KGU

Адабиёти тоҷик ва журналистика

КАФЕДРАИ АДАБИЁТИ ТОҶИК ВА ЖУРНАЛИСТИКА

Дар бораи кафедра    Умуми.png
Таърихи кафедра
Низомномаи кафедра
Ҳайати кафедра
Фаъолияти маҳфил ва семинари кафедра
Дастовардҳои кафедра


Дар бораи кафедра 

      Кафедраи адабиёти тоҷик ҷузъи таркибии сохтори Донишгоҳ ва факултети филологияи тоҷик ва журналистика буда, дар байни донишҷӯён ва омӯзгорон корҳои таълимию тарбиявӣ, илмию методиро ба роҳ мемонад. Кафедраи адабиёти тоҷик бо фармони ректори Донишгоҳ аз 4 ноябри соли 2010, таҳти рақами №231 таъсис ёфтааст.

         Устодони кафедра дар дар факултети филологияи тоҷик ва журналистика аз аз фанни адабиёт (паҳлуҳои гуногуни адабиётшиносӣ) машғулиятҳои назариявию амалиро ба роҳ мондаанд. Дар соли таҳсили 2019-2020  дар кафедраи адабиёти тоҷик ва журналистика ҳамагӣ 24 нафар омӯзгорон ва як лаборант фаъолият доранд, ки 11 нафар кормандони асосӣ, 7 нафари онҳо ҳакори беруна, 7 нафар ҳамкори дохила мебошанд.   

Таърихи кафедра

        Кафедраи адабиёти тоҷик аз соли ба фаъолият шурӯъ намудани Донишгоҳи давлатии Кӯлоб (1945) (он вақтҳо Донишкадаи муаллимтайёркунии шаҳри Кӯлоб  ном дошт) бо кафедраи забони тоҷикӣ якҷоя амал мекарданд, ки  кафедраи забон ва адабиёти тоҷик  номгузорӣ шуда буд ва ин якҷоягӣ то соли 1967 давом кард. Дар он вақт номзади илмҳои филологӣ Ҳасанов Иноят мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик шуда кор мекард. Аз соли 1967 кафедраҳо ҷудо карда шуданд – кафедраи забони тоҷикӣ ва кафедраи адабиёти тоҷик. 


Низомномаи кафедра

                        I. Қоидаҳои умумӣ.

Низомномаи мазкур дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», « Низомномаи кафедраи муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (қарори мушовара аз 13. 04. 2006, таҳти № 8/4) ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳаи маориф таҳия шудааст.
    I. Кафедраи адабиёти тоҷик ва журналистика ҷузъи таркибии сохтори Донишгоҳ ва факултети филологияи тоҷик ва журналистика  буда, дар байни донишҷӯён ва омӯзгорон корҳои таълимию тарбиявӣ, илмию методиро ба роҳ мемонад.

 II. Кафедраи адабиёти тоҷик бо фармони ректори Донишгоҳ аз 4 ноябри соли 2010, таҳти рақами №__ таъсис ёфта, аз 7 воҳиди корӣ иборат буда, 2 нафар доктори илми филология, профессор ва 4 нафарашон номзади илм, дотсент мебошанд.
III. Кафедра дар мактаби таҳсилоти  миёнаи умумии №5-и  ш. Кӯлоб кабинети методии худро  дорад.
                                               II. Вазифаҳои хизматии кафедра.
              Ба зиммаи кафедраи адабиёти тоҷик вазифаҳои зерин гузошта шудааст:
1. Омӯзгорон ва кормандони кафедра бояд хар 5 сол 1 маротиба аз курси такмили ихтисос гузаранд.
2. Ишғоли вазифа аз ҷониби ҳайати профессорон, омӯзгорон ва кормандони илмии кафедра дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ тибқи озмун,  талаботи Низомномаи мазкур ва дар асоси шартномаи тарафайн тибқи конунгузории ҷорӣ ба амал бароварда мешавад;
3. Фаъолияти ҳамасолаи мудири кафедра бо роҳи анкетагузорӣ дар байни донишҷӯён ва кормандони он аз тарафи раёсати муассисаи таҳсилоти олии касбӣ муайян карда мешавад:
4. Маҳдудияти синну солӣ ҳангоми интихоби мудири кафедраи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ тибқи муқаррароти кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад;
5. Кафедра дар асоси нақшаи корӣ ҳар моҳ 1 маротиба ҷаласа мегузаронад.
6. Дар ҳолати набудани мудири кафедра вазифаи онро муваққатан яке аз аъзои ботаҷрибаи кафедра иҷро мекунад.
7. Ба кафедраҳое, ки зиёда а 20 нафар аъзо доранд, вазифаи муовини мудири кафедра иҷозат дода мешавад.
8. Барои роҳбарӣ ба кафедра дар сарбории мудири кафедра 50 соат ба нақша гирифта мешавад.
9. Иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра то 3 моҳ иҷозат дода мешавад.
10. Барои навиштани рисолаҳои номзадӣ, докторӣ, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимию методӣ, омӯзгорони кафедра метавонанд ба муддати се моҳ, шаш моҳ ва як сол ба рухсатии эҷодӣ бароянд
                                               III. Мақсад ва намудҳои фаъолияти кафедра
1. Ташкил ва гузаронидани машғулиятҳои лексионӣ, семинарӣ (амалӣ), лабораторӣ ва дигар намуди машғулиятҳои таълимӣ тибқи нақшаҳои таълимии муассисаи тахсилоти олии касбӣ (дараҷаи баланди илмию назариявӣ);
2. Роҳбарӣ ба корҳои таълимию истехсолӣ, таҷрибаомӯзӣ, курсӣ, лоиҳа ва корҳои дипломӣ ҳамчунин корҳои мустақилонаи донишҷӯён, ташкил ва гузаронидани санҷишу имтиҳони ҷорӣ;
3. Ташкил ва ба роҳ мондани корҳои тарбиявӣ дар байни донишҷӯён;
4. Мувофиқи тартиби муқарраргардида таҳия ва табъу нашри барномаҳои таълимӣ оид ба фанҳои тадрисшаванда;
5. Пешниҳоди тақриз ва хулоса ба барномаҳои таълимие, ки аз тарафи кафедраҳои дигар омода гардидаанд;
6. Таҳияи китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ, дигар маводҳои методӣ, аёният ва хулосаҳои илмию методӣ барои нақшаҳои таълимӣ ва тахассусҳои нав;
7. Ба роҳ мондани корҳои илмию тадқиқотӣ дар асоси нақшаи тасдиқшуда;
8. Роҳбарӣ ба корҳои илмию тадқиқотии донишҷӯён;
9. Муҳокимаи корҳои илмию тадқиқотӣ ва татбиқи онҳо дар амалияи ҷамъиятӣ-истеҳсолӣ;
10. Ба нашр тавсия намудани таълифоти анҷомёфта;
11. Баррасии нақшаву барномаҳои инфиродии таълимӣ, илмӣ, методӣ ва корҳои тарбиявии устодон ва кормандони кафедра;
12. Омӯзиш, баррасӣ ва татбиқи таҷрибаи пешқадами омӯзго рони кафедра;
13. Дастгирӣ ва ёрии методӣ ба омӯзгорони ҷавон ва камтаҷриба дар роҳи такмил додани маҳорати педагогии онҳо;
14. Таҳия ва баррасии чорабинӣ оид ба истифодаи маводҳои муосири таълимӣ ҳангоми машғулиятҳои амалӣ ва назариявӣ;
15. Тайёр намудани кадрҳои илмию педагогӣ;
16. Муҳокимаи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ, барои дифоъ пешниҳод
17. Бо супориши ректори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ муҳокима ва баррасии рисолаҳои номзадӣ ва доктории аз берун воридшаванда;
18. Барқарор намудани алоқа бо истеҳсолот ва татбиқи робитаи назария бо амалия;
19.Ташкили робитаи мунтазам бо хатмкунандагони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, собиқ аспирантон ва докторантони кафедра;
20. Ташвиқу тарғиби дастовардҳои илмии омӯзгорон ва кормандони кафедра, ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо оид ба такмили ихтисоси устодон ва кормандон;
21. Ташкил, баррасӣ ва муҳокимаи дарсҳои кушоди устодони кафедра;
22. Муҳокимаи матни лексияҳои устодони кафедра ва тасдиқи онҳо.

                                               IV. Идоракунии кафедра.

1. Кафедраро мудир рохбарӣ мекунад. Мудири кафедра аз ҷумлаи докторони илм, профессорон ба тариқи овоздиҳии пинҳонӣ дар Шӯрои олимони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба муддати чор сол интихоб карда мешавад.
Ба таври истисно мудири кафедра аз зумраи номзадҳои илм, дотсентон ба муддати чор сол ва на зиёда аз ду муҳлат пайи ҳам, ба тариқи овоздихии пинхонӣ дар Шӯрои олимони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ интихоб карда мешаванд. Мудирони кафедраҳое, ки то вакти амали шудани Низомномаи мазкур ду муҳлат пайи ҳам адои вазифа кардаанд ( аз зумраи номзадҳои илм ва дотсентон), минбаъд ҳуқуқи иштирок намуданро дар озмуни ишғоли вазифаи мудири кафедра надоранд.
2. Интихоби мудири кафедра аз ҷумлаи омӯзгороне, ки дараҷа ва унвони илмӣ надоранд, манъ аст. Барои баъзе ихтисосхо – забонҳои хориҷӣ, варзиш , соҳаи фарҳанг, ба таври истисно барои як муддат иҷозат дода мешавад.
3. Интихоби мудири кафедра дар асоси озмун гузаронида мешавад. Озмун аз тарафи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ як моҳ пеш аз интихоби мудири кафедра дар саҳифаҳои васоити ахбори умум эълон ва интишор карда мешавад: 
- дар озмун довталабон мутобиқи бандҳои 2 ва 5- и Низомномаи мазкур, мувофиқ ба ихтисос ва шифри тахассус иштирок карда метавонанд;
- ҳамон нафаре мудири кафедра ҳисобида мешавад, ки агар дар Шӯрои олимони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ҳангоми овоздиҳӣ аз се ду ҳиссаи овозҳои аъзои Шӯрои олимонро гирад;
- овоздиҳӣ ба таври пинҳонӣ сурат мегирад.
4. Мудири кафедра узви Шӯрои олимони факултет мебошад.
5. Ба ҳайати кормандони кафедра, доктори илм, профессор – мушовир, номзади илм, дотсент, омӯзгор, омӯзгори калон, ассистент, ходими калон ва хурди илмӣ, докторант ва аспирант, муҳаққиқ – коромӯз ва  кормандони таълимию ёрирасон (лаборант, лаборанти калон, мудири лаборатория, мудири кабинет, котиби кафедра) дохил мешаванд.

                                               Ҳуҷҷатгузорӣ дар кафедра
1. Қарорҳо, фармонҳо, дастурҳо, санадҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ.
2. Фармонҳои ректор ва супоришҳои ноибони он.
3. Қарорҳои Шӯрои олимон, Шӯрои мудирони кафедра ва ректорат.
4. Суратҷаласаҳои кафедра ва машваратҳои илмӣ.
5. Дастурҳои вазифавии кормандон.
6. Нақшаҳои кории кафедра.
7. Ҳуҷҷатҳои татбиқи корҳои илмӣ.
8. Ҳуҷҷатҳои такмили ихтисоси устодон ва кормандони кафедра.
9. Нақшаҳои инфиродӣ ва ҳисоботи солонаи устодон.
10. Барномаҳои корӣ оид ба раванди таълим.
11. Ҳисоботи солонаи кафедра.
12. Ҳисоботи аспирантҳо.
13. Воҳидҳои корӣ ва тақсимоти соатҳои устодон.
14. Номгӯи мавзӯъҳои корҳои дипломии донишҷӯён.
15. Ҳуҷҷатҳо оид ба корҳои дипломӣ ва тақриз ба онҳо.
16. Номгӯи корҳои курсӣ ва санҷишӣ.
17. Билетҳои имтиҳонӣ ва саволҳои тестӣаз фанҳои таълимии кафедра.
18. Ҳуҷҷатҳои ҷамъияти илмии донишҷӯён.
19. Ҳуҷҷатхо оид ба таъминоти моддию техникии ҷараёни таълим.
20. Тақризҳо ва хулосаҳои кафедра ба корҳои илмии воридшуда аз дигар донишгоҳҳо.
21. Дафтари бақайдгирии журналҳо.
22. Дафтари бақайдгирии иҷрои сарбории таълимӣ.
23. Дафтари бақайдгирии корҳои курсӣ ва санҷишӣ.
24. Ҳуҷҷатҳои таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истехсолӣ.
25. Дафтари бақайдгирии суратҷаласаҳо.
26. Дафтари бақайдгирии иштироки устодон ба дарсҳои ҳамдигар.
27. Дафтари бақайдгирии воситаҳои техникӣ дар ҷараёни таълим.
28. Ҷадвали навбатчигии устодон дар кафедра.
29. Ҷадвали қабули сабақгардонӣ.
30. Ҷадвали қабули микросанҷишҳо ва коллоквиумҳо.
31. Ҷадвали машваратҳои иловагӣ ва инфиродӣ
32. Ҷадвали супоридани санҷишу имтиҳонот. Лоиҳаҳои курсӣ ва корҳои назоратӣ.
33. Ҳуҷҷатҳои бойгонишуда.
34. Санадҳо
35. Феҳрастҳо.
36. Дафтари воридот ва содирот.

Ҳайати кафедра

Мудир.png



Холиқова Зайналбӣ Кенҷаевна 
         мудири кафедра





Содиков.png


  Содиқов Ёралӣ
     ассистент





Ашурова.png



Ашурова Нодира Ҷумъаевна
         



Одинаева.png



Одинаева Гулбону Мадалиевна
             ассистент




Давлатов.png




Давлатов Маҳмадсафар Маҳмадович
                  ассистент



Назирмадов.png




Назирмадов Дилшод Нодирхонович
              ассистент




Шамшод



Шамшоди Ҷамшед
     ассистент



Фаъолияти маҳфилҳо дар кафедра

       Дар кафедра маҳфили илмии  «Адабиётшинос» ва маҳфили фаъолияти хуб дорад. Маҳфилро устод Абдулҳай Қаландар  роҳбарӣ менамоянд. Дар маҳфил  60 нафар донишҷӯёни эҷодкору болаёқат шомиланд. Тибқи нақша маҳфил моҳе як маротиба фаъолият карда, намунаҳои беҳтарини мақолаҳои илмӣ, шеъру таронаҳои навқаламон муҳокима ва баррасӣ шуда, беҳтарини онҳо дар рӯзномаҳои девории «Анвори  дониш» ва «Навиди Кӯлоб» чоп гардиданд.

Ҳамаи донишҷӯёни факултет ба навиштани корҳои мустақилонаи  хаттӣ: рисолаҳои магистрӣ, рисолаҳои хатм, корҳои курсӣ, санҷишӣ, рефератҳо ва маърӯзаҳои  илмӣ машғул ҳастанд.

Бахусус, рисолаҳои хатм ва магистриро донишҷӯёни курсҳои чорум ва  хатмкунандагони магистр бо баҳои хубу аъло дифоъ намудаанд. Рисолаҳои хатми донишщҷӯёни курси чорум Соҳибназарова Мавзуна, Абдусодиқи Ҷаббор, Абдуллоева Матлуба, Раҳматова Шаббодат, Тағоева Суҳайло, Зайнабии Эмомад хеле хуб буда, аз тарафи аъзоёни комиссияи аттестатсионӣ сазовори баҳои баланд – «аъло» гардиданд.

Магистрантон Шамшоди Ҷамшед, Муҳаммадҷони Абдулвоҳид, Бибисидиқаи Назирмад, Шарипова Фарида, Шаҳнозаи Азим, Холов Хисрав низ рисолаҳои магистрии худро бо баҳои «аъло» дифоъ намуданд, ки аз тарафи раиси комиссия ва аъзоён хуб пазируфта шуданд. 



Аспирантон ва унвонҷӯёни кафедра

Ҳайати олимон профессорони кафедра дар соли 2019 аксарият ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғул буда, дар конференсияҳои донишгоҳӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявию байналмилалӣ фаъолона ширкат доштанд. Танҳо ассисенти кафедра Давлатов М. бо сабаби ба нафақа баромадан ва лаборанти кафедра Валиева Муборак ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ банд нестанд. Яъне дар кафедра, бо истиснои ду нафар, ҳама ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғуланд.

Дар соли 2019 кафедра аз рӯи ду равия, ду проблема  ва ду мавзӯъ корро ба роҳ мондааст, чунки дар кафедра ду ихтисос амал мекунад: 

Адабиёт
Равияи илмӣ:                Таҳаввули тозаи  назму наср дар адабиёти муосири тоҷик
Проблема:                     Масъалаҳои тадқиқи адабиёти муосир ва хусусиятҳои жанрии ашъори адибони даврони Истиқлол
Мавзӯъ:                         Махсусиятҳои жанрию услубии назму наср дар эҷодиёти адибони классику муосир

Рӯзноманигорӣ
Равияи илмӣ:   Мавқеи ВАО дар соҳаҳои хоҷагии халқ
Проблема:        Публитсистикаи асрҳои ХХ-ХХ1 ва роҳҳои инкишофёбии он.
Мавзӯъ:            Хусусиятҳои жанрии журналистикаи тоҷик.


Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои маъмурӣ, ошёнаи 5-ум, утоқи №511
Телефони корӣ: (+992) 918 67 08 50
E-mail:  k-adabiyot@kgu.tj