KGU

ИХТИСОСҲО

Айни замон факултет аз рӯи таълими рӯзона ихтисосҳои тарбияи ҷисмонӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ ва дар таълими ғоибона ва фосилавӣ аз рӯи ихтисосҳои тарбияи ҷисмонӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ тариқи шарномавӣ ва буҷавӣ мутахассисонро тайёр менамояд:

· Тарбияи ҷисмонӣ;

· Ихтисоси “тарбияи ҷисмонӣ” дар факулта дар таълими рӯзона, ғоибона (фосилавӣ) донишҷӯён ба таълим фаро гирифта шудаанд. Хатмкунандагони ихтисоси мазкур ба ҳайси омӯзгори фанни тарбияи ҷисмонӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ кору фаъолият карда метавонанд. Айни замон дар ихтисоси мазкур дар таълими рӯзона ва ғоибона (фосилавӣ) аз рӯи ҳамин ихтисос донишҷӯён таҳсил намуда истодаанд.      

· Тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ;

· Дар факултети аз соли 2015-ум инҷониб ихтисоси «тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ» таъсис дода шудааст. То имрӯз хатмкунандагони ин ихтисос дар вазифаҳои гуногун кору фаъолият доранд. Хатмкунандагони ихтисоси мазкур метавонанд дар Вазорати корҳои дохила ва омӯзгори фанни омодагии дифои ҳарбӣ дар муассисаҳои таъсилоти миёнаи умуми фаъолият намоянд. Гузаронидани машғулиятҳои амалӣ ва КМРО дар ихтисоси мазкур дар муассисаҳои таъсилоти миёнаи умуми ба роҳ монда мешаванд. Инчунин таҷрибаомӯзии таълимӣ ихтисоси тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ дар Д.С.Ш. гузаронида мешаванд.

 Ихтисосҳои факулта ба ҷамъият манфиатрасон буда, хатмкунандагони ин ихтисосҳо дар тамоми соҳаҳои рӯзмараи кишвар кору фаъолият менамоянд. Бояд гуфт, ки ҷараёни таълим дар таълими рӯзона аз рӯи низоми кредитӣ ва дар таълими ғоибона аз рӯи низоми кредитӣ ва фосилавӣ ба роҳ монда шудааст.