KGU

ТАМОШОИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ДАР ДОНИШГОҲ

22 декабри соли 2017 дар толори калони “Кохи Сомон”-и Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.

Муфассалтар
03.jpg

ТАШРИФИ РАЁСАТИ ИНТ БА ДОНИШГОҲ

Имрӯз раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим, нависанда Аблулҳамид Самад, шоир Алиакбари Абдулло ва Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб ба хотири таҷлили зодрӯзи нависанда Абдулҳамид Самад ба Донишгоҳ ташриф оварданд.

Муфассалтар
04.jpg

КОНФРОНС БАХШИДА БА СОЛИ ҶАВОНОН

Имрӯз дар факултаи филологияи тоҷик ва журналистика конфронси илмӣ-амалӣ бахшида ба Соли ҷавонон гузаронида шуд. Нахуст, бо сухани ифтитоҳӣ декани факулта Гадомад Зулфиев баромад намуданд.

Муфассалтар
05.jpg

КОНФЕРЕНСЯИ ИЛМӢ - АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ
ДАР ДОНИШГОҲ

Имрӯз дар Донишгоҳ Конференсяи илмӣ - амалии Ҷумҳуриявии таҳти унвони "Ташкили сиёсати кластерӣ ҳамчун асоси самтнокии инноватсионӣ ва рақобатпазирии минтақа" доир гашта истодааст.

Муфассалтар
06.jpg

ҲАСАН ҶОЙИ 1-УМРО ГИРИФТ ВА БА
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ РОҲХАТ ЁФТ!

Суфиев Ҳасан, донишҷӯи соли 4-уми ихтисоси молия ва қарзи факултаи молиявию иқтисодӣ дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба «Гуштини юнону румӣ» иштирок кард.

Муфассалтар
09.jpg

МАҲФИЛИ “ОЛАМИ ИҚТИСОД” АМАЛ МЕКУНАД!

Имрӯз дар факултаи молиявию иқтисодӣ маҳфили «Олами иқтисод» бо роҳбарии омӯзгори факулта Давлатов Гулаҳмад баргузор гардид.

Муфассалтар
10.jpg

БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ИЛМӢ-АМАЛӢ

Имрӯз дар факултаи физика ва математика конфронси илмӣ-амалии омӯзгорон ва донишҷӯён бахшида ба 25-солагии ичлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли ҷавонон баргузор гардид.

Муфассалтар
11.jpg



Нолаи падари фарзандгумкарда 18.01.2018

Нолаи падари фарзандгумкарда

Писарам, писари ба ҷону дил баробарам хабари нангини марги туро шунида тамоми вуҷудамро ғаму андуҳ фаро гирифта дидагонам ашкборону, қалбам хунчакон гаштанд. Чунки ниҳоли пайванди ҷонамро аз беху бандаш буриданд. Имрӯзҳо аз он оҳу нола дорам, ки ҷасади тирборон гаштаи туро ба дастони худ ба қабр намонда як каф хок напошидам.
Оҳ писарам, ҷон писарам. Фарзанди дилбандам ҷигарбандамро ба ҷанги бародаркуш бурда ваҳшиёна куштанду бе кафану бе ҷаноза монанди ҳайвони бесоҳибмурда зери хок карданд.
Раҳгумзада писарам, фиребхурда писарам. Ту дар кишвари бегона чи гум карди, ки ба онҷо рафти? бо иҷозати ки, бо фотеҳаи кадом хоҷагони бадхохи дину миллатӣ осудаи мо ба онҷо рафтӣ?
Вақти ба Россия рафтанат ману модари пират фотеҳаи нек дода аз даргоҳи Аллоҳ бароят сиҳат саломати ва кушоиши кор орзу карда будем. Эй писари соддадилу гумроҳи ман. Ваъда дода буди ки барои беҳдошти зиндагиамон ва хатнатуйи писарат маблағе кор карда бо тези назди зану фарзандонат бар мегарди. Эй писари ғурамаргам чаро ба ваъдаат вафо накарди.
Мардуми диёр ба маросими мотамдорият барои фотеҳахондан омаданд. Лек дар қалбашону забонашон чи гуфтору андешаҳо буд ба ман номаълум аст. Оҳ писари беақлу нодони падар. Онҳоро бо чашмони акшбору сари хам пешвоз мегирифтаму ба қалби пора пора ба хоҷагони Худозадаи ту нафратҳо мефиристодам. Ин душманони дини Ислом ҳеҷ рӯзи некиро набинанд, фарзандҳои онҳо ҳам ҷавонмарг шаванд. Илоҳо хонаашон сӯзаду доғи фарзанд ҳамсафари доимиашон гардад. Сари моро хам, дилҳоямонро пурғам карди писарам. Оҳ нодону гумроҳ писарам. Ба маросими мотамдории ту омадагон оё оилаи моёнро нафрат мекарданд ё маломат инро Худо медонаду бас. Писарам, писари ҷавонмаргам.
Аз оҳу нола ва гиряҳои дарунсӯз ману модари пират ба ғам мубтало гашта бистари гаштем. Ду фарзандат, ду нури дидагонат ҳар пагоҳи ёди тӯи ғурамаргро карда аз ману модарашон дар куҷо будани туро мепурсанд.
Писарам, писари бе ҷанозаю бе кафан гумшудаам. Ба ин фарзандони зебояку дилороят чи гуфтанро худам ҳам намедонам. Ҳамсарат боз дар қадаш интизори фарзанд асту аз фироқи ту аз марги бемаҳаллу гушношунидаи ту обу адо гашта, беҳушу бе ёд доимо нола дорад. Оҳ писарам, писари ғурамаргам. Имрӯзҳо аҳли байту хешовандонат рӯзу шаб дар фироқат ашки ҳасрат мерезанд. Писарчонам, писари фиребхурдаи соддалавам. Ҳар сол аз Россия 5-6 тобути ғурамаргонро ба диёр меоваранд ва онҳоро бо иззату икром кафан карда, ҷаноза хонда гӯр мекунанд.
Моён хешу ақрабоят намедонем, ки дар кадом мулки бегона дафн шудаи. Оё дар сари қабрат бароят фотеҳаи ҷаноза хондаанд ё не. Писарам, писари бе ҷаноза гум шудаам. Барои кор кардан ба Россия рафти, мехости туйи хатнасур кунию бо маблағи ҷамъовардаат ба мардум «Ош» диҳи. Оҳ ҷону ҷигарам писараам, ноумедрафта писарам. Вале маблағи фиристодаат барои маросими мотамат насиб гардид.
Писарам, ҷону ҷигарам писарам. Эй фарзанди соддаи ман надонистам, ки кадом нохалафи ҷинояткор туро ба домаш кашида ба ҷанги мусулмонкуш гусел кард. Оё нашунида буди, ки мусулмонкуш ҳеҷ гоҳ ба раҳмати Худованд лоиқ нашуда ҷояш «Дузах» мегардад. Писарам, писари бе кафан гумшудаам.
Туро агар дар ин ҷангҳо шаҳид шави рост ба Биҳишт мерави гуфта фиребат доданд.
 Писарам, писари соддалави деҳотиям. Ту ба авлоду диёрам нанг оварди писарам, писари бе нангу орам. Бобоят дар фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ қаҳрамонона ҷангида ба тухми фашистон қирон оварда буд.
Имрӯзҳо ному каҳрамонониҳои бобоят вирди забони ҳамагон гаштааст, писарам, писари хору зор шудаам. Намедонам бо қалби хуншор фикр мекунам, ки номи туро мардум оянда чи гуна ба забон мегирифта бошанд. Писарам, писари гумроҳшудаи бе номи нек гумшудаам. Бобоят ватандӯсти меҳанпарвар буду, ту мусулмонкушу бадгуҳар будаи писарам. Авлодамон фахри деҳа буданд, ту нанги диёр шуди писараам во ҳасрато писарам. Аҳли диёр бо фарзандони матиниродаю меҳанпарасти худошиносаш, ки бо амалу номи некашон ба гирифтани унвону мукофотҳои давлатӣ сазовор гаштаанд фахранд, мани сарсахт бо кадом қаҳрамониҳоят фахрам писарам воҳасрато писарам.
Дилам мехост ҷавонмарди бо нангу ор боши, рӯзи туйю сур чун хохару бародаронат дар паҳлуямон бошию қуввати диламон гарди ғурамаргам писарам, воҳасрато писарам. Акнун намедонам рӯзи маргам пояи тобутамро бе ту, киҳо мебардошта бошанд, киҳо ассобадаст во падарам во падарам гӯён аз паси тобутам ба қабристон меомада бошанд
Писарам сари қабрам бо ҷои ту киҳо хок мекашида бошанду дуо хонда ашк мерехта бошанд. Дар ҳасрати марги ту ҷон ба «Ҷаббор» супоридам писарам во писарам во писарам во ҷигарам.
Ҳамчун рӯзноманигор ва як шаҳрванди Тоҷикистон  гуфтаниям ,ки тарғибу ташвиқи ақидаҳои ифротгароӣ, барангехтани тухми низоъ дар миёни инсонҳо, нодида гирифтани арзишҳои олии давлату миллат, даъвати одамон ба ҷиҳоду муноқишаҳои қавмию мазҳабӣ ва таҳдид ба субботу оромии ҷомеа аз амалу кирдорҳои ҷинояткорона ба ҳисоб рафта, ба ояндаи он хатари ҷиддӣ эҷод менамояд.Оқибат садҳо  падарону модарон  аз доғи писарони гумроҳшуда ва дар ҷанги Сурия ва дигар мамлакатҳои ҷангзада ба ҳалокат расида  то ба охири умри хеш дар доғи писар месузанду ҷигарҳо   кабоб мегарданд.
Мутаасифона, солҳои охир сар боло кардани гурӯҳҳои тундраву ифротгаро вазъи сиёсиро дар як қатор кишварҳои олам ноором сохта, боиси содир намудани амалҳои террористӣ ва дигар амалу кирдорҳои ҷинояткорона мегарданд.
Боиси таасуф аст, ки бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон низ ба доми найранги гурӯҳҳои экстримистӣ афтода, ба сафи онҳо пайвастаанд.


Back to the list