KGU

ТАМОШОИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ДАР ДОНИШГОҲ

22 декабри соли 2017 дар толори калони “Кохи Сомон”-и Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.

Муфассалтар
03.jpg

ТАШРИФИ РАЁСАТИ ИНТ БА ДОНИШГОҲ

Имрӯз раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим, нависанда Аблулҳамид Самад, шоир Алиакбари Абдулло ва Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб ба хотири таҷлили зодрӯзи нависанда Абдулҳамид Самад ба Донишгоҳ ташриф оварданд.

Муфассалтар
04.jpg

КОНФРОНС БАХШИДА БА СОЛИ ҶАВОНОН

Имрӯз дар факултаи филологияи тоҷик ва журналистика конфронси илмӣ-амалӣ бахшида ба Соли ҷавонон гузаронида шуд. Нахуст, бо сухани ифтитоҳӣ декани факулта Гадомад Зулфиев баромад намуданд.

Муфассалтар
05.jpg

КОНФЕРЕНСЯИ ИЛМӢ - АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ
ДАР ДОНИШГОҲ

Имрӯз дар Донишгоҳ Конференсяи илмӣ - амалии Ҷумҳуриявии таҳти унвони "Ташкили сиёсати кластерӣ ҳамчун асоси самтнокии инноватсионӣ ва рақобатпазирии минтақа" доир гашта истодааст.

Муфассалтар
06.jpg

ҲАСАН ҶОЙИ 1-УМРО ГИРИФТ ВА БА
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ РОҲХАТ ЁФТ!

Суфиев Ҳасан, донишҷӯи соли 4-уми ихтисоси молия ва қарзи факултаи молиявию иқтисодӣ дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба «Гуштини юнону румӣ» иштирок кард.

Муфассалтар
09.jpg

МАҲФИЛИ “ОЛАМИ ИҚТИСОД” АМАЛ МЕКУНАД!

Имрӯз дар факултаи молиявию иқтисодӣ маҳфили «Олами иқтисод» бо роҳбарии омӯзгори факулта Давлатов Гулаҳмад баргузор гардид.

Муфассалтар
10.jpg

БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ИЛМӢ-АМАЛӢ

Имрӯз дар факултаи физика ва математика конфронси илмӣ-амалии омӯзгорон ва донишҷӯён бахшида ба 25-солагии ичлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли ҷавонон баргузор гардид.

Муфассалтар
11.jpg



РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБ ДАР БАЙНИ ҶАВОНОН 01.02.2018

РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБ ДАР БАЙНИ ҶАВОНОН

Имрӯз зудтағйирёбии вазъии сиёсии давлатҳои ба мо дуру наздик ба раванди тарбияи ҷавонони кишвари мо низ ба  таври манфӣ зарар ва таъсир мерасонад. Воқеаҳои Сурия, Либия ва Миср дар замони муосир ягон шахси равшанзамирро бетараф намемонад. Агар ба таърихи то замони кашмокашиҳои сиёсии ин давлатҳо назар афканем, хонандаи нозукбину таҳлилгар мумкин ба ин андеша ва далелҳои мо розӣ шуда натавонад. Сатҳи зиндагии ин мардум дар ин давлатҳо бо сабаби доштани захираҳои бои нафту газ дар дараҷаи баланд  қарор дошт, амнияти мардум, ҳуқуқи шаҳрвандон ба пуррагӣ таъмин буд. Пас суол ба миён меояд, ки кадом омилҳо ин давлатҳоро ба  чунин ҳолат овард, ки аҳолии давлатҳои номбурда зиндагиии пурмашақатро ҳамарӯза пушти сар мекунанд. Фикр мекунем, ки омилҳои субъективӣ мавқеи муайянкунандаро ишғол мекунанд. Дар асри ҷадид пешрафти технологияи нав бо суръати кайҳонӣ пеш рафта, метавонад дар як лаҳза ба пуррагӣ тамоми ҳодисаю воқеаҳоро ба оламиён иттило диҳад, яъне гуфтанием, ки ин ҷанги иттилоотӣ махсусан шабакаҳои интернетии қувваҳои беруна ва дохилӣ алайҳи мардум, хусусан ҷавонони хунгарму камтаҷрибаю обутоб наёфта дар муборизаҳои сиёсӣ мебошанд. Ин шабакаҳо нисбати ҳукуматдорону шахсиятҳои сиёсӣ тӯҳмату бӯҳтон ва иғвоҳои гушношунидро паҳн намуда, мардумро ба кӯчаю майдонҳо мекашанд. Чунин амалро дар солҳои 90-уми асри гузашта мушоҳида карда будем.
Кишвари азизамонро ба гирдоби ҷанги таҳмилӣ кашида ва наздик ба вартаи нобудӣ расонид. Бо заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оташи ҷанги шаҳрвандӣ абадан хомӯш гардида, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар давлатҳои абарқудрати дунё дар рушду нумӯъ қадамҳои устувор гузошта, бо бисёр давлатҳо муносибатҳои иқтисодию дипломатӣ дорад. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, сиёҳдилоне низ пайдо шуданд, ки ин сулҳу ваҳдат, пешравии давлат ба онҳо мақбул нест. Онҳо мехоҳанд, ки ба ҳар роҳ ватани биҳиштосои моро  боз ба майдони кашмакашиҳои сиёсӣ табдил диҳанд. Чунончи  собиқ раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ  Ҳоҷӣ Абдуҳалим ва Додоҷон Атоулоев дар ҳар гӯшаю канори мамлакатҳои хориҷӣ аз он ҷумла, дар Лаҳистону Туркиё тавассути гирдиҳамоиҳо бо истифодаи рассонаю сомонаҳо ташвиқоту таблиғот бурда, бо ин амали номатлуби ҷинояткоронаи хеш мехоҳанд, ки обрӯю нуфузи ҷумҳуриро паст зада, ҳатто муносибатҳои байни давлатдориро халалдор созанд. Дар пиёда сохтани нақшаҳои манфури хеш мехоҳанд ҷавононро ба доми худ кашанд, вале итминони комил дорем, ки ин бешарафон ҳеҷ вақт ва ҳеҷ гоҳ ба мақсади нопоки хеш намерасанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомаи Раҳмон таъкид месозад, ки шароити пуртазод ва зудтағйирёбандаи ҷаҳон тақозо менамояд, ки нисбат ба хатарҳои ҷаҳонӣ ба монанди терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддиру ҷинояткории фаромарзӣ ва даҳҳо дигар падидаҳои хатарнок, ки ба амният ва сулҳу суббот дар ҷаҳон таҳдид менамояд, бетараф набошем.
Чӣ хеле ки дар боло қайд намудем, ҳама ҷараёнҳои сиёсӣ ва ифротию харобовар дар бисёре аз кишварҳои минтақа талош доранд, ки ҷавононро ба доми худ кашанд. Аслан онҳо ҷавононро ҷалб менамоянд, ки саводу маърифати сиёсии заиф доранд, ҷои кору бо таҳсил фаро гирифта нашудаю зудбоварро  ба ваъдаҳои зиёде ба доми худ кашида ва аз очизии  онҳо истифода бурда, мехоҳанд ба ҳадафҳои нопоки худ расанд. Имрӯз, ки фазои сарзамини офтобрӯяи Тоҷикистонро сулҳу суббот, ваҳдату якдигарфаҳмӣ фарогир аст, мутаасифона бархе аз ҷавонони тоҷик ба доми фиреби гурӯҳҳои ҷиноятпеша афтода ба баҳонаи ҷиҳод кардану соҳиби сарвату мол гардидан, рӯзгори осудаву ором, ватани ободу зебо, волидайн ва ҳамсару фарзандони худро тарк намуда, дар кишварҳои хориҷ дар шароити вазнину ғайриинсонӣ, дар хорию зорӣ алайҳи дигарон меҷанганд. Аз ҳама аламовараш ҳамин аст, ки онҳо номи миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳон сиёҳ мекунанд.
Дар ҳама давру замон миллати тоҷик бо адабиёту фарҳанги пурғановати худ ба дили ҷаҳониён роҳ ёфтаанд. Миллати тоҷик аз азал талош ба озодиву истиқлол доштааст ва ҳаргиз аз болои кишвари дигаре зулму ситам накардааст.
Боиси ифтихор аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамқадами кишварҳои пешрафта ва рушдёфта мебошад. Вале дар ин раванд ҳифзи анъанаҳои миллӣ ва тарбияи фарзандон дар руҳияи эҳтироми фарҳангу тамаддуни миллӣ ва арзишҳои он бояд дар мадди аввал  қарор гирад.
Тавре солҳои охир ба мушоҳида мерасад гурӯҳҳои ҷиноятпеша ифротгару харобиовар кӯшиш менамоянд, ки ба ҷаҳонбинии ҷавонон истифода аз бепарвоии волидайн, фориғболоии сарварони корхона, муассисаҳои таълим таъсир расонанд. Ногуфта намонад, ки новобаста ба он ки барои рушди тарбия  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул карда шуд, мутаасифона падару модароне  ҳастанд, ки нисбати тақдири ояндаи фарзандони худ бепарвоӣ зоҳир мекунанд. Имрӯз технологияи нави ҷаҳонӣ вориди ҳар як оила мегардад, волидайн бояд дониши замонавӣ дошта бошанд, то тавонанд аз таъсири манфии интернет фарзандонро эмин нигоҳ доранд. Маълум аст, ки имрӯз дар интернет маводҳои фаҳшу зуроварӣ таблиғи идеологияҳои ифротгароӣ интишор меёбад. Кӯдакон инро бештар тамошо мекунанд, ки ба мафкураи онҳо бе асар намемонад. Бинобар ин вазифаи асосии зиёиён, қувваи солимфикри  ҷомеа, бояд равона бар ин шавад, ки интиқоли таҷрибаи андухтаи насли калонсол ба насли ҷавон, яъне ташаккули сифатҳоест, ки барои ҳалли масъалаҳои имрӯзаи ҷомеа заруранд. Ҳаллу фасли ин вазифаи муҳими давлатӣ тавассути низоми муассисаҳои таълиму тарбия, хонавода ва муҳити иҷтимоӣ сурат мегирад, ки ин  масъала борҳо дар Суханрониҳо ва дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равшан ифода ёфтааст.
«Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҷомеаи навбунёди мо ба шахсоне эҳтиёҷ дорад, ки ҷаҳонбинии нав дошта, идеологияи навро бояд эҳсоси ифтихори миллӣ ва давлатдорӣ, муҳаббат ба ватан ва ба тамоми инсоният, умуман тамоми арзишҳои миллӣ ва умумиинсонӣ ташкил намояд. Барои тарбия ва камолоти чунин насл миллати мо тамоми асосҳои фарҳангӣ, таърихӣ ва тарбиявиро доро мебошад. Фарҳанги таърихи бою рангин, ганҷинаи  адабиётро, ки дар давоми ҳазорсолаҳо ба вуҷуд омадаанд, ниёгони мо офаридаанд».
Анъанаҳои расму  русуме, ки дар давоми асрҳо суфта шудаанд, барои тарбияи насли оянда пойдевори устувор мебошад. Донишмандони пешин ба мисли Абӯалӣ Ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Форобӣ, Умари Хаём ва садҳо дигарон илмҳо ба миён овардаанд, ки имрӯз моҳияти худро аз даст надодаанд. Тарбияи насли наврас дар Машриқзамин қариб 3 ҳазор сол пеш оғоз ёфта, ҳанӯз  дар китоби «Авасто» бо матлаби «Гуфтори нек, пиндори нек, кирдори нек» инъикос ёфтааст. Агар тамоми китобҳои шарқу ғарбро саҳифагардон намоем волотарин, арзиштарин, гуворотарин аз ин се ибора пайдо намекунем. Андеша менамоем, ки агар аҳли ҷомеаи инсонӣ ҳама он гуфтаҳои олимону донишмандонро самаранок дар тарбияи насли наврас дастаҷамъона истифода баранд, фикр мекунам, ки дар шуури ҷавонон ягон хел фикру андешаҳо  ва идеологияи бегона ҷой намегирад. Барои пешгирии падидаҳои номатлуб  дар байни ҷавонон ҳалли чунин масъалаҳо ба нафъи ҷомеа хоҳад буд:
- Бартараф намудани норасоиҳои иҷтимоӣ – иқтисодӣ.
- Тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи идеологияи ватандӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, хештаншиносӣ, ҳифзи муқаддасоти миллӣ.
- Мунтаззам ба роҳ мондани омӯзиши Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимӣ.

- Дар муассисаҳои олии касбӣ самаранок истифода бурдани соатҳои тарбиявӣ,  дарсҳои сиёсӣ .
- Ташкили маҳфилҳо оид ба тарбияи таҳаммулпазирӣ.
- Ташкили курсҳои омӯзишӣ барои  ҷавонписарон.
- Истифодаи самараовари толорҳо ва майдонҳои варзишӣ.
- Ташкили ҳамкорӣ дар доираи уламои исломӣ.
- Зери назорат қарор додани истифодаи технологияи муосир ва интернет.
- Ташкили ҳамоишҳо дар мавзӯи дорои мазмуни тарбия, ватандӯстӣ ва меҳанпарастӣ.

Бояд гуфт, ки ҳалли масойли мазкур аз ширкати дастаҷамъонаи ҳар як фарди ватандӯсти кишвар вобаста мебошад.

Back to the list