KGU

Адабиёти хориҷӣ ва МТЗАР

КАФЕДРАИ АДАБИЁТИ ХОРИҶӢ ВА МТЗАР

Дар бораи кафедра    Умуми.png
Таърихи кафедра
Низомномаи кафедра
Ҳайати кафедра
Фаъолияти маҳфил ва семинари кафедра
Дастовардҳои кафедра


Дар бораи кафедра 

      Айни замон кафедра номи кафедраи адабиёти рус ва хориҷӣ бо методикаи таълими забон ва адабиёти русро дорад. Дар кафедра 16 фанни таълимӣ   мавҷуд буда, 9 нафар омӯзгорон фаъолият мекунанд, аз он ҷумла 7 нафар корманди асосӣ (н.и.ф. Бобоқулов Ҷ.А. н.и.п. Раҳимова С.Р., муаллимони калон: Ғуломова С.Н., Ҳалимова М.Р., Кармышева Б.Н., ассистент Салихова Л.Н.) ва 2 нафари дигар (дотсент Валиев Н.У., н.и.ф., дотсент Худойдодова Ш.З.) ҳамкор мебошанд.

Кафедра  аз рӯи  равияи «Русская и зарубежная литература», проблемаи «Традиции и новаторство в литературном процессе» ва  мавзӯи  «Русско-таджикские литературные связи»  фаъолияти илмии худро ба роҳ мондааст.  Оид ба ин лоихаи кафедра дар айни ҳол, н.и.ф.Бобоқулов Ҷ.А н.и.п. дотсент Раҳимова С.Р., муаллимони калони кафедра   Ғуломова С.Н., Қармышева Б.Н.  Ҳалимова М.Р., Салихова Л.Н. корҳои илмӣ бурда истодаанд. Устодон аз фанҳои методикаи таълими забон ва адабиёти рус, курси амалии адабиёти рус, муқаддимаи адабиётшиносӣ, назарияи адабиёт, таърихи адабиёти рус, таърихи адабиёти хориҷӣ, адабиёти хориҷӣ, адабиёти муосири рус ва ғайраҳо дарс мегузаранд. 

   Кафедра алоқаҳои доимӣ бо донишкада ва донишгоҳҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Россия дорад: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянию русии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Донишгоҳи давлатии Хоруғ, Донишгоҳи давлатии ш. Москва, Донишгоҳи давлатии Тула ва дигарон. 

Таърихи кафедра

       Кафедраи адабиёти рус ва хориҷӣ бо методикаи таълими забон ва адабиёти рус аз рӯзҳои аввали ташкилёбии факултаи забон ва адабиёти рус вуҷуд дорад. Вай ҳамчун кафедраи санҷишӣ ташкил карда шуда буд. Фармон дар бораи ташкил кардани вай  дар  соли 1952 бароварда шуда буд. Ҳангоми ташкил кардани ин кафедра ба сифати мудири кафедра номзадҳои илмҳои филологӣ, дотсентон даъват карда шуда буданд. Ба сифати мудири кафедра профессор Лавров С.Г., н.и.ф., дотсент Звагелский, н.и.ф. Бжассо,н.и.ф. Комилов Ш.К., Х.Ш. Точиева, Л.В. Попырина,  Сон Л.М., А.А. Нозимов, Н.Н. Салихов, С.Р. Рахимова ва дигарон кор мекарданд.

            Сон Л.М. ба сифати мудири кафедраи адабиёти рус ва хориҷӣ бо методикаи таълими забон ва адабиёти рус дар солҳои 1982-1986 кор мекард. Дар ин айём дар ин кафедра омӯзгорон Ващенко А.С., Брагин Г.Г., Драгунова Е., Зеленкова Н.В., Салихов Н.Н., Путинцева Е., Рахимова С.Р., Нозимов А.А., Столштейн Н., Каримова У.С., Абдуллоева С., Валиев Н.У.,  кор ва фаъолият мебурданд. Дар солҳои 1988-1992 Нозимов А.А. ба сифати мудири кафедра кор мекард. Ҳоло Нозимов А.А.  доктори илмҳои филологӣ, профессор, иҷрокунандаи директории филиали МГУ ба номи  М.В. Ломоносови ш. Москва дар Тоҷикистон мебошад.

     Салихов Н.Н. доктори илмҳои филологӣ, профессор.  Дар солҳои 1992-2000-ум ба сифати мудири кафедра кор ва фаъолият мекард. Айни замон вай дар вазифаи ректори Донишгоҳи славянӣ – русии Тоҷикистон кор мекунад. Қодиров Н.С. муаллими калон. Ба сифати мудири кафедра дар солҳои 2001-2002 кор кардааст. Донишманди хуби адабиёти рус башумор мерафт.

     Раҳимова С.Р.,н.и.п. хатмкардаи факултаи забон ва адабиёти рус, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб. Дар солҳои 2001-2002  ба сифати мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти рус кор ва фаъолият мекард. Аз соли 2002 то соли 2011 ба сифати мудири кафедраи адабиёти рус ва хориҷӣ бо методикаи таълими забон ва адабиёти  рус фаъолият намуд. Дар ҷараёни фаъолияташ вай шогирдони зиёде тайёр карда, ба сифати омӯзгорони ҳамин факулта ба кор даъват карда шуданд. Соли 2012-ум вай рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Тарбияи маънавӣ дар дарс-мубоҳиса дар синфҳои болоии мактабҳои тоҷикӣ» дифоъ намудаст. ӯ ба «Ифтихорномаҳои фахрӣ» ва «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон», соли 2016 бо унвони «Корманди Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сазовор гардид. Муаллифи зиёда аз 22 мақолаҳои илмӣ ва як монография мебошад.  Айни замон Раҳимова С.Р. аз фанҳои методикаи таълими адабиёти рус ва адабиёти хориҷӣ дарсҳои назариявӣ ва амалӣ мебарад.

     Валиев Н.У., номзади илмҳои филологӣ, дотсент. Муддате ба ҳайси мудири кафедра фаъолият намуд. Ҳоло бошад, мудири кафедраи адабиёти ҷаҳонӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон кор ва фаъолият карда истодааст.  Дар айни замон Валиев Н.У. дар  кафедра ба сифати  ҳамкор фаъолият мекунад.

     Бобоқулов Ҷ.А., номзади илмҳои филологӣ аз соли 2017 то инчониб мудири кафедра мебошад. 

Низомномаи кафедра

Бо қарори мушовараи Вазорати 
маориф ва илм аз 30. 03.соли 2017,
№3/13 тасдиқ шудааст

НИЗОМНОМАИ
кафедраи адабиёти рус ва хориҷӣ бо методикаи таълими  забон ва адабиёти рус
факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб

         Низомномаи мазкур  дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни  Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии  баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои ҳуқуқии меъёриву ҳуқуқии соҳаи маориф таҳия шудааст.

1.Кафедраи  адабиёти рус ва хориҷӣ  чузъи таркибии сохтори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ (факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии  Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ) буда, дар байни донишҷӯён ва омӯзгорон корҳои таълимию тарбиявӣ, илмию методиро ба роҳ мемонад.
2. Кафедраи  адабиёти рус ва хориҷӣ зиёда аз 12 воҳиди корӣ, ки барои кормандони илмию педагогӣ пешбинӣ шудааст ва аз ин миқдор (10  штати корӣ) 4 нафарашон номзади илм ҳастанд, ташкил карда шудааст.
3. Кафедраи  адабиёти рус ва хориҷӣ  бо пешниҳоди Шурои олимони факултет, тибқи қарори Шурои олимони Донишгоҳ таъсис дода шудааст.  Идома...


Ҳайати кафедра

001.png

БОБОҚУЛОВ Ҷумахон Алиевич, н.и.ф., мудири кафедра.

Маълумот: Олӣ (ДДК, забон ва адабиёти рус)

Тел: 938-79-23-91                                                                           

E-mail: Bobokulov55@mail.ru



003.png

РАҲИМОВА Савронбӣ Раҳимовна, омӯзгори фанни забон ва адабиёти рус, номзади илмҳои педагогӣ, Аълочии Маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корманди Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.                                        

Маълумот: Олӣ (ДДК, забон ва адабиёти рус)

Тел: 905-50-51-85



004.png

ҲАЛИМОВА  Мавҷуда Раҳимовна, муаллими калон

Маълумот: Олӣ (ДДК, забон ва адабиёти рус)

Тел: 907-94-26-46




005.png

ҒУЛОМОВА Садбарг Нозимовна, муаллими калон

Маълумот: Олӣ (ДДК, забон ва адабиёти рус)

Тел: 985-01-70-44




006.png

КАРМЫШЕВА Бунавша Нарзуллоевна, муаллими калон

Маълумот: Олӣ (ДДК, забон ва адабиёти рус)

Тел: 988-00-74-44




007.png

САЛИХОВА Лутфия Назаровна, ассисстент

Маълумот: Олӣ (ДДК, забон ва адабиёти рус)

Тел: 904-45-35-50




008.png

САИДОВА Изатмо Ғоибовна, лаборанти калон

Маълумот: Хатмкардаи Институти давлатии педагогии ш. Кӯлоб

Тел: 985-55-51-73





Фаъолияти маҳфилҳо дар кафедра

МАҲФИЛИ «ЧАРОҒИ САБЗ»

     Дар факултети филологияи рус маҳфили адабии «Зелёная лампа» аз сентябри соли 2003 то инҷониб амал мекунад. Роҳбарии маҳфилро муаллими калони кафедраи адабиёти рус ва хориҷӣ бо МТЗАР Ҳалимова Мавҷуда ба ӯҳда дорад. Маҳфил мувофиқи нақшамоҳе як маротибагузаронида мешавад.
     Нақшаи маҳфил дар суратҷаласаи кафедра дар моҳи сентябр муҳокима ватасдиқ карда мешавад. Аъзоёни маҳфил 15 нафар мебошанд. Дар маҳфил донишҷӯёни курсҳои якум то чорум фаъолона иштирок менамоянд, инчунин омӯзгорони кафедра ваустодон дар кори маҳфил ширкат меварзанд.
     Ба донишҷӯёни беҳтарин Ифтихорнома  аз тарафи кафедра ва факултет сарфароз гардонида шуд,  чунки дар рафти маҳфил беҳтаринҳо худро бо пуррагӣ нишон медиҳанд. Дар ҳар як маҳфил як маърӯза шунида мешавад. Рӯзномаи девории бо номи «Зелёная лампа» амал менамояд.

Аспирантон ва унвонҷӯёни кафедра

1. Ғуломова С.Н.  - унвонҷӯ, мавзӯъ: «Адабиёти тоҷику форс ва мавзуҳои Шарқ дар эҷодиёти Иван Бунин». Роҳбари илмӣ: профессор Вали Самад.
2. Ҳалимова М.Р. -  унвонҷӯ, мавзӯъ: «Асосҳои педагогии рушди қобилияти эҷодии хонандагон дар дарсҳои забони русӣ».  Роҳбари илмӣ: профессор Ҳоҷиматова Г.М.
3. Кармышева Б.Н. - унвонҷӯ, мавзӯъ: «Тарбияи инсондӯстӣ дар эҷодиёти Ҷалолиддини Румӣ». Роҳбари илмӣ:  акдемик Қодиров К.Б.

Дастовардҳои кафедра

Дастовард1.png

Валиев Н.У., Бобокулов Д.А. Учебное пособие “Практический курс русской литературы”. Душанбе, 2016. - 167 стр. 




Дастовард2.png


Асоева К.А. Монография. Типы подчинительной связи слов в словосочетаниях и простом предложении в русском и таджикском языках. Душанбе, 2017. – 147 стр.




Дастовард3.png


Диплом. Институт повышения квалификации. Бобокулов Д.А. 04.04. 2017г.





Дастовард4.png

Удостоврение. Институт повышения квалификации. Бобокулов Д.А. 09.02. 2013 г.





Дастовард5.png


Сипосномаи ректори ДДК Абдулло Ҳабибулло. Ҳалимова Мавҷуда. Барои саҳми арзанда дар рушди илму маориф, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ва ширкати фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ дониста шавад. 11.10. 2016. 



Дастовард6.png

Куратори беҳтарин. Ҳалимова Мавҷуда. 2015. 





Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои таълимии №4, ошёнаи 2-юм, утоқи №203
Телефони корӣ: (+992) 998-79-23-91
E-mail: k-adabiyoti.khoriji@kgu.tj