KGU

Ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия

Ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия

Рафиев Сафархон

 Рафиев Сафархон Аюбович 14-уми ноябри соли 1983 дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст.

Баъди хатми мактаби миёна, соли 2006 факултаи математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро аз рӯи ихтисоси муҳандис-барномасоз бо дипломи аъло хатм намудааст. Солҳои 2005-2008 раиси созмони ҷавонони донишгоҳ, солҳои 2008-2010 cармутахассиси бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Кӯлоб кору фаъолият намудааст.

Солҳои 2009-2012 ҷиҳати пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун аспирант таҳсил намудааст. Солҳои 2006-2010 омӯзгори фанни технологияи иттилоотии Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, солҳои 2011-2012 директори маркази фарҳангии ҷавонони шаҳри Кӯлоб, аз моҳи феврал то сентябри соли 2013 ба ҳайси сардори маркази бақайдгирӣ ва иттилоотии низоми кредитии таҳсилот, солҳои 2013-2015 сардори раёсати таълими Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, солҳои 2015-2019 мудири кафедраи илмҳои компютерии донишгоҳи номбурда кору фаъолият намудааст.

Бо фармоиши вазири маориф ва илми ҶТ аз 25.02.2019, №1076 ба вазифаи муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ таъйин гардидааст.  

Соли 2017 рисолаи номзадиаашро дар мавзӯи «Комплексный подход к внедрению информационно-коммуникационных технологий обучения математике в вузах Таджикистана» аз рӯи ихтисоси 13-00-08 – “Назария ва методикаи таҳсилоти касбӣ” дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо муваффақият ҳимоя намудааст. Муаллифи 16 мақолаи илмӣ ва 1 монография мебошад.

Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.

Сафарҳои хориҷӣ:

1. Аз 25.02.2018 то 03.03.2018 ба шаҳри Мордовияи Федератсия Россия дар доираи лоиҳаи байналмиллалӣ (EXTEND – “Бартарӣ дар таълимоти муҳандисӣ тавассути омӯзиши муаллимон ва роҳандозии усулҳои нави педагогӣ дар Россия ва Тоҷикистон”);

2. Аз 09.03.2019 то 18.03.2019 ба шаҳри Ригаи Ҷумҳурии Латвия ҷиҳати иштирок дар вохурии навбатии лоиҳаи EXTEND. 

Телефони корӣ: (+992 3322) 2-35-07 
Мобилӣ: (+992) 918579447
E-mail:   noib-ilm@kgu.tj