KGU

     Тибқи нақшаи «Вазифаҳои афзалиятноки стратегӣ дар самти рушди равобити байналмилалӣ то соли 2020 ва бо мақсади васеъ намудани доираи фаъолият ва баланд бардоштани нақши донишгоҳ дар сатҳи байналхалқӣ, тайёр намудани ҳарчи бештари мутахассисони донишгоҳ дар хориҷи кишвар тавассути ҳамкориҳои дуҷонибаи мустақим бо созмонҳои байналмилалӣ, донишгоҳҳо ва дигар муассисаҳои илмии кишварҳои хориҷӣ дар тайёр намудани мутахассисон ва гузаронидани пажӯҳишҳо шӯъбаи равобити байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар соли таҳсили 2016-2017  дар ҳамкорӣ бо барномаҳои  Фонди Аврупо Темпус ва Эрасмус Мундус (акнун ЭРАСМУС+), як қатор донишгоҳҳои Федератсияи Россия, Донишгоҳҳои бонуфузи давлатҳои Осиёи Миёна, Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон, Сафорати Ҷумҳурии Чин дар Душанбе  ҳамкорӣ дорад.
Бояд гуфт, ки барномаҳои Эрасмус+ барои солҳои 2014-2020 пешбинӣ шуда, идомаи барномаи TEMPUS  ва як қатор барномаҳои аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузори шаванда мебошад.
Айни замон дар доираи барномаи Аврупоии ERASMUS  Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ду лоиҳаро амали карда истодааст.
Лоиҳаи Erasmus + PAWER (“Роҳ ба сӯи табодули байниминтақавӣ ва таъмини дастрасӣ ба аҳамиятнокӣ, сифатнокӣ  ва баробарҳуқуқӣ”)
Мақсади асосии барномаи Аврупоии ERASMUS+ PAWER - “Роҳ ба сӯи табодули байниминтақавӣ ва таъмини дастрасӣ ба аҳамиятнокӣ, сифатнокӣ  ва баробарҳуқуқӣ”,  ин зиёд намудани шумораи донишҷӯёне, ки ба донишгоҳҳои минтақавӣ ва хориҷи кишвар  ба воситаи  барномаҳои табодули донишҷӯён равон карда мешаванд мебошад. (http://www.tguk.tj/index.php/en/international-activity/projects/pawers
Ҳамкориҳои зич дар доираи лоиҳаи барномаҳои Аврупоии “Excellence in Engineering Education through Teacher Training and New Pedagogic Approaches in Russia and Tajikistan / EXTEND” ба роҳ монда шудааст. (https://extend.bmstu.net/page/kgu )