KGU

ТАМОШОИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ДАР ДОНИШГОҲ

22 декабри соли 2017 дар толори калони “Кохи Сомон”-и Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.

Муфассалтар
03.jpg

ТАШРИФИ РАЁСАТИ ИНТ БА ДОНИШГОҲ

Имрӯз раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим, нависанда Аблулҳамид Самад, шоир Алиакбари Абдулло ва Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб ба хотири таҷлили зодрӯзи нависанда Абдулҳамид Самад ба Донишгоҳ ташриф оварданд.

Муфассалтар
04.jpg

КОНФРОНС БАХШИДА БА СОЛИ ҶАВОНОН

Имрӯз дар факултаи филологияи тоҷик ва журналистика конфронси илмӣ-амалӣ бахшида ба Соли ҷавонон гузаронида шуд. Нахуст, бо сухани ифтитоҳӣ декани факулта Гадомад Зулфиев баромад намуданд.

Муфассалтар
05.jpg

КОНФЕРЕНСЯИ ИЛМӢ - АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ
ДАР ДОНИШГОҲ

Имрӯз дар Донишгоҳ Конференсяи илмӣ - амалии Ҷумҳуриявии таҳти унвони "Ташкили сиёсати кластерӣ ҳамчун асоси самтнокии инноватсионӣ ва рақобатпазирии минтақа" доир гашта истодааст.

Муфассалтар
06.jpg

ҲАСАН ҶОЙИ 1-УМРО ГИРИФТ ВА БА
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ РОҲХАТ ЁФТ!

Суфиев Ҳасан, донишҷӯи соли 4-уми ихтисоси молия ва қарзи факултаи молиявию иқтисодӣ дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба «Гуштини юнону румӣ» иштирок кард.

Муфассалтар
09.jpg

МАҲФИЛИ “ОЛАМИ ИҚТИСОД” АМАЛ МЕКУНАД!

Имрӯз дар факултаи молиявию иқтисодӣ маҳфили «Олами иқтисод» бо роҳбарии омӯзгори факулта Давлатов Гулаҳмад баргузор гардид.

Муфассалтар
10.jpg

БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ИЛМӢ-АМАЛӢ

Имрӯз дар факултаи физика ва математика конфронси илмӣ-амалии омӯзгорон ва донишҷӯён бахшида ба 25-солагии ичлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли ҷавонон баргузор гардид.

Муфассалтар
11.jpg



КАБИРӢ ВА НАҲЗАТИ Ӯ 01.02.2018

КАБИРӢ ВА НАҲЗАТИ Ӯ

Дар давоми даҳсолаҳои охир ва махсусан дар нимаи дуюми асри XX терроризм ва экстремизм мавриди таваҷҷӯҳи ҳаматарафаи олимон ва сиёсатмадорон қарор гирифт. Махусусан аз ҷониби коршиносони мамлакатҳои Ғарб омӯзиши ин зуҳуроти номатлуб дар мадди аввал гузошта шуд. Шояд суоле ба миён биёяд, ки барои чӣ ба омӯзиши ин масъала маҳз дар ҳамин давра таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд, ҳоло он таърих исбот мекунад, ки дар ҳама давру замони форматсияҳои ҷамъиятӣ содиршавии терроризм ва экстремизм буд. Чунки  танҳо дар нимаи дуюми асри ХХ дар қатори дигар масъалаҳо терроризм ва экстремизм ба проблемаи глобалии ҷаҳонӣ табдил ёфт.
Умуман дар бораи терроризм фикру ақидаҳо мухталифанд ва аз ҷониби таҳлилгарон ва олимони ин соҳа ба таври васеъ шарҳ дода шудаанд.
Созмон додани ташкилотҳои терористӣ, кӯмак кардан ба онҳо ва бурдани ташвиқотҳо оид ба тероризм дар даст задан ба ҳаракатҳои номатлуб мавқеи хосаро дорад.
Ин амал бевосита дар он ифода мегардад, ки баъзе давлатҳо дар таъсис додани ташкилотҳои террористӣ мусоидат мекунанд, дигар давлатҳо бошанд чунин ташкилотҳоро дар ҳудудашон ҷойгир карда, бо маблағҳои калони пулӣ сарпарастӣ мекунанд, инчунин ташкилотҳои мазкур (ба монанди роҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон  Муҳиддин Кабирӣ) аз ҷониби созмонҳои ғайридавлатии байналмиллалӣ, чун қувваҳои озодихоҳӣ ба даст овардани мустақилият эътироф мешаванд ва ҳатто ин ё он давлат онҳоро эътироф мекунад. Дар асл бошад онҳо дар ҳудуди давлати ҷойгиршудаашон истода, бо роҳҳои истифодабарии амалҳои террористию экстремистӣ ба сохти давлатдорӣ таъсир мерасонанд.
Ташкилотҳои террористӣ аз қабили «Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон», «Ал-Қоида» ва ғайраҳо, ки рӯйхаташон ба садҳо расидааст,  ҲНИТ низ баъди аз қабули ҳалномаи Суди Олӣ (29 сентябри соли 2015) дар таърихи 29 январи соли 2016 аз тарафи сохтори минтакавии Созмони ҳамкории Шанхай таҳти № 79 ба ин руйхат ҳамроҳ карда шуд бо ташабуси роҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ.
Ҷаласаи Кумитаи котибони Шӯроҳои амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) дар шаҳри Еревани Арманистон 8-уми июни соли 2016 ҲНИТ-ро дар қатори чунин созмонҳои терористии байналмилалӣ, ба монанди «Ал-Қоида», «ДИИШ», «Ихвон-ул-муслимин», «Ансоруллоҳ» ва ғайра таҳти № 65 ба рӯйихати созмонҳои терористӣ дохил намуд.
Дар баробари ин баъзе кишварҳо ва созмонҳо онҳоро на танҳо дар қаламрави худ ҷо мекунанд, балки барои бурдани ташвиқот ва амалӣ гардидани ҳадафҳои нопоки созмонҳои маҳкумшуда мусоидат мекунанд.
Роҳбари собиқ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон  Муҳиддин Кабирӣ баъди бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум шуданаш дар мамлакатҳои Олмон, Полша ва давлатҳои исломӣ чойгир шуда, аз тарафи ин мамлакатҳо кӯмак гирифта, барои амалӣ гардидани амалҳои нопоки худ ташвиқоти аблаҳона мебаранд. Тамоми мардуми Тоҷикистони азиз медонанд, ки қисми зиёди аҳолии Эрон шиа мазҳабанд пас чаро ба Муҳиддин Кабирӣ кумак расонанд? Чун ки   Муҳддин Кабирӣ  мехост, ки дар Тоҷикистон тамоми мардумро ба монанди худаш шиа мазҳаб кунад.
Роҳбари Ҳизби наҳзати исломии шиа (ҲНИШ)  Муҳддин Кабирӣ, ки худ шиа-мазҳаб мебошад, дар ташкил, тарҳрезӣ ва амалӣ намудани ҳадафҳои нопокӣ ҳизб мусоидат намуда, 4 сентябри соли 2015 дар асоси нақшааи пешакӣ тарҳрезӣ кардааш ба амли терористӣ даст зада, ҷони чандин нафарони бегуноҳро аз байн бурд. Пас вазифаи Ҳизби наҳзати исломи дар куштори одамони бегуноҳ аст. Собиқ роҳбари Ҳизби наҳзати исломии шиа (ҲНИШ)  Муҳддин Кабирӣ, дар назди ин нафарони бегуноҳ, ки кушта шаданд шарм намекарда бошад? «Агар ӯ хуни одами дошта бошад».
Ҳодисаи мазкур бо роҳбарии Кабирӣ ва ҳаммаслакӣ ӯ Назирзода А.М. бо иштироки як гурӯҳи калони терористон амалӣ гардида, ба бинои маъмурии Вазорати мудофиа ва қисми ҳарбии № 17651 ғайриқонуни ворид шуда, аз иншоотҳои зикршуда силоҳи оташфишон, сару либоси ҳарбӣ ва лавозимотҳои ҷангиро  барои мусаллаҳ гардидани аъзои иттиҳодияи ҷиноятӣ тасарруф намуданд. Муовини вазири мудофиа ва командири қисми ҳарбии №08050-и Вазоратро гаравгон гирифтанд. Зиёда аз 150 нафар чинояткоронро мусаллаҳ гардонданд, барои мардуми бегуноҳро куштан.
Дар натиҷа дар ин амалиёти аз тарафи Кабирӣ ва ҳамаслакони ӯ тарҳрезӣ ва иҷро  гардида, қариб 50 нафар нобуд гаштанд, ки онҳо ҳама фарзандони халқи тоҷик буданд.
Бо ин амали «нек»-и худ оё метавон гуфт, ки ҲНИТ хизби инсонпарварона, роҳбари он Муҳиддин Кабирӣ баҳри ободии ватани азизамон  талошҳо менамояд. ӯро ғайри хоини миллат, дигар ном бурдан ҳайф аст.
Дар масъалаи бартараф кардани сабабу шароитҳое, ки ба содир шудани ин қабил ҷиноятҳо оварда мерасонад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қишрҳои ҷомеа ҳамаи  чораҳо андешида шуда истодаанд, аз қабили баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, зиёд кардани ҷойҳои нави корӣ, фаро гирифтани ҷавонон ба варзиш, ташаккул додани мафкураи баланди ватандӯстию ватанпарастӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ, сохтани масҷидҳои замонавӣ, табъу нашр кардани китобҳои динӣ ба забони модарӣ, ташкили барномаҳои динию ахлоқӣ дар садову симо, чопи мақолаҳо дар рӯзномаю  маҷаллаҳо, созмон додани ҳизбу ҳаракатҳо. Ин ҳама чорабиниҳо дар барномаҳои дурнамои тараққиёти имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон васеъ таҷассум ёфтааст.


Back to the list