KGU

КОНФРОНС ОИД БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ
ЗАНОН ВА ДУХТАРОН ДАР ИЛМ

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи ошиёна дуюми Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ конфронси илмӣ-назариявӣ бахшида ба рӯзи 11-уми феврал баргузаро шуд.

Муфассалтар
41c31b84cfea43aac1cc9a2a9370fdf6.jpg

ДОНИШҶӮИ ДОНИШГОҲ ҶОИЗАИ
ПРЕЗИДЕНТРО ГИРИФТ!

Ҳафтаи гузашта донишҷӯи соли 3-юми факултаи иқтисод ва идораи ДДК ба номи А. Рӯдакӣ Файзиев Қосим барои ишғоли ҷойи 3-юм дар Чемпионати Осиё оид ба гуштини тарзи озод Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро насиб гашт.

Муфассалтар
dc00cebe59e268f0ab542781143fe3c5.jpg

КОНФРОНСИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ДАҲСОЛАИ
БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОБ

Дар робита ба эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» санаи 7 январи соли 2017 аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон конференсияи илмӣ-амалии вилоятӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон – ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ оид ба об» гузаронида шуд.

Муфассалтар
2a59466cf73ebe69dcd4a9836109b637.jpg

САИДЗОДА РОЗИЯ ДАР «ТАРОНАИ
ДОНИШҶӮЙ-2016» ҶОЙИ СЕЮМРО ГИРИФТ! 

Дар ҷамъбасти соли 2016 аз тарафи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Таронаи донишҷӯй-2016» баргузор гардид.

Муфассалтар
f560c48c0fe9c51420e60d8d679e51f7.jpg

КОНФРОНСИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ДАҲСОЛАИ
БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОБ

Дар робита ба эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» санаи 7 январи соли 2017 аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон конференсияи илмӣ-амалии вилоятӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон – ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ оид ба об» гузаронида шуд.

Муфассалтар
2a59466cf73ebe69dcd4a9836109b637.jpg


ОЛИМПИАДАИ ДОНИШҶӮЁНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ ДАР ДОНИШГОҲ 24.04.2017

ОЛИМПИАДАИ ДОНИШҶӮЁНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ ДАР ДОНИШГОҲ

Даври хотимавии олимпиадаи доишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 174-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 11- Низомномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №145) 21-22 апрели соли 2017 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар сатҳи баланд баргузор гардид.
Олимпиада аз рӯи як равия аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забони англисӣ, забони русӣ, технологияи информатсионӣ, таърихи халқи тоҷик, математика, физика, химия, биология-экология, назарияи иқтисодӣ, фалсафа гузаронида шуд.
Тибқи барномаи кории олимпиада 21 апрел аз соати 800 қабул ва бақайдгирии иштирокчиёни олимпиада дар донишгоҳ шуда, соати 900 расми ботантана кушодашавии олимпиада оғоз гардид.
Дар кори олимпиада муовинони Вазири маориф ва илми ҶТ, намояндагони 33 муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректорон, ноибони ректорон ва донишҷӯён бо роҳбарони илмӣ ширкат доштанд.
Дар ҷаласаи ифтитоҳӣ нахуст ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои физика ва математика, профессор Абдулло Ҳабибулло меҳмононро хайрамақдам гуфта, сухани табрикотии муовини аввали Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирбобоев Раҳматулло шунида шуд.
Ҳамчунин, раиси Шӯрои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, академик Имомзода М. бо сухани табрикотӣ баромад намуд.
Сипас, иштирокчиёни олимпиадаро бо шартҳои Олимпиада шинос намуданд. Аз 1000 то соати 1700 кор дар озмунҳои фаннӣ идома кард.
Кори олимпиада дар бахшҳо то соати 1300 идома ёфта, тибқи тартиби барномаи кори озмун ҳамаи иштирокчиён ба тамошои мавзеъҳои фарҳангии шаҳри бостонии Кӯлоб баромаданд. Дар ин сайр меҳмонон аз Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои шаҳри Кӯлоб ва Оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ шиносоӣ пайдо намуданд. Ҳамчунин шоми рӯзи аввал дар “Толори фарҳангӣ”-и донишгоҳ хӯроки шом ва “Шоми ҷавонӣ” бо иштироки ҳунармандони хонаи маданияти донишгоҳ ва Коллеҷи санъати шаҳри Кӯлоб ташкил карда шуд.
Дар рӯзи дуюм, яъне 22 апрел аз соати 730 то 830 қабули аризаҳои даъвогии иштирокчиёни озмун ва соати 900 то соати 1600 баррасии аризаҳои даъвогии иштирокчиёни озмун (аппелятсия) доир гардид.

Дар ин озмун аз 33 муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон 235 нафар донишҷӯён сабқат доштанд. Дар охир ҷаласаи ҷамъбасти озмун, натиҷаи он баррасӣ шуд, ки чунин буд:       

       

1. Фани аввал  математика.
1.Хусрав Ёров, донишҷӯи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон
2.Идибек Бобоназаров, донишҷӯи Донишгоҳи Политехникии Тоҷикистон
3.Комил Муносиршоев, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хорӯғ                

2. Технологияи информатсионӣ.
1.Беҳзод Раҳмонов,донишҷӯи Донишгоҳи давлатии  Хуҷанд
2.Абдусаид Ҳусейнбоев,донишҷӯи Донишгоҳи Политехникии Тоҷикистон
3. Муҳиддин Мурродов, донишҷӯи донишгоҳи давлатии Кӯлоб                

3. Физика.
1.Дилшод Қобилов, донишҷӯи донишгоҳи миллии Тоҷикистон
2.Эркин Афиев, донишҷӯи филаяли М.Г.У.
3. Алишер Иброҳимов, донишҷӯи донишгоҳи давлатии Кӯлоб.               

4. Бология экология.
1.Ашурзода, донишҷӯи Донишгоҳи Миллиии Тоҷикистон.
2.Сино Хоҷазода, донишҷӯи Донишгоҳи Омӯзгории Тоҷикистон.
3.  Азиз Иброҳимов, доиншҷӯи Донишгоҳо давлатии Қурғонтеппа.

5.Химия.
Шаҳбоз Зулфиев, донишҷӯи Донишгоҳи Тиббии Тоҷикистон.
Сомон Ҳакимов, донишҷӯи Донишгоҳи Милии Тоҷикистон.
Комрон Бобоев, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб.

6. Таърихи халқи тоҷик.
Ҷамолиддин Шарипов, донишҷӯи Донишгоҳи Миллии ТОҷикистон.
Фарҳод Шарипов, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Омӯзгории Тоҷикистон.
Зоиршоҳ Одинаев, донишҷӯи Донишкадаи Соҳибкорӣ ва Хизмат.

7. Забони Руси.
Рухшона Раҳмонова, донишҷӯи Донишгоҳи Словянии Тоҷикистон ва Руссия.
Назира Латипова, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб.
Мадина Сафарова, донишҷӯи донишгоҳи давлатии Тиббии Тоҷикистон.

8. Забони Англисӣ.
Комрон Одинев, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб.
Алишер Ҷабборов, донишҷӯи Донишкадаи Политехникии Тоҷикистон.
Рустам Султонов, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Тиббии Тоҷикистон.

9. Назарияи иқтисод.
Шодӣ Икромов, доиншҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб.
Сайдо Шамсов, донишҷӯи Донишкадаи Милия Тоҷикистон.
Сайоқил Суфишоев, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хорӯғ.

10. Фалсафа.
Ҳаким Назваралиев, донишҷӯи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон.
Лоиқ Ғаюров, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб.
Музар Маҳмадсалимов, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хорӯғ.

11. Забони Тоҷикӣ.
Матлуба Шерова, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб.
Бибисоро Комилова, донишҷӯи Донишгоҳи Тиббии Хатлон.
Каримҷон Салимов, донишҷӯи Донишгоҳи Забонҳои Тоҷикистон.

Олимпиадаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Нуриддин Саид ҷамъбаст намуд.
Зимни ҷамъбасти озмун бо мақсади баланд бардоштани шавқу ҳаваси донишҷӯён ба омӯзиши илмҳои муосир, ташаккули тафаккури илмӣ ва техникии онҳо, дарёфти донишҷӯёни лаёқатманд ҷиҳати ҷалби онҳо ба соҳаҳои илм, тайёрии ҷиддӣ ба озмунҳо донишҷӯёне, ки сазовори ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардидаанд, бо диплом ва маблағҳои пулӣ аз тарафи ВМИ ҶТ қадршиносӣ карда шудан

д.


Back to the list