KGU

ТАМОШОИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ДАР ДОНИШГОҲ

22 декабри соли 2017 дар толори калони “Кохи Сомон”-и Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.

Муфассалтар
03.jpg

ТАШРИФИ РАЁСАТИ ИНТ БА ДОНИШГОҲ

Имрӯз раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим, нависанда Аблулҳамид Самад, шоир Алиакбари Абдулло ва Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб ба хотири таҷлили зодрӯзи нависанда Абдулҳамид Самад ба Донишгоҳ ташриф оварданд.

Муфассалтар
04.jpg

КОНФРОНС БАХШИДА БА СОЛИ ҶАВОНОН

Имрӯз дар факултаи филологияи тоҷик ва журналистика конфронси илмӣ-амалӣ бахшида ба Соли ҷавонон гузаронида шуд. Нахуст, бо сухани ифтитоҳӣ декани факулта Гадомад Зулфиев баромад намуданд.

Муфассалтар
05.jpg

КОНФЕРЕНСЯИ ИЛМӢ - АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ
ДАР ДОНИШГОҲ

Имрӯз дар Донишгоҳ Конференсяи илмӣ - амалии Ҷумҳуриявии таҳти унвони "Ташкили сиёсати кластерӣ ҳамчун асоси самтнокии инноватсионӣ ва рақобатпазирии минтақа" доир гашта истодааст.

Муфассалтар
06.jpg

ҲАСАН ҶОЙИ 1-УМРО ГИРИФТ ВА БА
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ РОҲХАТ ЁФТ!

Суфиев Ҳасан, донишҷӯи соли 4-уми ихтисоси молия ва қарзи факултаи молиявию иқтисодӣ дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба «Гуштини юнону румӣ» иштирок кард.

Муфассалтар
09.jpg

МАҲФИЛИ “ОЛАМИ ИҚТИСОД” АМАЛ МЕКУНАД!

Имрӯз дар факултаи молиявию иқтисодӣ маҳфили «Олами иқтисод» бо роҳбарии омӯзгори факулта Давлатов Гулаҳмад баргузор гардид.

Муфассалтар
10.jpg

БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ИЛМӢ-АМАЛӢ

Имрӯз дар факултаи физика ва математика конфронси илмӣ-амалии омӯзгорон ва донишҷӯён бахшида ба 25-солагии ичлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли ҷавонон баргузор гардид.

Муфассалтар
11.jpg



ҲНИТ, ИХВОН-УЛ - МУСЛИМИН, ИФРОТГАРОӢ ВА ХИЁНАТ 01.02.2018

ҲНИТ, ИХВОН-УЛ - МУСЛИМИН, ИФРОТГАРОӢ ВА ХИЁНАТ

Тӯли чанд сол буд, ки ҳизби ҳоло мамнуъи наҳзати исломӣ дар саҳнаи сиёсат ҷавлон мекард ва дар ниқоби «озодии баён» фикру андешаҳои ботили худро бар сари мардум тавассути рӯзномаву сайти интернетиаш бор мекард. Ҳоло он ки мардум дигар зирак шудаву ба суханҳои пӯчу мемағз гӯш намедиҳад.
29  сентябри соли 2015  аз тарафи  Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҲНИТ ҳамчун ташкилоти экстремистӣ ва террористӣ эълон шуд. Ин ба он хотир буд, ки дар сиёсати ин ҳизб амалҳои ифротгароӣ зиёд ба чашм мерасид. Ифротгароӣ имрӯз ба мушкилии ҷаҳонӣ табдил ёфта, аксари мамолики оламро ба ташвиш овардааст. Воқеаҳое, ки рӯзҳои охир дар Тоҷикиситон ба вуқӯъ пайвастанд, роҳбарияти Ҳукумати мамлакатро  водор сохтанд, ки нисбат ба ин масъала бетафовут набошанд ва ваҳдати бо душворӣ ба даст омадаро ҳифз намоянд.
Боиси таассуф аст, ки вақтҳои охир аксар ҷавонон аз надоштани иттилооти дақиқ, паст будани савияи дониши сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро, ки бо ном «исломӣ» мебошанд ва бо ин кирдору корҳояшон нуфуз ва қадри исломро дар олам паст мезананд, шомил мешаванд. Оё онҳо намедонанд, ки оқибати ин бозиҳои сиёсӣ бо ниқоби ислом давлатҳои пешрафтаи дунёи исломро ба чӣ ҳол оварда расонд. Ҳоло  дар Ироқ, Сурия, Либия, Яман ҳокимияти давлатии комил вуҷуд надорад. Қариб ба ҳамаи ин давлатҳо хавфи аз харитаи ҷаҳон нест шудан таҳдид мекунад. 
Баста шудани ҲНИТ бо фаъолияти мазҳаби Абуҳанифа дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагие надорад. Фаъолияти ҳизбҳои тундгарои сиёсии динию ғайридинӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ пайдо шудаанд. Таъсири манҳус ва баде, ки ба фаъолияти ҳизбҳои гуногун расонида шуда буд, аз вазъи ноороми Ҷумҳурии Исломии Афғонистон сарчашма гирифтааст. Солҳои 70-80-уми асри гузашта теъдоди бузурги лоиҳаҳои исломӣ бо дастгирии кишварҳои абарқудрати ҷаҳонӣ ба муқобили будубоши нерӯҳои шӯравӣ дар қаламрави Афғонистон роҳандозӣ гардид, ки он мазҳаби ҳанафии Покистон ва Афғонистонро ба мазҳаби тундгарои ҷанговар табдил дод ва таъсири он ба баъзе рӯҳониён ва гурӯҳҳои ҷомеаи мо низ расид. Бинобар ҳамин, метавон гуфт, ки баста шудани ҲНИТ ягон пайомади манфӣ нахоҳад дошт.
Баста шудани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон саривақтӣ мебошад, зеро ислом ба ҳеҷ ҳизб ниёз надорад. Аслан байни дин ва сиёсат як фарқияти калон вуҷуд дорад-асли дин эътиқод аст, сиёсат бошад масъалаҳои идоракунии ҷомеаро ҳал мекунад. Дар шароити имрӯза, ки дар натиҷаи ба сиёсат омехта кардани дин дар гӯшаҳои гуногуни олами ислом ин қадар низоъ ва амалҳои номатлуб рӯй дода истодаанд, чунин мешуморем, ки баста шудани фаъолияти ҳизб айни ҳамон чизест, ки имрӯз ҷомеаи тоҷик ба он ниёз дорад ва амалӣ шудани онро тақозо дорад. Он ҳодисаҳои мудҳише, ки дар ибтидои моҳи сентябр дар мамлакат ба амал омаданд, бори дигар собит намуд, ки воқеан ҳам ба сиёсат омехта кардани дин натиҷаҳои зараровар ва манфӣ ба бор меоранд. Гуфтан мумкин ба ҷойи пешрафти ҷомеаро таъмин намудан, баръакс ҷомеаи мусулмониро чун дигар кишварҳои олами ислом ба монанди Сурия, Ироқ, Афғонистон даҳсолаҳо ба қафо мепартояд.
Мавқеи Ҳизби наҳзати исломӣ аз таҳаммулгароӣ ба ифротгароӣ тағйир наёфтааст, балки ифротгароӣ асли сиришти Ҳизби наҳзати исломӣ мебошад, зеро ифротгароии худро ин ҳизб аллакай дар ҳодисаҳои солҳои гузашта нишон дода буд. Ман фикр мекунам, ки таҳаммулгароии ин ҳизб ё ин ки мавқеи сабрро пеша намудани ин ҳизб ва роҳбарияти он муваққатӣ буд, чунки шароит имкон намедод, ки онҳо чеҳраи аслии худро нишон диҳанд. Онҳо мунтазири фурсати муносиб буданд. Таҳаммулгароии онҳо муваққатӣ ва барои пинҳон кардани ҳадафҳои аслӣ буд, мунтазир буданд, ки хуҷаинҳои хориҷиашон ба онҳо ишорае кунанд ва ё дар муҳити дохилии ҷомеаи мо барои онҳо фурсати муносиб пайдо шавад ва онҳо аз худ дарак диҳанд.
Камбахтона, имрӯз ҳастанд онҳое, ки бо тарғиби рӯҳониёни ҷоҳил, исломиёни сиёсатгаро кӯркӯрона рафтори он хуношомонро ҳақ бароварданӣ мешаванд ва ин сиёсати ваҳдаткушро нисбат ба парчамбардорони чароғи маърифат идома доданӣ мешаванд. Мабод он рӯз! Чароғи маърифат хомӯш нахоҳад гардид, чунки мардуми шарифи Тоҷикистон оқибати исломи сиёсӣ, сиёсати хавфнокро медонад ва роҳ  нахоҳад дод, ки ҷомеа дубора ба хоку хун оғӯшта гардад. Ҳоло аз он муддат вақти зиёд нагузаштааст, ки рӯҳониёни ҷоҳил аз нав сар бароварда, бо ташвиқи гурӯҳҳои тамаъкор, ҳизбҳои дурӯғин ва авомфиреб чун ҳизби наҳзати исломӣ муаллимро кофир ва ҷанозаашро нораво эълон карданд. Ин хатар ҳоло ҳам аз миён нарафтааст. Агар пеши роҳи ин ҷоҳилон гирифта нашавад, ба таъбири устод Садриддин Айнӣ, ба даҳонашон мӯҳри хомӯшӣ зада нашавад, дере нагузашта, ҳазору як шарти дигар ба миён мегузоранд, чун: нодуруст будани ҷашни сари соли нави милодӣ, Наврӯз, Сада ва ғайраву ҳоказо. Дар тамоми таърихи мавҷудияти ислом Наврӯзро манъ накарданд. Аммо имрӯз «ҳомиён» ва «донишмандон»-и ислом пайдо шудаанд, ки Наврӯзро куфр ҳисобиданд. Таърих магар рафтору кирдори ин ваҳшиёни ҷоҳилро кам дидааст? Имрӯз ҳам ин ҷаҳолати онҳо дар ақсои олам аз тарафи гурӯҳҳое бо номи Толибону ҷонибдорони ДОИШ ва ғайра идома дорад. Пас, биёед, ба хотири зиндагии осудаву оромии ин миллати заҳматкаш аз фиребу риё ва таассуб дур бошем.
23 ноябри соли 2016 дар рӯзномаи «Ал-Аҳром»-и Ҷумҳурии Арабии Миср мақолаи рӯзноманигор Саид Маҳмуд Диоб зери унвони «Ҳизби Наҳзати тоҷикӣ аз Осиёи Миёна бо Миср меҷангад» нашр гардид. Муҳтавои он мақола чунин аст: «Ҳизби Наҳзат, ки ақидааш аз гурӯҳи «Ихвон-ул-муслимин» сарчашма мегирад, дурӯғ мегӯяд, бо дурӯғ нафас мегирад. Даъвати гурӯҳи номаълум барои гирдиҳамоии рӯзи 11 ноябр дар Миср бар зидди ҳукумати кунунӣ, ки ихвониҳо бо тамоми ҳастии худ ба он омодагӣ диданд, аз ҷониби мардум тарафдор пайдо накард. Он рӯз - рӯзи ором гузашт. Рӯзи фораме буд. Мардуми Миср даъватҳои шубҳаангези шахсони номаълумро нодида гирифт, зеро ин тоифаро чашми дидан надошт».
ҲНИТ баъд аз ба сари қудрат омадани «Ихвон-ул-муслимин» дар Миср мехост мардуми тоҷикро мутмаин созад, ки онҳо то ҳол қувва ва пайравон доранд. Аммо ҳақиқат хилофи онро нишон дода истодааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 миллион аҳолӣ дошта, дорои 1340 киллометр сарҳад бо кишвари Афғонистон мебошад. 95 дарсадди мардум мусалмон буда, аз мазҳаби Абу Ҳанифа пайравӣ мекунанд.
ҲНИТ бо амалҳои нопоки худ мехост ақидаи тундгароиро дар минтақаи Осиё паҳн намояд. Аммо ба зудӣ ниқоб аз рӯйи онҳо афтода, аҳдофи аслии онҳо ба ҳамагон маълум гашт.
Гурӯҳи «Ихвон-ул-муслимин» душмании худро зидди Миср аз дохил ва хориҷ кофӣ нашумурда, ҳамсангарҳои худро аз Осиё Миёна, махсусан Ҳизби наҳзати террористиро дар муборизаи хеш ҷалб намуд.
Ҳизби Наҳзат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби террористӣ эълон гашта, бо ҳамяроқони ҳамсояаш, ба монанди «Ҷунбиши Исломии Узбекистони», «Гурӯҳи Акрамия», «Ҳизби Таҳрир», «Ҷунди Хилофа» ва «Ҷунбиши Туркистони шарқии исломӣ» бо ҳукуматҳо мубориза мебарад. Ҳизби террористии Наҳзат мардумро барои харобкории рӯзи «Ҷунбиши фақирон», ки 11 ноябр ба нақша гирифта шуда буд, даъват намуд.
Қобили зикр аст, ки Ҳизби Наҳзати террористӣ ба мақсади инқилоб бар зидди Ҳукумати конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ноиби пешинаи вазири мудофиа -Абдулҳалими Назарзодаро ба бозӣ даровард. Хушбахтона, қувваҳои амниятӣ ҷони худро дар хатар гузошта, аз амалҳои номардонаи онҳо саривақт пешгирӣ намуданд. Дар рафти амалиёт қувваҳои амниятӣ 38 террористро нобуд сохта, 161 нафари дигарро дастгир намуданд. Дар натиҷа, аз террористон 520 адад аслиҳаи вазнин ва 11000 муҳимоти ҷангӣ мусодира гардид. Бар асари задухӯрд бо террористон 14 нафар аз афроди қувваҳои амниятӣ ба шаҳодат расиданд. 
Бино ба таъкиди ВАО, Муҳиддин Кабирӣ пешво ва раиси ҳизби наҳзати террористӣ соли 2012 расман бо раиси барканоршудаи Миср Муҳаммад Мурсӣ дар Қасри раёсат замони давлатдории «Ихвон-ул-муслимин» мулоқот кардааст. Гарчанде мулоқоти мазкур дар Миср зери пардаи махфият баргузор гардида бошад ҳам, Муҳиддин Кабирӣ пас аз бозгашташ ба Тоҷикистон хабари мазкурро аз тариқи нашрияҳо паҳн намуд. Новобаста ба ифшо нашудани тафсилоти  таоҳудоти байни ҷонибҳо, ин нишонаи ошкорои умқи алоқамандии ҳизби наҳзати террористӣ ва ҷамоати ихвониҳоро дар Миср нишон медиҳад ҲНИТ-и террористӣ фаъолияти худро дар ҷанги шаҳрвандӣ, ки солҳои 1992-1997 дар Тоҷикистон рух дод,  ҳамчун «Ҷиҳод дар роҳи Худо» рӯйпӯш мекард, вале худи он дар асл сабабгори аслии ин ҷанги шаҳрвандӣ мебошад.
Сарфи назар аз лофҳое, ки «раис»-и имрӯзаи «ҳизб» мегӯяд, ки «мо барои тағйири низом аз хушунат истифода намебарем ва роҳи мо тағйири сиёсии ботадриҷ мебошад», ин гуфтаҳо худ далолат ба ҳамфикр будани ӯро бо Ихвониҳо мекунад.
Ҳамчун хулоса гуфтан мумкин аст, ки ҳизби террористии Наҳзат бо гурӯҳи «Ихвон-ул-муслимин» ҳамфикру ҳамҳадаф буда, яке аз шохаҳои хориҷии «Ихвон-ул-муслимин» ба шумор меравад. Гурӯҳи «Ихвон-ул-муслимин» низ дар Миср баъд аз шуриши 30 июн, дар рӯйхати гурӯҳҳои террористӣ дарҷ гардид.


Back to the list