KGU

ТАМОШОИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ДАР ДОНИШГОҲ

22 декабри соли 2017 дар толори калони “Кохи Сомон”-и Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.

Муфассалтар
03.jpg

ПАЁМИ ТЕЛЕВИЗИОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
БА МУНОСИБАТИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ

Ҳамватанони азиз! Тибқи солшумории мелодӣ соли 2017 сипарӣ шуда, соли нави 2018 фаро мерасад. Кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамаи ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ин муносибат самимона табрик мегӯям.

Муфассалтар
Сах. 1 Президент.jpg

ТАШРИФИ РАЁСАТИ ИНТ БА ДОНИШГОҲ

Имрӯз раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим, нависанда Аблулҳамид Самад, шоир Алиакбари Абдулло ва Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб ба хотири таҷлили зодрӯзи нависанда Абдулҳамид Самад ба Донишгоҳ ташриф оварданд.

Муфассалтар
04.jpg

КОНФРОНС БАХШИДА БА СОЛИ ҶАВОНОН

Имрӯз дар факултаи филологияи тоҷик ва журналистика конфронси илмӣ-амалӣ бахшида ба Соли ҷавонон гузаронида шуд. Нахуст, бо сухани ифтитоҳӣ декани факулта Гадомад Зулфиев баромад намуданд.

Муфассалтар
05.jpg

КОНФЕРЕНСЯИ ИЛМӢ - АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ
ДАР ДОНИШГОҲ

Имрӯз дар Донишгоҳ Конференсяи илмӣ - амалии Ҷумҳуриявии таҳти унвони "Ташкили сиёсати кластерӣ ҳамчун асоси самтнокии инноватсионӣ ва рақобатпазирии минтақа" доир гашта истодааст.

Муфассалтар
06.jpg

ҲАСАН ҶОЙИ 1-УМРО ГИРИФТ ВА БА
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ РОҲХАТ ЁФТ!

Суфиев Ҳасан, донишҷӯи соли 4-уми ихтисоси молия ва қарзи факултаи молиявию иқтисодӣ дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба «Гуштини юнону румӣ» иштирок кард.

Муфассалтар
09.jpg

МАҲФИЛИ “ОЛАМИ ИҚТИСОД” АМАЛ МЕКУНАД!

Имрӯз дар факултаи молиявию иқтисодӣ маҳфили «Олами иқтисод» бо роҳбарии омӯзгори факулта Давлатов Гулаҳмад баргузор гардид.

Муфассалтар
10.jpg

БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ИЛМӢ-АМАЛӢ

Имрӯз дар факултаи физика ва математика конфронси илмӣ-амалии омӯзгорон ва донишҷӯён бахшида ба 25-солагии ичлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли ҷавонон баргузор гардид.

Муфассалтар
11.jpg



18.01.2018

Душман нахуфтааст, машав эмин аз ӯй

Ба назарам мо дар бораи фаъолият ва сияҳкориҳои Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикстон ҳанӯз ҳам огоҳии пурра надорем ва чунин мешуморем, ки навиштани мақолаҳо, намоиш додани маводи видеоӣ ба хотири нишон додани нақшаҳои харобкории ин ҳизби бадкор, вазифаи зиёиён мебошад.
Маълумоти мо дар бораи мақсадҳои нопоки ин ҳизби ҷомеаи тоҷиконро дар солҳои 90 уми асри гузашта ба хунрезиҳо кашида, пурра нест. Мо ба таври сарсарӣ аз алоқаҳои ин ҳизб бо ташкилотҳои террористии љаҳонии либоси динӣ ба тан карда, огоҳӣ дорем. Ҳизби Наҳзати Исломӣ, ки намехоҳам калимаи муқаддаси Тоҷикистонро ба он олуда кунам, дар назари ман ба монанди каждуми зери бурёст, ки лагадмол шудааст, аммо ҳанӯз ҳам ҷон дораду мехоҳад неши шикастаашро боз ба баданаш бичаспонад. Ман ба яке аз изҳороти он назар афканда, маърифат ҳосил намудам, ки ҳанӯз 3 – 4 сол пеш аз саркӯб гаштанаш, ҳизби наҳзат ҳамлаашро бар зидди ҳукумати Тоҷикистон шурӯъ карда буд.
Дар он баёния мехонем, ки «мутаассифона, тарафи дигари сулҳ - Ҳукумати ҶТ бо сӯистифода аз сабру таҳаммули ҲНИТ ва бетаваҷҷӯҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба тақдири минбаъдаи мусолиҳаи миллии тоҷикон ва бо тарс додани мардум аз ҷангу хунрезиҳои нав, сиёсатҳои интиқомҷӯёнаву саркӯбгароёна ва таҳдиду фишорро алайҳи шарики аслии сулҳ афзоиш бахшида, онро ба авҷи аъло расонида истодааст.»
Бубинед, ҳизби наҳзат фаъолияти ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро зери интиқод қарор дода, таъкид кардааст, ки аз «сабру таҳаммули ҲНИТ» сӯистифода мекунанд ва умед дорад, ки дар зери номи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷаҳонхороне дар кишварҳои Аврупову Амрико пайдо хоҳанд шуд, ки онҳоро бо силоҳу нерӯҳои экстремистӣ таъмин менамоянд.
Онҳо ҳаргиз ором набуданд ва хурдтарин имкониятро истифода мебурданд, ки маблағ ҷамъ кунанд, одамони аз ҳукумат норозиро ҳар чӣ бештар ба самти худ бикашанд. Бо дастури махфии ҳизб, яке аз аъзои он, собиқ вазири саноат ва соҳибкори сарватманд, Зайд Сайид барои густариш бахшидани ҲНИТ, соли 2013 ҳилагарона бо номи «Тоҷикистони навин», кӯшиши бунёди ҳизби мухолифи ҳукуматро намуда буд, ки дар асл он бояд ҳамчун филиали ҲНИТ амал мекард. Дар ҳамкорӣ бо ифротгароёни исломии хориҷи кишвар, дар бунёди масҷидҳои нав иқдом намуда, масҷидҳо ва эмомхатибонашро маблағгузорӣ менамуданд ва барои баланд бардоштани мақому обурӯи хатибон дар байни аҳолӣ корҳои таблиғотӣ мебурданд.
Дастгоҳҳои махсуси давлатӣ ҳанӯз дар оғози давлатдории муосири тоҷик кашф намуда буданд, ки илҳомбахш ва маблағгузори ин ҳизб дар хориҷи кишвар қарор дошта, мақсадашон  дар тақвият бахшидан ба худопарастии тоҷикон нест. Балки дар ин кишваре, ки аз нигоҳи ҷуғрофиёӣ дар минтақаи барои давлатҳои абарқудрат мусоид қарор дорад ва аз ҷумла Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки мехоҳад ба воситаи ноором сохтани Тоҷикистон, зарба ба Русия зада, ин рақиби стратегии худро, аз роҳи нооромӣ бахшидан ба вилоятҳои мусалмоннишинаш, заъиф намояд, ҳизби исломиро василаи хуб медонад. Онҳо одатан ба аъзои ҷавони ҲНИТ талқин кардаанд, ки ҳизб ва дастгиронашон барои демократия мубориза мебаранд, на фиребхӯрдаҳои сиёсати ҷаҳонхорон мебошнд. Ҳамин буд, ки яке аз аъзои ҷавони ҳизб бо этироз баромад карда, изҳор менамуд, ки « озодӣ ва демократияе, ҳама даъво мекунанд, танҳо дар Ислом ёфта мешавад ва ҲНИТ ҳам дар асоси ҳамон талаботҳоест, ки мухолиф ба дастуроти Ислом ва демократия нестанд.»
Дар матбуоти даврӣ мақолаҳои таҳлилиеро мутолиа намудаем, ки  ҳизб ба дини ислом камтарин иртиботе надорад, балки номи «ислом» як пӯшише мебошад барои ташкилотҳои экстремистӣ ва қудратхоҳ. Он созмонҳо дар миёни эътиқодмандони дини ислом фитнаангезӣ намуда, аркони дини исломро ба сиёсати давру замон мепечонанд. Аслан худованд дар паёми худаш ба накӯкорӣ, коштани меҳру раҳму шафқат ва иттиҳоди мусалмонони ҷаҳон барои ҷидду ҷаҳд намудан баҳри осудагии мардумон даъват мекунад. Одамонро ба гурӯҳҳову фирқаҳо ҷудо намудан, ки гоҳе аз ин ҷудоиҳо сиёсатмадорони ҷаҳонхор истифода карда, мусалмононро бар зидди ҳамдигар бармеангезанд, ба воситаи ташкил кардани ҳизбҳои аврупоие сурат мегирад, ки ба онҳо тобиши исломӣ додаанд. Натиҷаи ҳамин тафриқаандозӣ мебошад, ки имрӯз дар миёни як идда аз ҷавонони нохондаву камхондаи кишварҳои арабӣ ва мусалмоннишин, гурӯҳҳои ифротгаро ва тундраве пайдо шудаанд, ки каҷфаҳмиҳои худро мехоҳанд бо роҳи зӯрӣ, бо роҳи силоҳ ва рехтани хуни ноҳақ бар сари дигарон бор кунанд.
Онҳо бо номҳои дар зоҳир ба дин наздик, вале дар ботин бо амалҳои ғайриисломии хеш номи исломро мехоҳанд ба бадӣ кашонанд. Чунинанд номҳои ҷараёнҳои иғвобарангезе, ки имрӯз ба кишвари мо низ таҳдид доранд: «Толибон», «Салафиён», «Ансоруллоҳ», «Давлати исломӣ» ва албатта Ҳизби наҳзатии исломӣ.
Ва аммо бояд донист, ки Қуръони карим чунин  тафриқаандозӣ ва дар байни мусалмонон низоъ андохтанро шадидан маҳкум намудааст ва Худованд дар сураи 32  «Аррум»и паёмаш фармудааст: «Мабошед аз ононе ки пароканда сохтанд дини худро ва аз ҳам ба гурӯҳҳо ҷудо шуданд. Ҳар гурӯҳе аз онҳо ба дину ақидаи худ хурсанд аст.»
Бояд таъкид кард, ки Худованд барои он бандагонаш, ки ҷомеаро ба парокандагиву ихтилофҳо мекашад, дар сураи 105 «Оли Имрон», ҷазо раво донистааст: «Ва мабошед монанди касоне, ки пароканда шуданд ва бо якдигар мухолифат намуданд ва баъд аз оне ки дар маврид ба онҳо ҳуҷҷату далоил омад, барояшон азоби бузург вуҷуд дорад.»
Ман бо боварии пурра метавонам изҳор намоям, ки аксари кулли аъзои ҳизби ба ном исломӣ Қуръонро нахондаанд ва аз фалсафаи ислом бенасибанд. Бояд аз онҳо пурсид, ки дар куҷои Қуръони карим сабт шудааст, ки барои расидан ба худошиносӣ мусалмон бояд шомили ҳизби сиёсие бошад ва барои ба даст овардани қудрат таҳдид ба амнияти умматони паямбар бизананд. Дар фатвоҳо ва тафсирҳои ҳама олимони машҳури ислом возеҳу равшан баён гаштааст, ки барои ягон мусалмон раво нест, ки ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракати исломӣ шомил бошад. Ва Қуръони карим дар сураи Анъом, ояи 159 ҷудоихоҳиву парокандагии мусалмононро сахт маҳкум намудааст: «Ба дурустӣ ту аз касоне, ки дини худро пароканда карданд ва ба гурӯҳ – гурӯҳ фасл шуданд безорӣ намо.»
Имрӯз роҳбарони шармандаи ҲНИТ худро дар бағали ҳомиёни хориҷиашон ҷой карда, роҳҳои баргашт ба Тоҷикистонро доранд. Онҳо интизоранд, ки хунхорони ДОИШ кишвари Афғонистонро фаро гирифта, аз он ҷо ба хоки поки мо пойи нопокашонро мегузоранд. Гумон кардаанд, ки бо нишастан дар паҳлӯи роҳбари сиёсии Эрон, ҷаноби Хуманаӣ, таваҷҷуҳи ифротгароёни динии ҷаҳонро ба худ ҷалб карда, маблағ гирд меоваранд. Гоҳе ба Аврупо сафар карда, раҳми демократбозони дунёи Ғарбро меангезанд.
Аммо маълум аст, ки дигар давлати мо қувваи басанда дорад, то ин ки сарҳадҳои худро нигаҳбонӣ намояд. Тоҷикистон сарвари хирадманду пешбин дорад, ки шомили созмонҳои низомии дифоъи дастаҷамъӣ гашта, ҳар як таҳдидгарро ба зудӣ дар ҷояш мешинонад.
Нвобаста ба ин ман ҳамчун як шаҳрванди содиқи Ватани азизамон Тоҷикистони ягона, аз ҳамдиёрони азиз таманно дорам, ки ҳаргиз ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд. Нагузоранд, ки дини исломро василаи шӯру ошубангезӣ дар ватанамон сохта, ба оромиву осудагии халқи шарифамон халал оваранд. 


Back to the list