KGU

КОНФРОНС ОИД БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ
ЗАНОН ВА ДУХТАРОН ДАР ИЛМ

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи ошиёна дуюми Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ конфронси илмӣ-назариявӣ бахшида ба рӯзи 11-уми феврал баргузаро шуд.

Муфассалтар
41c31b84cfea43aac1cc9a2a9370fdf6.jpg

ДОНИШҶӮИ ДОНИШГОҲ ҶОИЗАИ
ПРЕЗИДЕНТРО ГИРИФТ!

Ҳафтаи гузашта донишҷӯи соли 3-юми факултаи иқтисод ва идораи ДДК ба номи А. Рӯдакӣ Файзиев Қосим барои ишғоли ҷойи 3-юм дар Чемпионати Осиё оид ба гуштини тарзи озод Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро насиб гашт.

Муфассалтар
dc00cebe59e268f0ab542781143fe3c5.jpg

КОНФРОНСИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ДАҲСОЛАИ
БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОБ

Дар робита ба эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» санаи 7 январи соли 2017 аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон конференсияи илмӣ-амалии вилоятӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон – ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ оид ба об» гузаронида шуд.

Муфассалтар
2a59466cf73ebe69dcd4a9836109b637.jpg

САИДЗОДА РОЗИЯ ДАР «ТАРОНАИ
ДОНИШҶӮЙ-2016» ҶОЙИ СЕЮМРО ГИРИФТ! 

Дар ҷамъбасти соли 2016 аз тарафи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Таронаи донишҷӯй-2016» баргузор гардид.

Муфассалтар
f560c48c0fe9c51420e60d8d679e51f7.jpg

КОНФРОНСИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ДАҲСОЛАИ
БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОБ

Дар робита ба эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» санаи 7 январи соли 2017 аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон конференсияи илмӣ-амалии вилоятӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон – ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ оид ба об» гузаронида шуд.

Муфассалтар
2a59466cf73ebe69dcd4a9836109b637.jpg


ТЕЛЕВИЗИОНИ КӮЛОБ 25-СОЛА ШУД! 13.05.2017

ТЕЛЕВИЗИОНИ КӮЛОБ 25-СОЛА ШУД!

Бахшида ба 25-солагии Телевизиони Кӯлоб

14-уми майи соли 1992 бо ташаббуси яке аз рӯзноманигорони муваффақ ва ҷасур дар минтақаи Кӯлоб Сафаралӣ Бозорзода Телевизиони Кӯлоб таъсис ёфт. Нақши он дар барқарор намудани Ҳукумати конститутсионӣ, якпорчагии Тоҷикистон, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва баргардонидани фирориёни иҷборӣ аз хориҷи кишвар бузург аст.
Телевизиони Кӯлоб дар соли 2002 бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба узвияти Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гардонида шуд. Иқдоми мазкур боис шуд, ки кормандони Телевизиони Кӯлоб барои фатҳи қуллаҳои нав муваффақиятҳои назаррас қадамҳои устувор гузоранд. Телевизион дар тӯли 25 соли фаъолияти худ ба пешрафту дастовардҳо ноил гардидааст.
Бо мақсади фаъолияти босамар ва вусъат ёфтан фазои иттилоотӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб бо дастгирӣ ва маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи истиқболи ҷашни 2700 – солагии Кӯлоб бинои Телевизиони Кӯлоб бо тарҳи замонавӣ сохта шуд.
Ҳамчунин, бо дастгирии Раиси собиқи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асадуллои Раҳмон Телевизиони Кӯлоб бо таҷҳизотҳои муосир, аз он ҷумла, таҷҳизоти мавҷпахшкунандаи иқтидораш пурқувват ва нақлиёт таъмин гардид.
Теъдоди кормандони телевизион замони таъсисёбӣ ба 8 нафар, соли 2002 ба 30 нафар мерасид ва имрӯз шумораи онҳо ба 71 нафар баробар аст.
Соли 2017 аз тарафи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Соли ҷавонон» эълон гардид, ки ин ба роҳбарияти телевизион рӯҳу илҳоми тоза бахшид. Аз ин ҷост, ки 70%-и кормандони телевизионро ҷавонони боистеъдоду бомаҳорат ташкил мекунанд. Аз ҷумла, сармуҳаррири он журналисти ҷавон Беҳрӯзи Одина Сафарзода мебошад, ки бо фикру андешаи тоза дар барномаҳои телевизион тағйироти куллӣ ба вуҷуд овардааст. Инчунин, дигар журналистони ҷавон бо барномаҳои таҳлиливу фароғатӣ кору фаъолияти хуб доранд.
Маҳдудаи шабонарӯзии пахши барномаҳои телевизион аз аввали соли 2014 тавассути таҷҳизоти рақамӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб ба 18,5 соат мерасад.
Тариқи телевизион барномаҳои гуногуни иттилоотӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва фароғатӣ таҳия ва омода мегардад, ки номгӯи он барномаҳо ба тариқи зайл аст:
Ахбор, Ҳафта, Дастовард, Кишоварз, Чеҳраи ҳунар, Касбам ифтихори ман аст, Ваҳдат бақои миллат, Зан ва ҷомеа, Мусоҳиба, Авроқи зиндагӣ, Субҳ, Таронаҳои дархостӣ, Инсон ва қонун, Қонун ва тартибот, Инсон ва табиат, Оила, Завқ, Дурахши истиқлол, Пайки истиқлол, Ганҷина, Тандурустӣ, Ҳамсол, Варзиш, Меҳрпайванд, Дурахши ситораҳо, Ёде аз бузургон, Шамъи хотира, Ҷавонон ва ҷомеа, Танзим талаби замон, Тарбия талаби замон, Илҳоми шоир, Дар сӯҳбати адиб, Бахтномаи миллат, Сабақи маънавӣ, Ҳунарманд, Маърифат, Шабоҳанг, Сайри таърих, Таърих гувоҳ аст, Ҳидоят, Забон пояи миллат, Боғдорӣ, Истеъдод, Зеркала историй, Ҷомеа ва иқтисод, Ҳадяи дил, Шоҳномахонӣ, Нигориши матбуот, Андешаҳо, Вақт, Сарбози ватан, Самари умр, Маданияти шаҳрдорӣ, Маърифати комил, Ватандорӣ, Таронаҳо, Пульс Кулябского региона, Ҳомиёни Ватан, Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ, Наворҳои гӯё, Ҳамадон, Пирони кӯҳистони Хатлон, Об манбаи ҳаёт, Чароғаки раҳнамо, Маъюбӣ маризӣ нест, Маориф, Омӯзгор, Некӣ ва накӯкорӣ, Шаҳрсозӣ, Муқаддасоти миллӣ ва шоу барномаҳои Муошират, Афкор, Мунозира, Чӣ бояд кард? ва Таҳлил.
Фаъолияти ҳаррӯзаи Телевизиони Кӯлоб аз рӯи нақшаи ҷадвали пахши барномаҳо ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Чумҳурии Точикистон, амали гардидани самтҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, иҷрои талаботҳои Қонуну Қарорҳои амалкунанда ва Қарорҳои Мушовараи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуда, дар тарғиби сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва тарбияи маънавии аҳолӣ дар вилояти Хатлон нақши босазо дорад.
Ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва ҳайати эҷодии рӯзномаи «Анвори дониш» кормандони Телевизион Кӯлоб, махсусан директории он Сафаралӣ Бозорзодаро ба 25-солагии таъсисёбии Телевизиони Кӯлоб табрику таҳният гуфта, дар кору фаъолияти эҷодияшон муваффақиятҳои назаррасро таманно доранд. Бигузор Телевизиони Кӯлоб ҳамеша муваффақ бимонад!


Back to the list