Бо мақсади баланд бардоштан ва сайқал додани савияи дониши донишҷӯён ва ҷалби ҳар чи бештари онҳо ба китобу китобхонӣ Шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ тасмим гирифтааст, ки озмуни интелектуалии “ҲАЛҚАИ ДОНИШ”-ро миёни дастаҳои факултаҳои донишгоҳ баргузор намояд. Озмуни мазкур дар 3 давр гузаронида мешавад.
Мақсади озмун:
-Дарёфти донишҷӯёни лаёқатманд;
- Тарғиби китоб ва илму дониш;
- ташкили гурӯҳи универсиалӣ аз миёни донишҷӯён;
Маълумоти иловагӣ: Шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ, бинои маъмурӣ, утоқи 206,
Тел: (83322) 2 - 36 - 18;
Email: javonon@kgu.tj