KGU

Ноиби ректор оид ба таълим

Ноиби ректор оид ба таълим

noibtalimd.pngНоиби ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабудуллоҳи Рӯдакӣ оид ба таълим Холиқов Сафар Сайфиддинович 1-уми октябри соли 1957 дар ноҳияи Кӯлоб ба дунё омадааст. Соли 1975 мактаби таҳсилоти умумии №12-и ноҳияи Кӯлобро бо баҳои аъло хатм намуда, ҳамин сол ҳуҷҷатҳояшонро ба факултаи химияи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон супорид ва онро соли 1980  бо муваффақият хатм намуда, бо роҳхати Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ба мактаби таҳсилоти умумии №6 шаҳри Кӯлоб ба кор сафарбар карда шуд. Соли 1993 ӯро ҳамчун мутахассиси варзидаи кимиё ба кафедраи кимиёи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба кор даъват намуданд.

Соли 1994 ба аспирантураи Иниститути химияи Академияи Улуми Тоҷикистон дохил шуд. Соли 2001 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Таъсири байниҳамдигарии металлҳои ишқорӣ бо хлориди алюминий ва ҳосил кардани гидриди алюминий бо усули якзинагӣ» ҳимоя намуд.
Соли 2000 ӯро ба сифати мудири кафедраи химияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб таъин намуданд. Аз соли 2006 сарварии факултаи химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлобро ба уҳда дошт.

Аз соли 1995 роҳбарии бахши физика-химиявии Академияи Улуми Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро ба уҳда дошт.
Соли 2005 дар шаҳри Кӯлоб филиали Институти проблемаҳои об гидроэнергетика ва экологияи Академияи Илмҳо таъсис дода шуд, ки сарварии ин муассисаро. ба ӯҳда дошт. Соли 2011 аз 28 июн ӯро бо фармони №20 ба вазифаи мудири кафедраи «Технологияи маводи хӯрока ва стандартизатсия» интихоб намуданд.

Фаъолияти кордонӣ ва масъулияти баланди меҳнатии ӯро ба назар гирифта 10-уми октябри соли 2011 ба вазифаи муовини аввали директори филиали Донишгоҳи технологии Кӯлоб оид ба таълим интихоб намуданд. Дар ин вазифа софдилона меҳнат намуда барои фароҳамоварии фазои эҷодкорӣ, алоқа бо мактабҳои олии Федератсияи Руссия, таълиму тарбияи арзандаи мутахассисони замони нав, заминагузории воридот ба фазои таҳсилот ва татбиқ намудани илму технологияи муосир, саҳмгузор буд. Ӯро ҳамчун роҳбар дар ҳамаи вазифаҳои зарурӣ пешниҳод намудан мумкин аст.

23-юми январи соли 2013 Холиқов Сафар Сайфиддиновичро бо фармони Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси ноиби аввали ректори Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабудуллоҳи Рӯдакӣ оид ба таълим таъин намуданд. Ҳоло дар вазифаи зикршуда кору фаъолият дорад.

Телефони корӣ: (+992 3322) 2-35-09, 
Мобилӣ: (+992) 902-42-60-66
Рузҳои қабули шаҳрвандон: Панҷшанбе  аз 14:00 то 16:00
Е-mail: noib.talim@kgu.tj