KGU

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ

Дар таърихи навини мардуми мо қабули Конститутсияи давлати соҳибистиқлоламон яке аз рӯйдодҳои муҳимтарини сарнавиштсоз буда, ин санаи муборак ҳар сол бо рӯҳбаландии хосса таҷлил мегардад.

Муфассалтар
8fbe83f16271af8b3c5cd94117756fba.jpg

ПАЁМИ ТЕЛЕВИЗИОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ

Рӯзи забони давлатӣ, яъне забони шоиронаву шевои тоҷикӣ, ки онро султони суханварони Аҷам устод Рӯдакӣ «тараббахши рӯҳу фараҳафзои ҷон» номидааст, самимона табрик мегӯям.

Муфассалтар
Сах. 1 Президент.jpg

ҲАМОИШ БАХШИДА БА РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ

Имрӯз дар Донишгоҳ дар доираи рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли ҷавонон бо ҷалби донишҷӯёну омӯзгорон ҳамоиши васеи маърифатӣ-фарҳангӣ доир гардид.

Муфассалтар
кониститутсия.jpg

"ФОЗИЛОН" БА ДАВРИ НИҲОӢ РОҲ ЁФТАНД

Имрӯз дар “Толори фарҳангӣ”-и Донишгоҳ озмуни «Маҳфили зарифон» бахшида ба Соли ҷавонон байни факултаи филологияи тоҷик ва журналистика ва факултаи омӯзгорӣ гузаронида шуд.

Муфассалтар
Фозилон.jpg

СОБИҚ ДЕКАНҲО БО СИПОСНОМАИ
ДОНИШГОҲ ҚАДРДОНӢ КАРДА ШУДАНД

Cе нафар омӯзгорони донишгоҳ Холиқова Зайналбӣ, Бобоев Сафар ва Шералиева Садбарг бо ифтихорномаи ректори донишгоҳ сарфароз гардиданд.

Муфассалтар
2fddb883ec821ffd54c31b8221f3413f.jpg

ЭЪЛОН ОИД БА БАРГУЗОРИИ
ОЗМУНИ ФАННИ ДАР ДОНИШГОҲ

Ба таваҷҷуҳи донишҷӯёни факултаҳои Донишгоҳ расонида мешавад, ки Маркази истеъдодҳои ҷавон дар якҷоягӣ бо Маркази рушди касбият ва инноватсия озмуни фанниро барои дарёфти ҷоизаҳо эълон менамоянд.

Муфассалтар
ЭЪЛон.jpg

ТАШРИФИ НАМОЯНДАИ СММ БА ДОНИШГОҲ

Имрӯз дар “Толори фарҳангӣ”-и Донишгоҳ бо иштироки намояндагони Созмони Милали Муттаҳид конфренсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Ҳадафҳои рушди устувор: 2016-2030» гузаронида шуд.

Муфассалтар
номояндаи ООН.jpg

МАҶЛИСИ ВОЛИДОН

Имрӯз дар “Толори фарҳангӣ”-и Донишгоҳ маҷлиси якҷояи падару модарони донишҷӯёни факултаи Молиявию иқтисодӣ бо иштироки садорати факулта баргузор гардид.

Муфассалтар
мачлис.jpg

40-СОЛАГИИ ФАЪОЛИЯТИ
ЭҶОДИИ ШАРАФ АЗИЗОВ

Имруз дар “Толори фарҳангӣ”-и Донишгоҳ бахшида ба 40-солагии фаъолияти эҷодии аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари ансамбли «Орзу»-и шаҳри Кӯлоб устод Шариф Азизов чорабинии идона баргузор гардид.

Муфассалтар
Шараф азиз.JPG

ДАСТАИ ВАРЗИШИИ ДОНИШГОҲ АЗ РӮИ
НАМУДИ ВАРЗИШИ ҶИУ-ҶИТСУ НАСИБИ ҶОМ ШУД!

Бо ташаббуси Федератсияи миллии ҷиу-ҷитсуи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 21-22-юми октябри соли ҷорӣ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба Ҷиу-Ҷитсу баргузор гардид.

Муфассалтар
варзиш.jpg



2 МАГИСТРИ ДОНИШГОҲ АЗ ХОРИҶИ КИШВАР БО ДИПЛОМИ АЪЛО БАРГАШТАНД 12.09.2017

2 МАГИСТРИ ДОНИШГОҲ АЗ ХОРИҶИ КИШВАР БО ДИПЛОМИ АЪЛО БАРГАШТАНД

Имсол ду магистри донишгоҳ магирстратураи донишгоҳҳои хориҷи кишварро бо дипломи аъло хатм намуданд.
Фирдавси Холмуҳаммад магистратураи Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Томски Федератсияи Россияро аз рӯи ихтисоси «Математика» ва Садафмоҳи Нуриддин Донишгоҳи технологии ба номи Ҷавоҳирлол Неруи кишвари Ҳиндустонро аз рӯи ихтисоси «Роҳбарияти тиҷорат» бо дипломи аъло хатм намудаанд. Айни замон ду нафар Сумани Бобохон дар магистратура ва Абдураҳмонова Нилуфар дар Ҷумҳурии Ҳиндустон таҳсил намуда истодаанд.
Маъмурияти донишгоҳ ва ҳайати эҷодии рӯзнома Фирдавс ва Садафмоҳро ба ин муваффақияташон табрику таҳният намуда, дар зиндагиашон хушбахтиҳоро таманно доранд.
ФИРДАВСИ ХОЛМУҲАММАД. 20-уми январи соли 1994 дар деҳаи Раҳмонободи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Соли 2000 ба мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 4-и ҳамин деҳа ба синфи 1-ум рафта, онро соли 2011 хатм намудааст. Баъди хатми мактаб тибқи Квотаи Президентӣ ба факултаи физика ва метематикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дохил шудааст.
4.04. 2013 ва 8.05.2014 дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни математика иштирок намуда, соҳиби ҷойи дуюм ва «Дипломи дараҷаи 2» гаштааст.
Соли 2015 дар олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз фанни математика иштирок намуда, соҳиби ҷойи дуюм ва «Дипломи дараҷаи 2» гаштааст.
8.05.2015 дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанни математика иштирок намуда,  соҳиби ҷойи аввал ва «Дипломи дараҷаи 1» гаштааст.
Соли 2015 донишгоҳро бо дипломи сурх хатм карда, худи ҳамон сол барои идома додани магистратура ҳуҷатҳояшро ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Томски Федератсияи Федератсияи Россия (ТГПУ) супурда, онро имсол бо димломи сурх хатм намудааст. Дар давоми таҳсил дар магистратура соҳиби якчанд сертификатҳо гаштааст. Дар маҷаллаи илмии Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Томск мақолаҳои зеринро чоп намудааст: «Новие решение для управлений типа Клеро», «Дифференциальные управления в профессиональной подготовке учителя математики», «О проблеме формирования профессиональных компетенции будущих учителей математики и физики» чоп намудааст. Дар мавзӯи «Формирование математической культуры студентов при решении дифференциальных уровнений Клеро с частными производными» рисолаи магистриашро Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Томски Федератсияи Федератсияи Россия ҳимоя намуд ва ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ баргашт, ки ба таълиму тарбияи ҷавонон машғул аст.
Айни замон ассистенти кафедраи математикаи олии донишгоҳ буда, ният дорад таҳсилро дар докторантураи РhD  идома диҳад.

САДАФМОҲ НУРИДДИН МУҲИДДИНЗОДА. 28 сентябри соли 1993 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шудааст. Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 9-и шаҳри Кӯлобро бо аттестати аъло хатм намудааст. Иштирокчии олимпиадаҳои ҳамасола миёни мактаббачагон аз фанҳои забони тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ буда, бо Раҳматнома ва Ифтихорномаҳои мактаб ва  бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб сарфароз гардидааст.
Соли 2015 факултаи филологияи хориҷии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро бо дипломи аъло хатм намуда, худи ҳамон сол тибқи квотаи Сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон ба магистратураи Коллеҷи Шри Вентакишвараи Донишгоҳи технологии Ҳиндустон ба номи Ҷавоҳирлол Неҳрӯ дохил шуда, соли 2017 муассисаи номбурдаро бо дипломи аълои дараҷаи магистри «Роҳбарияти тиҷорат» хатм кардааст.
Давоми соли 2014-2015 гирандаи идрорпулии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Айни замон ассистенти кафедраи забони англисии донишгоҳ буда, ният дорад таҳсилро дар докторантураи РhD  идома диҳад.


Back to the list