KGU

ТАМОШОИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ДАР ДОНИШГОҲ

22 декабри соли 2017 дар толори калони “Кохи Сомон”-и Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.

Муфассалтар
03.jpg

ТАШРИФИ РАЁСАТИ ИНТ БА ДОНИШГОҲ

Имрӯз раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим, нависанда Аблулҳамид Самад, шоир Алиакбари Абдулло ва Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб ба хотири таҷлили зодрӯзи нависанда Абдулҳамид Самад ба Донишгоҳ ташриф оварданд.

Муфассалтар
04.jpg

КОНФРОНС БАХШИДА БА СОЛИ ҶАВОНОН

Имрӯз дар факултаи филологияи тоҷик ва журналистика конфронси илмӣ-амалӣ бахшида ба Соли ҷавонон гузаронида шуд. Нахуст, бо сухани ифтитоҳӣ декани факулта Гадомад Зулфиев баромад намуданд.

Муфассалтар
05.jpg

КОНФЕРЕНСЯИ ИЛМӢ - АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ
ДАР ДОНИШГОҲ

Имрӯз дар Донишгоҳ Конференсяи илмӣ - амалии Ҷумҳуриявии таҳти унвони "Ташкили сиёсати кластерӣ ҳамчун асоси самтнокии инноватсионӣ ва рақобатпазирии минтақа" доир гашта истодааст.

Муфассалтар
06.jpg

ҲАСАН ҶОЙИ 1-УМРО ГИРИФТ ВА БА
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ РОҲХАТ ЁФТ!

Суфиев Ҳасан, донишҷӯи соли 4-уми ихтисоси молия ва қарзи факултаи молиявию иқтисодӣ дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба «Гуштини юнону румӣ» иштирок кард.

Муфассалтар
09.jpg

МАҲФИЛИ “ОЛАМИ ИҚТИСОД” АМАЛ МЕКУНАД!

Имрӯз дар факултаи молиявию иқтисодӣ маҳфили «Олами иқтисод» бо роҳбарии омӯзгори факулта Давлатов Гулаҳмад баргузор гардид.

Муфассалтар
10.jpg

БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ИЛМӢ-АМАЛӢ

Имрӯз дар факултаи физика ва математика конфронси илмӣ-амалии омӯзгорон ва донишҷӯён бахшида ба 25-солагии ичлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли ҷавонон баргузор гардид.

Муфассалтар
11.jpg



Зиндагии ободи Тоҷикистон бе ҲНИТ 01.02.2018

Зиндагии ободи Тоҷикистон бе ҲНИТ

Вақте дар бораи миллат, арзишҳои миллӣ, таърихи миллат сухан меравад, беихтиёр ба таърихи дури миллати куҳанбунёди тоҷик назар меафканем. Пас аз давлати асримиёнагии тоҷикон-давлати Сомониён то имрӯз ин миллат чӣ қадар рӯзҳоро аз сар гузаронид, ки ҳар лаҳза метавонист ба ҳолати нестӣ равад. Дур намеравем, оғози солҳои бистуми асри гузашта, ки қаҳрамони халқи тоҷик Садриддин Айнӣ чӣ қадар ҷоннисориҳо барои пойдории миллат ба зуҳур овардааст. Ӯ танҳо барои ҳимояи вожаи  тоҷик  ва  миллати тоҷик  муборизаҳои сахтеро аз сар гузаронид.
Имрӯз дар ҷомеаи исломӣ ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳое фаъолият мекунанд, ки дар байни мусулмонон тафриқа эҷод намуда, боиси парокандагӣ ва қафомондагии мусулмонон ва дар натиҷа, сар задани ихтилофоти мазҳабӣ мегарданд.
Чунин як равия дар асри дувоздаҳуми ҳиҷрӣ хуруҷ карда, худро «Ал-муваҳҳидун» номид. Таълимоти он бо исломи аслӣ, ки аз чаҳор мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат маншаъ мегирифт, созгор набуд. Аз ин рӯ, мардум онҳоро «ваҳҳобӣ» ва баъдан «салафӣ» ном ниҳоданд.
Муассис ва идеологи салафия Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб мебошад, ки соли 1111 ҳиҷрии қамарӣ ба дунё омада, баъд аз омӯзиши улуми исломӣ як қатор ақидаҳои худро паҳн намуд. Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб чаҳор мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоатро мавриди интиқод қарор дода, бо онҳо дар масъалаҳои худошиносӣ, фиқҳ, усул, ақида ва тафсир мухолифат дошт. Ин буд, ки ақидаҳои ӯро мардуми мусулмон қабул накарда, худашро аз Наҷд, Мадина, Кӯфа, Бағдод ва дигар шаҳрҳое, ки он ҷо сукунат намуда, ақидаҳои худро паҳн менамуд, шармандавор ронданд.
Имрӯз пайравони ӯ, идеологҳои салафӣ аз қабили Ибни Таймия, Носируддин Албонӣ, ал-Усаймин, Ибни Боз ва дигарон бар он назаранд, ки Худованд дорои чеҳра, ду даст, ангуштон буда, дар болои Арш истиво дорад, ба осмони дунё фуруд меояд ва амсоли ин, ки мутааллиқ ба оёти муташобеҳ мебошад.
Омили асосии ихтилофоти салафия бо мазҳабҳои чоргона- ин эътироф накардани қиёс, урф, истеҳсон ва бидъат хондани анвои ибодот, ки бо далели возеҳ тасдиқ нашуда мебошад. Аз ҷумла, салафия «ломазҳабият», яъне бемазҳабиро авло дониста, тақлид, тавассул-дархост аз Худо ба воситаи Паёмбар (с), тавассул ба воситаи некӯкорон, зиёрати қабрҳо, табаррук ҷустан, яъне баракат гирифтан аз осори Паёмбар (с), таҷлили мавлуди Набӣ (с), зикр ва дуои баъд аз намоз ва дигар масъалаҳои муҳими диниро бидъат эълон намуда, инчунин дар масоили фиқҳӣ, мисли тарзи адои намоз-бастани дастҳо, васеъ гузоштани пойҳо, гуфтани такбир, ишораи сабоба, намози таровеҳ тафовут доранд.
Асосгузори сулҳу ваҳдат ва Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин масъала ҳамеша дар маърӯзаву суханрониҳои хеш изҳори назар мекунанд, бо таассуф зикр мекунанд, ки ҷавонони мусулмон, бархе аз фарзандони миллати барӯманди тоҷик имрӯз дар кишварҳои Сурия, Покистон, Афғонистон ва дигар минтақаҳои ҷаҳон бо баҳонаи «ҷиҳод» ба даст силоҳ гирифта, мардуми бегуноҳро ваҳшиёна ба қатл мерасонанд, аз ариқи телевизион ба мардуми Тоҷикистон таҳдид мекунанд, равиши худро мазҳаб меноманд, Имоми Аъзамро муҷоҳид мегӯянд. Шиносномаҳои худро сӯзонида, аз ватану миллат рӯй гардониданд. Он кирдорҳоеро, ки аз тариқи телевизион намоиш дода шуданд, мардуми моро огоҳ намуд ва ҳушдор дод. Мо бояд бедор шавем, зеро имрӯз ба ҳамаи мо хатар таҳдид мекунад.
Дар ин раванди номатлуб Ҳизби назҳати ислом низ таъсири худро гузошт. Фаъолияти он дар доираи қонун басе аъмоли ғайриқонуниро рӯи кор овард. Бо баҳонаи тарғиби анъанаҳои неки исломӣ онҳо ғояҳоеро ташвиқ намуданд, ки зимнан мардум-хоса пайравони эшон дар ниҳодашон як андоза ғаразу кина ва адоватро нисбат ба Ватану кишвар пайдо карданд. Онҳо фаромӯш карданд, ки дар дунё кишваре вуҷуд надорад, ки бе мушкиливу бе масоили ҳалталаби рӯзмарра мардумаш умр ба сар барад. Онҳо фаромӯш карданд, ки ин низоъҳои бебунёд метавонанд ба ҷангу ҷидол оранд ва мардумро аз зиндагии осоишта маҳрум созанд. Яъне ин ҷо метавон ҳадс зад, ки ҲНИТ то охир натавонист зери ниқоб амал кунад ва чеҳраи аслии хешро ифшо намуд. Аксари пайравон ва аъзои ҳизб низ дарк карданд, ки аз сарвари гурезаи эшон умеде нест ва тан ба тақдир супориданд.
Қатъ намудани фаъолияти ҲНИТ ҳарчанд дертар шуд, вале ба фоидаи миллати тоҷик мебошад.
Аз соли 2006-ум инҷониб дар мамлакат фаъолияти 17 ҳизбу ҳаракатҳо, аз ҷумла «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҳизбуллоҳ», «Ансоруллоҳ», «Гурӯҳи 24», «Ҳаракати исломии ӯзбекистон», Салафия ва дигарҳо манъ карда шудааст. Вале ин гурӯҳу ҳаракатҳо имрӯз муборизаро бо шаклу намудҳои дигар ба роҳ мондаанд, ки ҷалби шаҳрвандон — муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Русия ба задухӯрдҳои давлатҳои хориҷӣ — Сурияву Ироқ аз ҷумлаи онҳо аст. Омилҳои муайянкардашуда дар самти шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ нишон дод, ки ин, пеш аз ҳама, зиёдаравӣ, ҳисси бегонапарастии онҳо аст. Баъзе ҷавонон аз бетарафии ҷомеа истифода бурда, дар хориҷи кишвар таҳсил карда, узви ягон ҳизб ва ё салафӣ шуда баргашта, ба вайрон кардани мафкураи ҷавонон машғул мешаванд. Моро зарур аст, ки рафтори ҷавононро дар хориҷи кишвар низ зери назорат гирем. Ҳар кадоми мо бояд ба тақдири Ватанамон бепарво набошем, бояд Ватанамонро бо қалбамон дӯст дорем, ҳама мақомот, сохторҳо, аҳли ҷомеа якҷоя амал намоем.
Мо тоҷикон  бояд дини мубини исломро аз тафриқаангезӣ ва олудашавӣ бо ифротгароӣ ҳифз намоем, ҷавҳар ва чеҳраи ҳақиқии маънавию ахлоқӣ ва таҳаммулгароии онро ба мардум ва махсусан ба насли ҷавонамон нишон диҳем ва дар тарбияи ахлоқиву маънавии онҳо аз арзишҳои исломӣ бе мавҷудияти ҳизбу ҳаракат истифода намоем.


Back to the list