KGU

ТАМОШОИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ДАР ДОНИШГОҲ

22 декабри соли 2017 дар толори калони “Кохи Сомон”-и Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.

Муфассалтар
03.jpg

ТАШРИФИ РАЁСАТИ ИНТ БА ДОНИШГОҲ

Имрӯз раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим, нависанда Аблулҳамид Самад, шоир Алиакбари Абдулло ва Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб ба хотири таҷлили зодрӯзи нависанда Абдулҳамид Самад ба Донишгоҳ ташриф оварданд.

Муфассалтар
04.jpg

КОНФРОНС БАХШИДА БА СОЛИ ҶАВОНОН

Имрӯз дар факултаи филологияи тоҷик ва журналистика конфронси илмӣ-амалӣ бахшида ба Соли ҷавонон гузаронида шуд. Нахуст, бо сухани ифтитоҳӣ декани факулта Гадомад Зулфиев баромад намуданд.

Муфассалтар
05.jpg

КОНФЕРЕНСЯИ ИЛМӢ - АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ
ДАР ДОНИШГОҲ

Имрӯз дар Донишгоҳ Конференсяи илмӣ - амалии Ҷумҳуриявии таҳти унвони "Ташкили сиёсати кластерӣ ҳамчун асоси самтнокии инноватсионӣ ва рақобатпазирии минтақа" доир гашта истодааст.

Муфассалтар
06.jpg

ҲАСАН ҶОЙИ 1-УМРО ГИРИФТ ВА БА
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ РОҲХАТ ЁФТ!

Суфиев Ҳасан, донишҷӯи соли 4-уми ихтисоси молия ва қарзи факултаи молиявию иқтисодӣ дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба «Гуштини юнону румӣ» иштирок кард.

Муфассалтар
09.jpg

МАҲФИЛИ “ОЛАМИ ИҚТИСОД” АМАЛ МЕКУНАД!

Имрӯз дар факултаи молиявию иқтисодӣ маҳфили «Олами иқтисод» бо роҳбарии омӯзгори факулта Давлатов Гулаҳмад баргузор гардид.

Муфассалтар
10.jpg

БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ИЛМӢ-АМАЛӢ

Имрӯз дар факултаи физика ва математика конфронси илмӣ-амалии омӯзгорон ва донишҷӯён бахшида ба 25-солагии ичлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли ҷавонон баргузор гардид.

Муфассалтар
11.jpg



ДУШМАНИ ИСЛОМ ДАР НИҚОБИ ИСЛОМ 01.02.2018

ДУШМАНИ ИСЛОМ ДАР НИҚОБИ ИСЛОМ

Вақтҳои охир шоҳиди он ҳастем, ки падидаҳои манфии иҷтимоӣ ҳаёти ҷамъиятиву сиёсиро халалдор намуда, ба сулҳу субот ва амнияти мамлакат халал ворид менамояд. Ин тамоюл бешак мардуми ватандӯст, бахусус қишрҳои солимфикру пешоҳанги ҷомеаро, ки осудагиву Ваҳдати миллӣ ва суботу амният барояшон азиз аст, бетараф гузошта наметавонад. Зеро ин мушкилиест, ки хусусан дар миёни ҷавонон то андозае маълум буда, ҳалли дурусту оқилона ва саривақтиро тақозо дорад.
Бояд ёдрас шуд, ки мо дар асри 21 зиндагӣ мекунем, аммо гурӯҳи ифротгароии Давлати Исломии Ироқу Шом амалҳое анҷом медиҳанд, ки бетараҳҳумии онҳоро таърих кам дар хотир дорад. Мисоли равшани он ба таври ваҳшиёна сар буридан ва дар дохили қафаси оҳанин зинда ба зинда сӯзонидани одамон мебошад.
Қобили таваҷҷӯҳ аст, ки дар мувофиқа ба Низомнома оид ба Феҳристи ягонаи созмонҳои террористӣ, экстреместӣ ва ҷудоихоҳ, ки фаъолияташон дар қаламрави давлатҳои узви СҳШ манъ аст, ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон, таҳти №79, ба рӯйхати ташкилотҳои террористӣ ворид карда шудааст. Қаблан, ба ин рӯйхат чунин созмони террористӣ монанди “Ал – Қоида” ДИИШ, ҳаракати Толибон, “Салафия”, “Бародарони мусалмон”  ва ғайра номнавис шуда буданд, ки ин ташкилотҳои душмани дини Ислом маҳсуб меёбад.
Давоми чанд соли охир дар қаламрави Тоҷикистон 75 узви ТЭТ ҲНИТ барои иштирок дар фаъолияти ҷинояткоронаи ташкилотҳои террористӣ ва экстремистии ДИИШ, ҳаракати исломии ӯзбекистон, “Ансоруллоҳ”, “Ҳизб – ут – Таҳрир”, “Ҷамоати таблиғ”, “Гурӯҳи – 24” ва ғайра боздошт гардиданд.
Роҳбари фирории ТЭТ ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ шахсан ташкилкунанда ва маблағгузори табаддулоти давлатии моҳи сентябри соли 2015 бо иштироки гурӯҳи мусаллаҳи Абдуҳалим Назарзода дар Тоҷикистон аст, нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, дар ҷустуҷӯи Интеропол эълон шудааст.
Аз он даврае, ки мо ба душвориҳои зиёд нобасомониҳоро паси сар намуда, тавассути сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат – Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи азизамон роҳи созиш ва оштии миллӣ  - роҳи ваҳдатро пеш гирифтем, вақти зиёде нагузаштааст. Мо бояд барои ҳифзи ин неъмати муттаҳидсоз, кулли мардуми тоҷик сарҷамъ бошем, Тоҷикистонро боз ҳам ободу зебо гардонем.
Чӣ тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон чунин гуфта буданд: «Таърих баъд аз ҳазор сол моро водор месозад, ки аз таҷрибаи талхи ниёгони худ сабақ гирем, манфиати давлату миллатро аз ҳама боло шуморем. Ба қадри давлату давлатдорӣ ва Ватани аҷдодӣ бирасем, кишварро аз парокандагӣ, миллатро аз нобудшавӣ нигоҳ дорем. Танҳо Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти мардуми Тоҷикистон бо меҳнати ҳалолу бунёдкорона, тарбияи насли наврасу ҷавонони ояндасоз ва дӯстиву ҳамкориҳои судманд ба мамлакатҳои пешқадам моро ба ояндаи пурсаодат мерасонад.»
Оре, мо бояд фарзандонро баробари таълиму тарбия додан, онҳо, ки ояндаи миллати мо ҳастанд, ҳушдор намоем ва ба равияҳои бегона нагараванду ҷони худро ба зери хатар нагузоранд.
Аз ин лиҳоз мо халқи тоҷик боз ҳам аз пештара хубтару беҳтар муттаҳид бошем. Нагузорем, ки давлатамон осеб бинад ва дасисабозиҳои гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ба мақсади нопоки худ  нарасад.


Back to the list