KGU

НИЗОМНОМАИ МАРКАЗИ БАҚАЙДГИРӢ ВА ИТТИЛООТИИ НКТ

Бо қарори Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии
Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ
аз ____ _____2018, № _____
тасдиқ шудааст

 

НИЗОМНОМАИ
Маркази бақайдгирӣ ва иттилоотии  низоми кредитии таҳсилоти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

1.Муқаррароти умумӣ 

         Низомномаи мазкур дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи таҳсилоти олии касбӣ таҳия карда шуда, фаъолияти маркази бақайдгирӣ ва машваратро ба танзим медарорад.

2.Фаъолияти маркази бақайдгирӣ ва машварат

 

        1.Маркази бақайдгирӣ ва машварат хадамотест, ки дастовардҳои донишҷӯёнро оид ба тамоми шаклҳои фаъолияти таълимии ӯ дар давраи таҳсил ба қайд мегирад. Ба зиммаи хадамоти мазкур ташкили тамоми намудҳои назорати натиҷаҳои донишандӯзӣ ва муайян кардани рейтинги академии донишҷӯ гузошта мешавад.

        2.Кормандони маркази бақайдгирӣ ва машварат бояд чунин намудҳои корҳои ташкилию бақайдгириро анҷом диҳанд:

        -идоракунии раванди таълим бо зоҳир намудани фаъолияти академӣ ва методии самаранок бо дигар воҳидҳои сохтории Донишгоҳ;

        -тартиб додани манбаи маълумот оид ба самт (ихтисосҳо)-и Донишгоҳ;    муфассалтар...