappear without a second thought. We never get this time back. We must use it wisely! We must be productive. We must use our time to do things we enjoy or use it to set up our life , so we can spend our future doing more things. We want to do instead of wasting our time on meaning less things use it to learn new things. The time you spend playing video games or partying with your friends will never come back. Once you use that time it's gone forever. Use your time wisely! Read books, study hard and learn as much as you can. Most people give up on their dreams because it gets too hard. A lot of students stop chasing their dreams because of one failed test. Matter of fact most students don't even try their best when they take the test. They stop believing in themselves and once the believe is killed , the dream is killed. If you have a dream. You must do everything to make it into reality. It doesn't matter how many times you fail a test. Never stop believing in yourself. Life itself is a test. Sometimes you will fail but the only way can be a failure is if you stop trying. Whatever dream you have use all your energy to make it into reality. Success is not about the money, the fame or a big house. It is about becoming. The Best Version of Yourself ?

ЗАБОН ПОЙДЕВОРИ МИЛЛАТ

НАЗРБӢ.png

Назрбӣ БАРОТОВА,

донишҷўи соли 3-юми факултаи таърих,ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ

Забон воситаи муомилот ва муоширати одамон аст. Донистани ин ё он забон ба кас имконият медиҳад, ки аз бурду бохт, вазъят ва камбудию талаботи рӯзмараи ҳаёт огоҳ гардад. Донистани забони хориҷӣ донистани воқеияти ҳаёти миллати дигар ва кули дигаргуниҳои олам аст. Барои омӯхтани забони дигар мо бояд, пеш аз ҳама забони модарии хешро ба хубӣ донем. Озодона ҳамаи соҳаҳои ҳаёти худро омӯхта аз худ намоем.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба манзалати забони модарӣ чунин гуфтаанд: "Миллате, ки арзишҳои миллии хешро қадр карда наметавонад, қимату манзалати забони миллати ғайраро низ эътироф карда наметавонад".

Аз ин рӯ, бисёр мебояд ҷаҳд намуд, ки забони миллати хешро ба пуррагӣ аз худ кунем. Дар қатори омӯхтани забони хеш мо бояд дигар забонҳоро низ биомӯзем. Дар мавриди омӯхтани забони дигар кас метавонад бе ягон душворӣ ба ин ё он забон гуфтугӯ намояд. Рӯзномаву маҷалла ва ахбори он миллатро ба хубӣ аз худ кунад. Ё худ ҳангоми мусофират ё сафар ба монеаву душвориҳо рӯбарӯ нагардем. Сарбаланду ифтихорманд аст, фарде ки донандаи чандин забон аст. 

1     2     3     4     5