KGU

Таҳсилоти ибтидоӣ

КАФЕДРАИ ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ

Дар бораи кафедра    Умуми.png
Таърихи кафедра
Низомномаи кафедра
Ҳайати кафедра
Фаъолияти маҳфил ва семинари кафедра
Дастовардҳои кафедра


Дар бораи кафедра 

      Кафедраи таҳсилоти ибтидоӣ ҷузъи таркибии сохтори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ буда, дар байни донишҷуёну омӯзгорон корҳои таълимӣ, илмӣ-методиро ба роҳ мемонад. Устодони кафедра дар факултаи омӯзгорӣ аз фанҳои вобастаи кафедра ба донишҷӯён таълиму тарбия медиҳанд. Дар кафедра 30 нафар устодон ба фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ, таълимӣ ва тарбиявӣ машғул мебошанд. Аз ин шумора дар кафедра 2 нафар дотсентон, ҳамкори беруна, 2 нафар дотсентон, корманди асосӣ, 2 нафар номзадони илм, корманди асосӣ 4 нафар муаллими калон, корманди асосӣ ва 20 нафар ассистентон мебошанд.

      Дар кафедра 4 нафар унвонҷӯ (Даминова Х., Мирзоева Б., Бояҳмадов Ш., Акбарова М.), 1 нафар аспиранти таълими ғоибона (Ёрматов А.)  ва 1 нафар аспиранти таълими рӯзона (Дилафрӯзи Р.) ба корҳои илмӣ-тадқиқоти машғул мебошанд. Синну соли миёнаи кормандони кафедра ба 40 сол баробар аст.

Таърихи кафедра

Кафедраи таҳсилоти ибтидоӣ аз соли 1969  арзи вуҷуд дорад. Муаллимони аввалини кафедра Сайдаҳмад Исоев, Соат Чалишев, Карматулло Қаландаров, Куган Изатуллоев, Ёрали Содиқов, Одина Давлатов, Муродалӣ Набиев, Исроил Исмоилов, Ҷумахон Сайдаҳмадов,Сафар Наҷот буданд. 
        Мудири аввалини он   муаллими калон Исоев Сайдаҳмад  буданд.  Аз моҳи январи  соли 2015 то сентябри  соли 2017 вазифаи мудирии кафедраро дотсент Набиев М. бар ӯҳда доштанд. Айни ҳол мудирии кафедраро н.и.ф. Шералиева С. М. ба ӯҳда доранд. 

Низомномаи кафедра

Муқаррароти  умумӣ

  Низомномаи кафедраи таҳсилоти ибтидоии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (минбаъд-низомнома) дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳаи маориф таҳия шудааст.

      Кафедра ҷузъи таркибии сохтори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ (факултет) буда, дар байни донишҷӯён ва омӯзгорон корҳои таълимию тарбиявӣ, илмию методиро ба роҳ мемонад.  Кафедра дар сурати мавҷуд будани на камтар аз 5 воҳиди корӣ барои кормандони илмию педагогӣ пешниҳодшуда, ки аз ин миқдор на камтар аз 2 нафарашон номзад ва доктори илмӣ бошанд, ташкил карда мешавад. Кафедраҳои махсус, тарбияи ҷисмонӣ ва забонҳои хориҷӣ (факултетҳои ғайрифилологӣ) аз талафот истисно мебошанд.
      Кафедра бо пешниҳоди Шӯрои олимони факултет, тибқи қарори Шӯрои олимони муассисаи  таҳсилоти олии касбӣ таъсис ва барҳам дода мешавад. Кафедраҳои тахассусии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар истеҳсолот  филиалҳои худро дошта метавонанд. Кафедраро мудир роҳбарӣ мекунад. Мудири кафедра аз ҷумлаи докторони илм, профессорон ба тариқи овоздиҳии пинҳонӣ дар Шӯрои олимони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба муддати 4-сол интихоб карда мешавад. 

      Ба таври истисно мудири кафедра аз зумраи номзадҳои илм, ассистентон ба муддати 4-сол ва на зиёда аз ду мӯҳлат паи ҳам, ба тариқи овоздиҳии пинҳонӣ дар Шӯрои олимони муассисаи таҳсилоти олии  касбӣ интихоб карда мешавад. Мудирони кафедраҳое, ки то вақти амалӣ шудани низомномаҳои мазкур ду мӯҳлат паи ҳам адои вазифа кардаанд (аз зумраи номзадҳои илм ва дотсентон), минбаъд ҳуқуқи иштирок намуданро дар озмуни ишғоли вазифаи мудири кафедра надоранд.

Ҳайати кафедра

Шералиева.png



Шералиева Садбарг Маҷидовна
          Мудири кафедра




Набиев.png



    Набиев Муродалӣ
дотсент и.в. профессор





Бозоров.png



      Бозоров Хушвахт 
номзади илмҳои педагогӣ 




Даминова.png




Даминова Хатичамо Азимовна
            ассистент



Бегиев.png



 Бегиев Шариф
    ассистент




Дилафруз.png




Дилафрӯзи Раҷабзода
         ассистент



Абдучаббори.png




Абдуҷабори Сафаралӣ
        ассистент



Ёрматов.png



Ёрматов Алишер 
     ассистент




Фаъолияти маҳфилҳо дар кафедра

Дар кафедра семинари илмӣ ва маҳфилҳои “Забоншинос” ва “Математики ҷавон” амал мекунанд. Маҳфилҳо дар як моҳ ду маротиба гузаронида мешаванд. Аъзоёни ин маҳфилҳо дар конфересияҳо ва чорабиниҳои донишгоҳӣ бо маърӯзаҳои пурмуҳтавои худ баромад мекунанд.  

Аспирантон ва унвонҷӯёни кафедра

     Дар давоми 5 соли охир 2 нафар муаллимони калони кафедра рисолаҳои номзадии хешро бомуваффақият дифоъ намуданд: Бозоров Х. (2012), Шералиева С. (16.03.2017)    (дар Шӯрои дифои ДМТ). Ду нафар муаллимони калони кафедра   Давлатов Т. ва Мирзоева Б.  мавзӯи рисолаи номзадии худро анҷом дода, дар арафаи ҳимоя мебошанд. 
    Дар кафедраи таҳсилоти ибтидоӣ лоиҳаи шартномавии “Таъмини таълими методии муаллимони синфҳои ибтидоӣ аз математика” (солҳои 2013-2017) анҷом ёфт. Роҳбарии лоиҳаи мазкурро номзади илмҳои педагогика, дотсент Изатуллоев К. ба уҳда доштанд.
      Дар айни замон дар кафедраи таҳсилоти ибтидоӣ  лоиҳаи шартномавии “Ташаккули омодагии касбию методии муаллимони ояндаи синфҳои ибтидоӣ мавриди омӯзиши фанҳои сикли методию математикӣ дар шароити низоми кридитии таълим дар донишгоҳҳои омӯзгорӣ” (солҳои 2018-2022) амал мекунад. Роҳбари лоиҳаи мазкур номзади илмҳои педагогика, дотсент Изатуллоев К. мебошад. 



Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои таълимии №2, ошёнаи 1-ум, утоқи №3
Телефони корӣ: (+992) 919 38 59 99
E-mail: k-tahsiloti.ibtidoi@kgu.tj