KGU

КАФЕДРАИ СИЁСАТШИНОСӢ

Дар бораи кафедра    Умуми
Таърихи кафедра
Низомномаи кафедра
Ҳайати кафедра
Фаъолияти маҳфил ва семинари кафедра
Дастовардҳои кафедра


Дар бораи кафедра 

Тибқи фармоиши ректори донишгоҳ  аз  10.12.2018  таҳти №241  дар сохтори  донишгоҳ тағйирот  ворид  гардид.  Дар  натиҷаи   ин  тағирот  аз сохтори  факултаи таърих, ҳуқуқ  ва муносибатҳои  байналмилалӣ  собиқ  кафедра  «таърих, ҳуқуқ ва сиёсатшиносӣ », кафедраи  навтаъсиси  «Сиёсатшиносӣ »  ҷудо  гардида, мустақил шуд.

Таърихи кафедра

          Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ илмҳои ҷомеашиносӣ ба бӯҳрони сахти сиёсӣ гирифтор шуданд ва дар соли 1991 кафедраи «Коммунизми илмӣ» тағйири ном кард ва ба он кафедраи «Сиёсатшиносӣ» ном ниҳоданд. Дар он солҳо дар кафедра 8 нафар устодону муаллимон машғули таълиму тарбияи донишҷӯён буданд. Аз ҷумла доктори илмҳои сиёсӣ Абдураҳмон Маҳмадов, номзади илми фалсафа, дотсентон Тағай Раҳмонов, Абдусаттор Одинаев, номзади илми таърих, дотсентон Хурсанд Азамов, инчунин се нафар муаллимони калон, Ш. Сафаров, Н. Шамсов, Р. Ҳакимов ва дигарон дар ташкили кори ҷараёни таълиму тарбия ҳиссаи калон гузоштанд.

Дар асоси Низомномаи кафедраи муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии  Тоҷикистон (қарори мушовараи Вазорати   маорифи ҶТ аз 13.04.2006, таҳти № 8\4) бо дарназардошти зиёд будани теъдоди соатҳои таълимӣ ва ҳайати омӯзгорону кормандон кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносӣ аз 3.05.2010 таҳти №40 ба ду кафедра кафедраи фалсафа ва кафедраи сиёсатшиносӣ ҷудо карда шуд.

Низомномаи кафедра

    Низомномаи кафедраи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи  Рӯдакӣ (минбаъд – низомнома) дар асоси қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи таҳсилоти олии касби баъд аз муассисаи таҳсилоти олии таълими », « низомномаи намунави оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон » ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқи соҳаи маориф таҳия шудааст.

1. Кафедра ҷузъи таркибии сохтори муассисаи таҳсилоти олии касби (факултет) буда, дар байни донишҷуён ва омӯзгорон корҳои таълимиву тарбияви, методиро ба роҳ мемонад.
2. Кафедра дар сурати мавҷуд будани на камтар аз панҷ воҳиди кори барои кормандони илмию педагоги пешбинишуда, ки аз ин миқдор  на камтар аз ду нафарашон номзад ва доктори илм бошанд, ташкил  карда мешаванд. Кафедраҳои махсус, тарбияи ҷисмонӣ ва забонҳои хориҷӣ (факултетҳои  ғайри филологӣ) аз ин талабот истисно мебошанд.
3. Кафедра бо пешниҳоди Шурои олимони факултет, тибқи қарори Шурои олимони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ таъсис ва барҳам дода мешавад.
4. Кафедраҳои тахассуси муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар истеҳсолот филиалҳои худро дошта метавонанд.
5. Кафедраро мудир роҳбарӣ мекунад. Мудири кафедра аз ҷумлаи докторони илм, профессорон ба тариқи овоздиҳии пинҳонӣ дар Шурои олимони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба муддати 4-сол интихоб карда мешавад.
Ба таври истисно мудири кафедра аз зумраи номзадҳои илм, дотсентон ба муддати 4-сол ва на зиёда аз ду муҳлат паи ҳам ба тариқи овоздиҳии пинҳонӣ дар Шурои олимони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ интихоб карда мешавад. Мудирони кафедраҳое, ки то вақти амалӣ шудани Низомномаи мазкур ду муҳлат паи ҳам адои вазифа карданд (аз зумраи номзадҳои илм ва дотсентон), минбаъд ҳуқуқи иштирок намуданро дар озмуни ишғоли вазифаи мудири кафедра надоранд.                

6. Интихоби мудири кафедра аз ҷумла омӯзгороне, ки дараҷа ва унвони илмӣ надоранд манъ аст. Барои баъзе  ихтисосҳо – забонҳои хориҷӣ, варзиш, соҳаи фарҳанг, ба таври истисно барои як муддат иҷозат дода мешавад.
7. Интихоби мудири кафедра дар асоси озмун гузаронида мешавад.
Озмун аз тарафи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ як моҳ пеш аз интихоби мудири кафедра дар саҳифаҳои воситаи ахбори умум эълон ва интишор карда мешавад. Ҳамон нафаре  мудири кафедра ҳисоб мешавад, ки агар дар Шурои олимони муассисаи  таҳсилоти олии касбӣ ҳангоми овоздиҳии аз се ду ҳиссаи овозҳои аъзои Шурои олимонро гирад ва овоздиҳӣ ба таври овоздиҳии пинҳонӣ сурат гирифт.
8. Мудири кафедра узви Шӯрои олимони факултет мебошад.
9. Ба ҳайати кормандони кафедра, доктори илм, профессор, мушовир, номзади илм, дотсент, омӯзгор, омӯзгори калон, ассистент, ходими калон ва хурди илмӣ, докторант ва аспирант, муҳақиқ – коромӯз ва кормандони таълимию ёрирасон (лабарант, лабаранти калон, мудири лабаратория, мудири кабинет, котиби кафедра) дохил мешаванд.
10.               Ба зимаи кафедра вазифаҳои зерин гузошта мешавад:
- ташкил ва гузаронидани машғулиятҳои лексионӣ, семинарии (амалӣ) лабараторӣ ва дигар намуди машғулиятҳои таълимӣ тибқи нақшаҳои таълимии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ (дараҷаи баланди илмию назариявӣ);
- роҳбарӣ ба корҳои таълимию истеҳсолӣ, таҷрибаомӯзӣ, курсӣ, лоиҳа ва корҳои дипломӣ, ҳамчунин корҳои мустақилонаи донишҷӯён (ташкил ва гузаронидани санҷишу имтиҳони ҷорӣ);
- ташкил ва ба роҳ мондани корҳои тарбиявӣ дар байни донишҷӯён;
- мувофиқи тартиби  муқарар гардида таҳия ва табу нашри барномаҳои таълимӣ оид ба фанҳои тадрисшаванда – пешниҳоди тақриз ба хулоса ба барномаҳои таълимие, ки аз тарафи кафедраҳои дигар омода гардидаанд;
- таҳияи китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ, дар маводҳои методӣ, аёниятва хулосаҳои илмию методӣ барои нақшаҳои таълими ва тахассуси нав;
- ба роҳ мондани корҳои илмию тадқикоти дар асоси нақшаи тасдиқшуда;
-роҳбари ба корҳои илмию тадқиқотии донишҷӯён;
- муҳокимаи корҳои илмию тадқиқоти ва тадбиқи онҳо дар амалияи  ҷамъиятию истеҳсоли ;
- ба нашр тавсия намудани таълифоти анҷомёфта;
- баррасии нақшаву барномаҳои инфиродии таълими, илми, методи ва корҳои тарбиявии устодон ва кормандони кафедра;
- дастгири ва ёрии методи ба омӯзгорони ҷавон ва камтаҷриба барои такмил додани маҳорати педагогии онҳо ;
-таҳия ва баррасии чорабиниҳои оид ба истифодаи маводҳои муосири таълими ҳангоми машғулиятҳои амали ва назарияви;
- тайёр намудани кадрҳои илмию  педагоги ;
- муҳокимаи рисолаҳои номзади ва доктори барои дифо пешниҳод намудани онҳо ;
- бо супориши ректори муассисаи таҳсилоти олии касби муҳокима ва баррасии рисолаҳои номзади ва доктории аз берун воридшаванда;
-барқарор намудани алоқа бо истеҳсолот ва тадбиқи робитаи назария бо амалия ;
-ташкили робитаи мунтаъзам бо хатмкунандагони муассисаи таҳсилоти олии касби, собиқ аспирантон ва докторантони кафедра;
-ташвиқу тарғиби дастовардҳои илмии омӯзгорон ва кормандони кафедра,ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои оид ба такмили ихтисоси устодон ва кормандон;
-ташкил, барраси ва муҳокимаи дарсҳои кушоди устони кафедра;
-муҳокимаи матни лексияи устодони кафедра ва тасдиқи онҳо;
11. Омӯзгорон ва кормандони кафедра ҳар панҷ сол як маротиба аз коромӯзи ва курси такмили ихтисос гузаранд.
12. Ишғоли вазифа аз ҷониби ҳайати профессорон, омӯзгорон ва кормандони илмии кафедра дар муассисаи  таҳсилоти олии касби тибқи озмун, талаботи низмномаи мазкур ва дар асоси шартномаи тарафайн тибқи қонунгузории ҷорӣ ба амал бароварда  мешавад.
13. Фаъолияти ҳамасолаи мудири кафедра бо роҳи анкетагузаронӣ дар байни донишҷӯён ва кормандони он аз тарафи раёсати муассисаи таҳсилоти олии касбӣ муайян карда мешавад.
14.  Маҳдудияти синусолӣ ҳангоми интихоби мудири кафедраи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ тибқи муқаррароти  Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
 15. Феҳрасти ҳуҷҷатгузорӣ дар кафедра ба тариқи зайл сурат мегирад.
 1.  Қарорҳо, фармонҳо, дастурҳо, санадҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти иҷроияи маҳалии  Ҳокимияти давлатӣ ;
2.  Фармонҳои Ректор ва супоришҳои ноибони он.
3.  Қарорҳои Ректорат ва Шурои олимон.
4.  Суратҷаласаҳои кафедра ва машваратҳои илмӣ.
5.  Дастурҳои вазифавии кормандон.
6.  Нақшаҳои кори кафедра.
7.  Ҳуҷҷатҳои тадбиқи корҳои илмӣ.
8.  Ҳуҷҷатҳои такмили ихтисоси устодон ва кормандони кафедра.
9.  Нақшаҳои инфиродӣ ва ҳисоботи  солонаи устодон.
10.  Барномаҳои корӣ оид ба раванди таълим.
11.  Ҳисоботи солонаи кафедра.
12.  Ҳисоботи аспирантҳо.
13.  Воҳидҳои корӣ ва тақсимоти  соатҳои  устодон.
14.  Номгӯи мавзуъҳои корҳои дипломии донишҷӯён.
15.  Ҳуҷҷатҳо оид ба корҳои дипломӣ ва тақриз ба онҳо.
16.  Номгӯи корҳои курсӣ ва санҷишӣ.
17.  Билетҳои имтиҳонӣ аз фанҳои таълимии кафедра.
18.  Ҳуҷҷатҳои ҷамъиятӣ – илмии донишҷӯён.
19.  Ҳуҷҷатҳо оид ба таъминоти моддию техникӣ ҷараёни таълим.
20.  Тақризҳо ва хулосаҳои кафедра.
21.  Дафтари ба қайдгирии журналҳо.
22.  Дафтари ба қайдгирии иҷрои сарбории таълим.
23.  Дафтари ба қайдгирии корҳои курсӣ ва санҷишӣ.
24.  Ҳуҷҷатҳои таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолӣ.
25.  Дафтари ба қайдгирии суратҷаласаҳо.
26.  Дафтари ба қайдгирии дарсҳои  устодон ва ба дарсҳои ҳамдигар.
27.  Дафтари ба қайдгирии воситаҳои техникӣ дар ҷараёни таълим.
28. Ҷадвали навбатчигии устодон дар кафедра.
29. Ҷадвали қабули сабақгардонӣ.
30. Ҷадвали қабули микросанҷишҳо ва коллекивиумҳо.
31. Ҷадвали машваратҳои иловагӣ ва инфиродӣ.
32. Ҷадвали супоридани санҷишу имтиҳонҳо, лоиҳаҳои курсӣ ва корҳои назоратӣ
33.  Ҳуҷҷатҳои бойгонишуда
34.  Санадҳо
35.  Феҳрастҳо
36. Дафтари воридот ва содирот
16. Кафедра дар асоси нақшаи корӣ ҳар моҳ як маротиба  ҷаласа мегузаронад.
17. Дар  ҳолати набудани мудири кафедра вазифаи онро муваққатан  яке аз аъзои бо таҷрибаи кафедра  иҷро  мекунад.
18. Ба кафедраҳое, ки зиёда аз 20 – нафар аъзо доранд вазифаи муовини мудири кафедра иҷозат дода мешавад.
19. Барои роҳбари ба кафедра дар сарбории  мудири кафедра 50 соат ба нақша гирифта мешавад.
20. Иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра то се моҳ иҷозат дода мешавад.
21. Барои навиштани  рисолаҳои  номзадӣ, докторӣ, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимию методӣ, омӯзгорони кафедра метавонанд ба муддати се моҳ, шаш моҳ ва як сол ба рухсати эҷодӣ бароянд.

Ҳайати кафедра

Пирназаров.png



Пирназаров Эмомназар Анварович
         мудири кафедра
      номзади илмҳои сиёсӣ




Азамов.png

   

    Азамов Хурсанд Саидович
Номзади илмҳои таърих, дотсент



Муродов.png



       Муродов Темур
номзади илмҳои сиёсӣ 




Якубов.png


Яқубов Фируз Нурматович 
              ассистенти  




Сорбон



Усмонов Сорбон  Субҳонович
              ассистенти 




Фаъолияти маҳфилҳо дар кафедра

МАҲФИЛИ «СИЁСАТШИНОСӢ»

     Дар  кафедра  маҳфили «Сиёсатшиносӣ»  фаъолият  дорад, ки роҳбарии онро  омӯзгори ҷавон  Ҷураев Далерхуҷа  ба ӯҳда  дорад.  Маҳфил  ҳар  моҳ  тибқи  нақша  гузошта  мешавад, ки  аз  натиҷааш  ба  раёсати  илм ва  инноватсия  маълумотнома  пешниҳод  мегардад. Ҳамчунин  семинарии  назариявӣ  ва илмӣ-методии  кафедра   мутобиқи нақшаи кори тасдиқгардида  амал   мекунад, роҳбарии  муаллими калони  кафедра  Яқубов Фируз.

Дастовардҳои кафедра

Дастовард1.png

Абдуллоев М.Х., Аъзамов Х.С., Аллоева Ҳ.Ҳ. Китоб.“Истилоҳ ва рушди маорифи Тоҷикистон дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ”. Душанбе. 2016, 100 саҳ.



Дастовард2.png


Абдуллоев М.Х. Китоб. “Маорифи халқи Тоҷикистон”. Душанбе. 




Дастовард3.png

Азамов Х. С., Муродова Г.Р., Сайдалиев Д. Китоб. “Политические конфликты: технология контроля, управления и разрешения”, Душанбе, 2017




Дастовард4.png


Холмуродова М. Китоб. “Таърихи оштии миллии тоҷикон дар ҷанги шаҳрвандӣ (солҳои 1991-2001)”.Душанбе. “ЭР-граф”. 2017, 191 саҳ. 




Дастовард5.png

Муродова Г. Р. Монография. “Ҳизбҳои сиёсӣ дар шароити тағйирёбии ҷомеа (таҷрибаи Тоҷикистон)”. Душанбе, 2017,132 саҳ.




Дастовард6.png


Файзов Некрӯз. Васоити таълимӣ. “Робитаҳои илмӣ- фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бо Федератсияи Руссияи дар  солҳои Истиқлолият”. Душанбе.



Дастовард7.png

“Кафедраи беҳтарин”  соли 2014 барои фаъолияти пурсамар ва саҳми беандоза дар рушди илм ва таълиму тарбияи насли ҷавон мукофонида мешавад.




Дастовард8.png

Неъматов Садриддин донишҷӯи курси 5-уми факултаи таърих,  ҳуқуқ ва МБ, ихтисоси таърих, ҳуқуқ бо  Дипломи дараҷаи сеюм дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти “Ҷоми Академияи илмҳои ҶТ”(2018) сазовор гардид. 






Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, Бинои таълимии №1, ошёнаи 2-юм
Телефони корӣ: (+992) 918-17-30-30
E-mail: