KGU

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ

Дар таърихи навини мардуми мо қабули Конститутсияи давлати соҳибистиқлоламон яке аз рӯйдодҳои муҳимтарини сарнавиштсоз буда, ин санаи муборак ҳар сол бо рӯҳбаландии хосса таҷлил мегардад.

Муфассалтар
8fbe83f16271af8b3c5cd94117756fba.jpg

ПАЁМИ ТЕЛЕВИЗИОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

Рӯзи забони давлатӣ, яъне забони шоиронаву шевои тоҷикӣ, ки онро султони суханварони Аҷам устод Рӯдакӣ «тараббахши рӯҳу фараҳафзои ҷон» номидааст, самимона табрик мегӯям.

Муфассалтар
Сах. 1 Президент.jpg

ҲАМОИШ БАХШИДА БА РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ

Имрӯз дар Донишгоҳ дар доираи рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли ҷавонон бо ҷалби донишҷӯёну омӯзгорон ҳамоиши васеи маърифатӣ-фарҳангӣ доир гардид.

Муфассалтар
кониститутсия.jpg

"ФОЗИЛОН" БА ДАВРИ НИҲОӢ РОҲ ЁФТАНД

Имрӯз дар “Толори фарҳангӣ”-и Донишгоҳ озмуни «Маҳфили зарифон» бахшида ба Соли ҷавонон байни факултаи филологияи тоҷик ва журналистика ва факултаи омӯзгорӣ гузаронида шуд.

Муфассалтар
Фозилон.jpg

СОБИҚ ДЕКАНҲО БО СИПОСНОМАИ
ДОНИШГОҲ ҚАДРДОНӢ КАРДА ШУДАНД

Cе нафар омӯзгорони донишгоҳ Холиқова Зайналбӣ, Бобоев Сафар ва Шералиева Садбарг бо ифтихорномаи ректори донишгоҳ сарфароз гардиданд.

Муфассалтар
2fddb883ec821ffd54c31b8221f3413f.jpg

ЭЪЛОН ОИД БА БАРГУЗОРИИ
ОЗМУНИ ФАННИ ДАР ДОНИШГОҲ

Ба таваҷҷуҳи донишҷӯёни факултаҳои Донишгоҳ расонида мешавад, ки Маркази истеъдодҳои ҷавон дар якҷоягӣ бо Маркази рушди касбият ва инноватсия озмуни фанниро барои дарёфти ҷоизаҳо эълон менамоянд.

Муфассалтар
ЭЪЛон.jpg

ТАШРИФИ НАМОЯНДАИ СММ БА ДОНИШГОҲ

Имрӯз дар “Толори фарҳангӣ”-и Донишгоҳ бо иштироки намояндагони Созмони Милали Муттаҳид конфренсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Ҳадафҳои рушди устувор: 2016-2030» гузаронида шуд.

Муфассалтар
номояндаи ООН.jpg

МАҶЛИСИ ВОЛИДОН

Имрӯз дар “Толори фарҳангӣ”-и Донишгоҳ маҷлиси якҷояи падару модарони донишҷӯёни факултаи Молиявию иқтисодӣ бо иштироки садорати факулта баргузор гардид.

Муфассалтар
мачлис.jpg

40-СОЛАГИИ ФАЪОЛИЯТИ
ЭҶОДИИ ШАРАФ АЗИЗОВ

Имруз дар “Толори фарҳангӣ”-и Донишгоҳ бахшида ба 40-солагии фаъолияти эҷодии аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари ансамбли «Орзу»-и шаҳри Кӯлоб устод Шариф Азизов чорабинии идона баргузор гардид.

Муфассалтар
Шараф азиз.JPG

ДАСТАИ ВАРЗИШИИ ДОНИШГОҲ АЗ РӮИ
НАМУДИ ВАРЗИШИ ҶИУ-ҶИТСУ НАСИБИ ҶОМ ШУД!

Бо ташаббуси Федератсияи миллии ҷиу-ҷитсуи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 21-22-юми октябри соли ҷорӣ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба Ҷиу-Ҷитсу баргузор гардид.

Муфассалтар
варзиш.jpg



РӮЗИ ПАРЧАМ ДАР ФАКУЛТАИ ФИОЛОГИЯИ ТОҶИК ВА ЖУРНАЛИСТИКА 23.11.2016

РӮЗИ ПАРЧАМ ДАР ФАКУЛТАИ ФИОЛОГИЯИ ТОҶИК ВА ЖУРНАЛИСТИКА

Имрӯз дар факултаи филологияи тоҷик ва журналистака конфронс бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ, ки яке аз муқаддасоти миллӣ ба шумор меравад, гузаронида шуд. Дар ин конфронс донишҷӯён ва устодони факулта иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар конфронс ховаршинос, устоди кафедраи журналистика Зафари Мирзоён, шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, устоди кафедраи адабиёти тоҷик Абдулҳай Қаландар ва ассистенти кафедраи адабиёти тоҷик Шамшоди Ҷамшед баромад намуданд. Дар конфронс дар васфи Парчам шеърҳои эҷодкардаи омӯзгорон низ қироат карда шуд.


Back to the list