KGU

КОНФРОНС ОИД БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ
ЗАНОН ВА ДУХТАРОН ДАР ИЛМ

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи ошиёна дуюми Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ конфронси илмӣ-назариявӣ бахшида ба рӯзи 11-уми феврал баргузаро шуд.

Муфассалтар
41c31b84cfea43aac1cc9a2a9370fdf6.jpg

ДОНИШҶӮИ ДОНИШГОҲ ҶОИЗАИ
ПРЕЗИДЕНТРО ГИРИФТ!

Ҳафтаи гузашта донишҷӯи соли 3-юми факултаи иқтисод ва идораи ДДК ба номи А. Рӯдакӣ Файзиев Қосим барои ишғоли ҷойи 3-юм дар Чемпионати Осиё оид ба гуштини тарзи озод Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро насиб гашт.

Муфассалтар
dc00cebe59e268f0ab542781143fe3c5.jpg

КОНФРОНСИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ДАҲСОЛАИ
БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОБ

Дар робита ба эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» санаи 7 январи соли 2017 аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон конференсияи илмӣ-амалии вилоятӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон – ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ оид ба об» гузаронида шуд.

Муфассалтар
2a59466cf73ebe69dcd4a9836109b637.jpg

САИДЗОДА РОЗИЯ ДАР «ТАРОНАИ
ДОНИШҶӮЙ-2016» ҶОЙИ СЕЮМРО ГИРИФТ! 

Дар ҷамъбасти соли 2016 аз тарафи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Таронаи донишҷӯй-2016» баргузор гардид.

Муфассалтар
f560c48c0fe9c51420e60d8d679e51f7.jpg

КОНФРОНСИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ДАҲСОЛАИ
БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОБ

Дар робита ба эълон гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» санаи 7 январи соли 2017 аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон конференсияи илмӣ-амалии вилоятӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон – ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ оид ба об» гузаронида шуд.

Муфассалтар
2a59466cf73ebe69dcd4a9836109b637.jpg


БАРГУЗОРИИ КОНФРОНС ДАР МАВЗӮИ "НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР РУШДИ ИҚТИСОДИ ТОҶИКИСТОН" 24.06.2017

БАРГУЗОРИИ КОНФРОНС ДАР МАВЗӮИ "НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР РУШДИ ИҚТИСОДИ ТОҶИКИСТОН"

Имрӯз бо ташаббуси факултаи молиявию иқтисодӣ бахшида ба 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва "Соли ҷавонон" конфронси илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи "Нақши Ваҳдати миллӣ дар рушди иқтисоди Тоҷикистон" баргузор гардид.
Нахуст, бо сухани ифтитоҳии ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои физика ва математика, профессор Абдулло Ҳабибулло конференсия ҳусни оғоз бахшида шуд. Дар рафти конфронс муовини раиси шаҳри Кӯлоб, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Исмоилзода Саймурод, узви Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Қудратов Рустам, мудири кафедраи иқтисод ва идораи комплекси агросаноатии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Тағоев Ҷумахон ва сардори раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсӣ Шералӣ Ризоён баромад ва суханронӣ намукданд. Инчунин, дар конфронс аз дигар донишгоҳҳои ҷумҳурӣ низ омӯзгорон бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд. Конфронс дар ду бахш гузаронида шуд ва маводи он дар шакли маҷмуаи илмӣ рӯи нашр омад.


Back to the list