KGU

Забоншиносӣ ва типологияи муқоисавӣ

КАФЕДРАИ ЗАБОНШИНОСӢ ВА ТИПОЛОГИЯИ МУҚОИСАВӢ

Дар бораи кафедра    УМУМИ
Таърихи кафедра
Низомномаи кафедра
Ҳайати кафедра
Фаъолияти маҳфил ва семинари кафедра
Дастовардҳои кафедра


Дар бораи кафедра 

 Кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавӣ бо фармоиши ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ таҳти № 177 аз 02.10.2020 ташкил шудааст. Кафедра аз рӯи ихтисосҳои «Забони англисӣ, олмонӣ ва хитоӣ» (1-1-020306-01) ихтисосманди соҳавӣ тайёр мекунанд. Дар кафедра 19 – нафар ҳайати омӯзгорон аз рӯи фанҳои таълимии тахассусӣ ба донишҷӯён таълим медиҳанд, ки аз онҳо 1-нафар профессор 3 – нафар номзадони илмҳои филологӣ 4-нафар саромӯзгорон  ва 11 нафар  ассистентон фаъолият доранд. Вазифаи мудири кафедраро номзади илмҳои филологӣ., саромӯзгор Ҷурақулов Б.Р. ба уҳда дорад.

Таърихи кафедра

Кафедраи мазкур соли 1992, дар  назди факултети филологияи рус ҳамчун шӯъба бо номи кафедраи забонҳои хориҷӣ ва методикаи таълими он таъсис дода шудааст, мудири аввалини он Мирзоев Зайналобиддин таъйн гардида буд. Дар  давраи таъсисёби омӯзгорони зерин дар кафедра кор карданд. Дотсент  Конькова  Ирина  Павловна, номзади илмҳои филологӣ Мамадрасулова Тоҷиниссо ва саромӯзгорон Сайдамирова  Муқаддас  Сайдалиевна, Сайфудинова Татьяна Николаевна ва Собирова Уғулбӣ Саъдуллоевна.

   Дар кафедра  муаллимони  соҳибтаҷриба  ба монанди Муродов  Ғайраталӣ, Шарипов Амрохон, Ятимова Раънохон фаъолият мекарданд. Чандин мудирони ботаҷрибаву кордон фаъолият намудаанд. Мирзоев Зайналобуддин солҳои 1993-2002 мудири  кафедра буд. Баъд аз он саромӯзгори кафедра, марҳум Шарипов Амрохон, аз соли 2002 – 2006 дар кафедра ҳамчун мудир кор кардааст.  Собирова  Уғулбӣ аз 2006-2009   мудири кафедра  фаъолият дошт ва баҳри тайёр намудани ҳайати кадрӣ дар факултет кӯшиш ба харҷ додааст. Аз моҳи апрел то майи 2013 вазифаи мудири кафедраро саромӯзгор Шарифхоҷаева   Саодат ба ӯҳда дошт.

          Аз моҳи сентябри соли  2013 то моҳи апрели соли 2014 вазифаи  мудириро,  саромӯзгор,  Муродов   Баҳриддин  иҷро  намуд. Аз моҳи сентябри  соли  2014 то сентябри соли 2015, номзади илмҳои филологӣ Садирова  Бибиниссо роҳбарии  кафедраро  ба ӯҳда дошт. Аз  октябри  соли  2015 то моҳи декабри соли 2016 муаллими калон Табаров Шерафган Назирмадович  роҳбарии  кафедраро  ба ӯҳда доштанд. Аз ноябри соли 2017 то августи соли 2017 рохбарии кафедраро муаллими калон Акобирова Сабагул ба уҳда гирифт. Аз сентиябри соли 2017 то моҳи марти соли 2018 мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ ва методикаи таълими онро номзади илмҳои филологӣ Гуламадшоев Шокиршо Шерзодшоевич ба ухда дошт ва барои тайёр намудани кадрҳои илмӣ дар кафедра заҳмат намуда, аз лиҳози нарасидани кадрҳои унвони илмидошта кафедраи забони англисиро ба кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ якҷо намуда, кафедраи забонҳои хориҷӣ ва методикаи таълими он номгӯзорӣ намуд. Аз моҳи апрели соли 2018 инҷониб мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ ва методикаи таълими он (ҳозира Кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавӣ)-ро номзади илмҳои филологӣ Ҷурақулов Бозорали Раҳмоналиевич ба уҳда дорад.

Низомномаи кафедра

Бо қарори Шӯрои олимони Донишгоҳи
давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи
Рӯдакӣ аз «__» марти соли 2017
№ _/_ тасдиқ шудааст.

1.    МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Низомномаи кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавии факултети филологияи хориҷӣ Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф таҳия шудааст.

2. Кафедра сохтори асосии таълимию илмии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ба шумор рафта, фаъолияти худро дар самти корҳои таълимию методӣ, илмию таҳқиқотӣ, иҷтимоию тарбиявӣ ва робитаҳои байналмилалӣ ба роҳ мемонад. Корҳои таълимию методӣ ва илмию таҳқиқотии кафедра бояд ба самти асосии фаъолият ва фанҳои нақшаҳои таълимии ихтисосҳои амалкунандаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, ки таълими онҳо бо фармоиши ректори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар назди кафедра муқаррар карда шудааст, мутобиқат намоянд.
3. Кафедра тибқи муқаррароти амалкунанда дар асоси қарори Шӯрои олимони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, бо фармоиши ректори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ таъсис ё барҳам дода мешавад. 
4. Кафедра дар ҳайати на камтар аз 5 нафар омӯзгорон, ки ҳадди ақал 2 нафари онҳо дорои дараҷа ва унвонҳои илмӣ мебошанд, таъсис дода мешавад.
5. Кафедраро мудир, ки номзадии ӯ аз ҳисоби ҳайати профессорону омӯзгорон ё шахсони дорои дараҷа ва унвони илмӣ пешбарӣ ва тариқи овоздиҳии пинҳонӣ дар ҷаласаи Шӯрои олимони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба муҳлати 5 сол интихоб карда шудааст, роҳбарӣ менамояд.

6. Мудири кафедра дар асоси Низомномаи мазкур ва шартномаи меҳнатӣ (Замимаи 1) аз ҷумлаи докторони илм ва номзадҳои илм ба вазифа интихоб карда мешавад.

Ҳайати кафедра

Мудир.png


Ҷурақулов Бозоралӣ Раҳмоналиевич
            мудири кафедра
       E-mail: Bozfeb-05@bk.ru

       


13.png



Муқимов  Одина Махсумович
                ассистент




12.png



Мирзоев  Шӯҳрат Сайдаҳмадович
                  ассистент




14.png



Мирзоева  Зулфия Гоибовна
            ассистент




Сайдалиева.png



Сайдалиева Зуҳро Обидовна
              ассистент



Сайдалиева-Ф.png



Сайдалиева Фотима Обидовна
             ассистент




Маҳсуддинов


Маҳсудинов Рамазон Исмоналиевич

Мудири кабинет

E-mail: mahsiddinov1989@inbox.ru


Фаъолияти маҳфилҳо дар кафедра

Дар кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавӣ маҳфили илмии “I like English” фаъолият менамояд. Дар маҳфил донишҷӯёни фаъоли гуруҳои таълимӣ ва инчунин магистрантон аъзо мебошанд, ки шӯмораи аъзои маҳфили илми ба 40 нафар расидааст. Роҳбарии маҳфили илмиро омӯзгори ҷавони кафедра Одинаев К. ба ҳуда дорад. Дар маҳфил донишҷуён аз рӯи мавзӯҳои тасдиқгардидаи раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ маърӯза намуда, дар назди донишҷуён баромад менамоянд. Дар бисёр ҳолатҳо дар маҳфили илми омӯзгорон кушиш менамоянд, ки дар мавзӯҳои мушкилоти ҷойдошта дар омӯзиши забонҳои хориҷӣ баҳсҳоро дар миён гузоранд.

Аспирантон ва унвонҷӯёни кафедра

Корҳои илмӣ-тадқиқотии кафедра. Равияи илмии кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавӣ – «Забоншиносӣ муқоисавӣ- таърихӣ, типологӣ ва муқоисавӣ» мебошад.

Накшаи дурнамои КИТ-и кафедра барои солҳои 2019-2023 аз тарафи раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ тасдик гардидааст.

Дар кафедраи номбурда -2 нафар аспирант Мирзоев Ш, Маҳсудинов Р., ва 3-нафар унвонҷӯ; Сайдалиева Фотима,Сайдалиева Зуҳро, Саидова Нилуфар, ва 6-нафар докторант Фатоев Аминҷон, Шарифов Беҳруз, Табаров Боймуҳаммад, Самадов Раҳматулло, Шарипова Зарина ва Одинаев Комрон фаъолият доранд.

Аспирант Мирзоев Ш зери роҳбарии д.и.ф. профессор Ҷумахон А мавзӯи илмиашро «Вижагиҳои технологияи таълими забони англисӣ дар синфҳои хурдсол тавассути дастгирии компютери дар шароити нави рушди низоми маорифи таҳсилот Ҷумҳурии Тоҷикистон» пурра ба итмом расонидааст ва айни замон дар арафаи ҳимоя дар Шӯрои ҳимои диссертатсионии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айни қарор дорад.

Аспирант Маҳсудинов Рамазон,  зери роҳбарии д.и.ф. профессор Хоҷаева С дар мавзӯи «Таҳлили муқоисавии дараҷаи сиға дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ» тадқиқоти илмӣ бурда истодааст.

Унвонҷӯ Сайдалиева Ф зери роҳбарии д.и.ф. профессор Нозимов А дар мавзӯи «Вербализация концепта «меҳнат-labour-труд» в разноструктурных языках (на материале таджикского и английского языков)» тадқиқоти илмӣ бурда истодааст

Унвонҷӯ  Саидова Нилуфар,  зери роҳбарии д.и.ф. профессор Ҷаматов С дар мавзӯи « Таҳлили лексикӣ-грамматикии зарф дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ (дар мабнои “Ёддоштҳои С.Айнӣ”)» тадқиқот бурда истодааст.

Докторанти соли сеюм, Фатоев Аминҷон зери роҳбарии н.и.ф. дотсент Каримов Ш дар мавзӯи «Ҷамбаи кагнетивии ибораҳои феълии забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ аз нигоҳи тарҷума» тадқиқот бурда истодааст.

Докторанти соли сеюм, Шарифов Беҳрӯзҷон дар мавзӯи «Паремия ҳамчун категорияи махсусивоҳидҳои фразеологӣ дар забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ» зери роҳбарии доктори илмҳои филологии кафедраи забони англисии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Н.Хусрав Таѓоева. Табассум тадқиқот бурда истодааст.

Докторант Самадов Раҳматулло дар мавзӯи «Таҳлили муқоисавии фразеологизмҳои ифодакунандаи характери инсон дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ» зери роҳбарии доктори илмҳои филологӣ., профессор, мудири кафедраи забоншиносӣ ва типология муқоисавии ДДОТ ба ном С.Айнӣ Ҷаматов С.С. тадқиқот бурда истодааст.

Докторант Табаров Боймуҳаммад дар мавзӯи «Таҳлили муқоисавии фразеологизмҳои рафтори инсон дар забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ» зери роҳбарии номзади илмҳои филологӣ., дотсент, мудири кафедраи услубшиносӣ ва назарияи тарҷӯмаи ДДОТ ба ном С.Айнӣ Каримов Ш.Б.. тадқиқот бурда истодааст.

Докторанти соли дуюм,  Шарипова Зарина дар мавзӯи «Хусусият ва вазифаҳои асосии истилоҳоти забоншиносӣ дар нутқи касбӣ (дар маводи забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ)» зери роҳбарии номзади илмҳои филологӣ., дотсент, муовини ректор оид ба таълими ДДК ба ном А.Рӯдакӣ Холиқзода А. тадқиқот бурда истодааст. 

Докторанти соли дуюми ДДОТ ба номи С.Айнӣ,  Одинаев Комрон дар мавзӯи «Ташакулёбии салоҳияти дидактико-филологии омӯзгори оянда дар раванди таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ» зери роҳбарии доктори илмҳои филологӣ., профессор, Авғонов С.С. тадқиқот бурда истодааст. 

Дастовардҳои кафедра

ДАСТОВАРД«Мамлакатҳои англисизабон


Муаллиф Ҷурақулов Б.Р


ДАСТОВАРД2

«Фонетические упражнения по английскому языку»

     Муаллиф  Сайдамирова М.С.




ДАСТОВАРД3

«Ман англисиро меомӯзам»

Муаллиф  Маҳсуддинов Р.И.




Дастовард1.png

«Ибтидои фонетика» 

Муратиб Мирзоев Ш.




Дастовард2.png

«TOEFL dictionary»       

Муаллиф Мирзоев Ш.




Дастовард3.pngФарҳанги Омофонӣ «Homophones» 

Муаллиф Акобирова  С. З., Сайдалиева З.О.




Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои маъмурӣ, ошёнаи 7-ум
Телефони корӣ: 985479147
E-mail: Bozfeb-05@bk.ru