KGU

Маркази бақайдгирӣ ва иттилоотии НКТ

Маркази бақайдгирӣ ва иттилоотии НКТ

mbaqaidgiri.jpg

     Маркази бақайдгирӣ ва иттилоотии низоми кредитии таҳсилот яке аз воҳидҳои сохтории донишгоҳ ба ҳисоб рафта, дар ҳайати раёсати таълим фаъолият менамояд. Асоси ҳуқуқии фаъолияти марказро Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Стандарти давлатии таълимии маълумоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Консепсияи рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Низомномаи намунавии муассисахои таҳсилоти олии касбӣ», «Консепсияи миллии маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, фармонҳо ва мактубҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Оинномаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ», қарорҳои Шӯрои олимон, фармону дастурҳои ректор ва низомномаи Маркази бақайдгирӣ ва иттилоотии НКТ ташкил медиҳанд. Фаъолияти Маркази бақайдгирӣ ва иттилоотии НКТ ба тадбиқи асноди номбаршуда ва амалӣ намудани низоми таҳсилоти кредитӣ, ҳамчунин омӯзишу мавриди истифода қарор додани технологияи нави таълим бо назардошти беҳтар гардонидани сифати таълим ва тайёр намудани мутахассисони баландихтиссос равона шудааст. Маркази бақайдгирӣ ва  иттилоотии  низоми кредитии таҳсилот дар алоқамандӣ бо садорати донишгоҳ, факултаҳо, кафедраҳои умумидонишгоҳӣ ва дигар воҳидҳои сохтории донишгоҳ фаъолият мекунад. 

Маркази бақайдгирӣ ва иттилоотии НКТ дар самтҳои зерин фаъолият менамояд:

·ташкил ва назорати ҷараёни бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирии донишҷӯён ба фанҳои таълимӣ;

·танзими низоми тасдиқкунии рафти номнависшавии донишҷӯён ба фанҳои таълимӣ ва бақайдгирии ҳолатҳои даст кашидани донишҷӯ аз номнависшавӣ ба ин ё он фанни таълимӣ;

·бақайдгирии дастовардҳои таълимии донишҷӯ дар давоми таҳсил дар Донишгоҳ;

·ташкил ва гузаронидани аттестатсияҳои фосилавӣ ва дар асоси натиҷаҳои он тартиб додани рейтинги академии донишҷӯён;

·ташкил ва гузаронидани корҳо доир ба бақайдгирии донишҷӯён ба фанҳои таълимӣ ва таҳияи нақшаҳои фардии донишҷӯ дар асоси ҷадвали муқарраргардида;

·дар асоси нақшаи фардии донишҷӯ таъсис додани гурӯҳҳои академӣ;

·бо мақсади тартиб додани ҷадвали гузаронидани машғулиятҳои дарсӣ ба раёсати таълим пешкаш намудани маълумот дар бораи гурӯҳҳои академии таъсисгардида;

·бо мақсади дар сатҳи нисбатан баланд ба роҳ мондани сифати тадриси фанҳои таълимӣ, сифати машғулиятҳои дарсӣ ва корҳои мутақилонаи донишҷӯ, барномаи таълимии фанҳо, гузаронидани санҷиши дараҷаи азхудкунии донишҷӯён дар рӯзҳои аввали ҳар кадом соли хониш ва дар баробари таҳлили васеи натиҷаи он манзур намудани маълумот ба кафедраҳое, ки фанҳои таълимӣ дар назди онҳо омӯзонида мешаванд;

·мураттаб гардонидани ҳуҷҷатҳои шахсии донишҷӯ;

·такмил додани базаи натиҷаҳо;

·нигоҳдории маълумотҳои академӣ дар бораи фаъолияти таълимӣ (дараҷаи азхудкунии фанҳо аз ҷониби донишҷӯ), идоракунии маълумот доир ба баҳоҳои гирифта, кредитҳои ҷамъоварда ва рейтинги академии донишҷӯён;

·омодасозии маводи таълимӣ доир ба ташкил ва гузаронидани имтиҳонҳои ҷорӣ;

·банақшагирии ҷадвали раванди таълим, фосиланокии   машғулиятҳои дарсӣ, мураттабсозӣ ва барои тасдиқ ба раёсати Донишгоҳ ва Шӯрои методии Донишгоҳ пешниҳод намудани нақшаҳои таълимӣ (корӣ, фардӣ);

·иштирок дар мураттабсозии феҳристи фанҳои интихобӣ;

·расонидани ёрии амалӣ ба деканҳои факултетҳо ва кормандони Донишгоҳ доир ба масъалаҳои бақайдгирӣ, гузаронидани озмунҳо, истифодабарӣ аз барномаҳои таълимӣ ва ғайра;

·таъмини раванди таълим дар гурӯҳҳои академии низоми таҳсилоти кредитӣ бо фонди аудиторӣ;

·таъмини ҷараёни таҳияи  нақшаҳои таълимии фардӣ ва то ба донишҷӯ расонидани онҳо;

·таъмини техникии раванди номнависшавӣ ва ташаккули бақайдгирии натиҷаҳои он;

·ташкил ва танзими ҷараёни нигаҳдории маълумотҳои академӣ;

·таъмин ва танзими маълумоти муҳим барои донишҷӯ: нигаҳдории маълумот оид ба дараҷаи азхудкунии фанҳои таълимӣ, танзими маълумот дар бораи баҳоҳо ва кредитҳои бадастоварда, баҳои академии вазъи донишҷӯ барои садорати факултет, мураттабсозии рейтинги донишҷӯён;

·мураттаб сохтани  ҳисоботи таҳлилӣ барои тамоми воҳидҳои сохтории Донишгоҳ доир ба масъалаи маълумоти академии донишҷӯён;

·ташкил ва гузаронидани аттестатсияи фосилавии донишҷӯён ва омода сохтани маълумот барои санҷиши ниҳоӣ;

·таъмини фаъолияти садорати факултетҳо ва кафедраҳо дар самти амалӣ гардонидани корҳои илмӣ-методӣ, ташкилӣ ва ҷамъоварии маълумот тибқи технологияи кредитии таҳсилот.  

·дар заминаи мушоҳида (мониторинг) ва санҷишҳо муайян намудани мазмуну мундариҷаи барномаҳои фаннӣ доир ба ихтисосҳои роиҷи донишгоҳӣ ба талаботи Стандарти давлатии таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

·назорат аз рӯйи ҳолати дар ҷараёни таълим татбиқ гардидани нақшаҳо ва барномаҳои таълимӣ;

·иштирок дар таҳия ва пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар мавриди татбиқи низомҳои нави таҳсилот ва назорати сифати таълим дар Донишгоҳ;

·гузаронидани мушоҳида (мониторинг), назарпурсиҳо ва санҷишҳо бо мақсади беҳтар намудани сифати таълим дар гурӯҳҳои академии низоми таҳсилоти кредитии Донишгоҳ;

·назорати сифати таълим ва сатҳи гузаронидани машғулиятҳои дарсӣ аз ҷониби ҳайати профессорону омӯзгорон дар гурӯҳҳои академии низоми таҳсилоти кредитӣ;

·ташкил ва гузаронидани мониторинги муайян намудани дараҷаи донишазхудкунии фаннии донишҷӯёни гурӯҳҳои академии низоми таҳсилоти кредитӣ;    

·иштирок дар силсилаи чорабиниҳои ташкилӣ-машваратии Раёсати таълим ва сохторҳои донишгоҳӣ доир ба такмили нақшаҳо ва барномаҳои таълимӣ дар асоси талаботи ҳозиразамон нисбат ба таҳсилоти олии касбӣ;

·иштирок дар омодасозии ҳисоботи солона доир ба корҳои таълимию методии донишгоҳӣ;

·иштирок дар таҳияи маълумотномаҳо ва ҷавобномаҳо ба мактубҳои расмии мақомоти иҷроияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба корҳои таълимӣ-методӣ дар Донишгоҳ;

·ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо, семинарҳои таълимӣ-методӣ ва курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорон дар мавриди татбиқи низоми таҳсилоти кредитӣ ва технологияи нави таълим дар Донишгоҳ ҷоригардида;

·таҳияи таснифоти номгӯи ихтисосҳо, тахассусҳо, фанҳои таълимии кафедравӣ аз рӯи низоми таҳсилоти кредитии донишгоҳӣ, таъмини ҳаддалимкони факултетҳо, кафедраҳо ва шӯъбаҳои дахлдори Донишгоҳ бо маводи меъёрӣ-раҳнамунии талаботи низоми таълимии таҳсилоти кредитӣ;

·таҳияи барномаҳои компютерӣ (электронӣ)-и раванди таълими низоми таҳсилоти кредитӣ (ҷараёни дарсҳо, ҳуҷҷатгузории ҳаракати донишҷӯён, ҳисобкунии баҳогузории фаннии донишазбаркунӣ, варақаҳои рейтингӣ-имтиҳонӣ ва ғайра);

·таҳия ва ҷиҳати тасдиқ ба раёсат ва Шӯрои олимон пешниҳод намудани хулосаҳо оид ба сатҳи донишазбаркунии фаннии донишҷӯён, сифати таълим дар гурӯҳҳои академӣ ва татбиқи низоми таҳсилоти кредитӣ дар ихтисосҳои донишгоҳӣ;

·фароҳам овардани шароити таъмини ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба таҳияи сарбории таълимии омӯзгороне, ки дар гурӯҳҳои академии таҳсилоти кредитӣ фаъолият мекунанд;

·таҳияи маълумотномаҳо ва хулосаҳо ба раёсат оид ба амалӣ намудани низоми таҳсилоти кредитӣ, технология ва усулҳои нави таълим дар ихтисосҳои роиҷи донишгоҳӣ;