KGU

ТАМОШОИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ДАР ДОНИШГОҲ

22 декабри соли 2017 дар толори калони “Кохи Сомон”-и Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.

Муфассалтар
03.jpg

ТАШРИФИ РАЁСАТИ ИНТ БА ДОНИШГОҲ

Имрӯз раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим, нависанда Аблулҳамид Самад, шоир Алиакбари Абдулло ва Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб ба хотири таҷлили зодрӯзи нависанда Абдулҳамид Самад ба Донишгоҳ ташриф оварданд.

Муфассалтар
04.jpg

КОНФРОНС БАХШИДА БА СОЛИ ҶАВОНОН

Имрӯз дар факултаи филологияи тоҷик ва журналистика конфронси илмӣ-амалӣ бахшида ба Соли ҷавонон гузаронида шуд. Нахуст, бо сухани ифтитоҳӣ декани факулта Гадомад Зулфиев баромад намуданд.

Муфассалтар
05.jpg

КОНФЕРЕНСЯИ ИЛМӢ - АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ
ДАР ДОНИШГОҲ

Имрӯз дар Донишгоҳ Конференсяи илмӣ - амалии Ҷумҳуриявии таҳти унвони "Ташкили сиёсати кластерӣ ҳамчун асоси самтнокии инноватсионӣ ва рақобатпазирии минтақа" доир гашта истодааст.

Муфассалтар
06.jpg

ҲАСАН ҶОЙИ 1-УМРО ГИРИФТ ВА БА
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ РОҲХАТ ЁФТ!

Суфиев Ҳасан, донишҷӯи соли 4-уми ихтисоси молия ва қарзи факултаи молиявию иқтисодӣ дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба «Гуштини юнону румӣ» иштирок кард.

Муфассалтар
09.jpg

МАҲФИЛИ “ОЛАМИ ИҚТИСОД” АМАЛ МЕКУНАД!

Имрӯз дар факултаи молиявию иқтисодӣ маҳфили «Олами иқтисод» бо роҳбарии омӯзгори факулта Давлатов Гулаҳмад баргузор гардид.

Муфассалтар
10.jpg

БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ИЛМӢ-АМАЛӢ

Имрӯз дар факултаи физика ва математика конфронси илмӣ-амалии омӯзгорон ва донишҷӯён бахшида ба 25-солагии ичлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли ҷавонон баргузор гардид.

Муфассалтар
11.jpg



09.02.2018

АҚЛГАРОӢ- ХИЛОФИ ИФРОТГАРОӢ

Боиси ифтихори мо ворисон – наслҳои дирӯз, имрӯз ва пасояндагон аст, ки абармандони илму адаб, мутафаккирони ҷаҳоншумулу бошарафи халқи тамаддунофари тоҷик илму дониш, маърифату фарҳанг, ақлу  хирадро воситаи муҳими тарбияи Инсони комил,  инкишофу рушди ҷомеа, васоити ҳифзи Ватану тан меҳисобиданд. Ба ин маънӣ, Одамушшуаро, устоди устодон Абӯадуллоҳи Рӯдакӣ фармудаанд:

             Дониш андар дил чароғи равшан аст,
             В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

Барҳақ, шахсе, ки пироҳани илму дониш ба бар кардааст, онро чун сипару ҷавшан аз кулли офатҳо ва сангпартоиҳои рақибонаш эмин нигоҳ медорад, чунки одами бо ҳушу гӯш дар ҳама гуна носозгориҳо ва пасту баландиҳои рӯзгор чӣ кор кардан ва чи тавр рафтор карданашро аз рӯйи ақли солим ва ақлгароӣ анҷом мебахшад.
Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо ҳамосаи бузургаш- «Шоҳнома» оламро тасхир карда қаҳрамонони ҷасур, бемислу монанд ва дӯстдоштаи ӯ: Рустаму Сӯҳроб, Сиёвуш, Гурдофарид ва ҳамсоли инҳо ҳамчун меҳанпарастону адолатхоҳони бузургу  ҷовидон боиси эътирофу эҳтироми оламиён гаштаанд, илму донишро қудрату тавоноии ҷавонону калонсолон ва боиси барноии одамони солхӯрда пиндошта таъкид кардааст;

            Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад,
            Ба дониш дили пир барно бувад.

Ҳарчанд   ки қисми аз ҷиҳати рӯҳонӣ солими аҳли башар соҳиби ақлу идрок мебошад, вале ин ҳанӯз нокифоя аст. Муҳим он аст, ки ҳар як фард ё гурӯҳи одамон дар ҷомеа чӣ тавр пиндор, гуфтор  ва рафтори ҳамида доранд. Назари онҳо ба худ, ба дигарон, ба аҳли ҷомеа чӣ гуна аст? Ватану ватандорӣ, хештаншиносию ваҳдат, асолати миллӣ ва арзишҳои миллию диниро чӣ тавр мефаҳманд. Оё ба моҳияти мафкураи миллӣ, идеали миллӣ ва озодии инсон сарфаҳм рафтаанд?
Аз ин лиҳоз, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ – (Румӣ) ба вожаи ақл ва ақлгароӣ назари хоса дорад.Шоири бузург таъкид кардааст, ки ҳар як одами соҳибақл бояд ба амали ноҷою нопоки худ ақли кул- кулли ҷомеаро бадном насозад, ба мисли он ки шахсони ҷангҷӯю ҷаҳонгир ҳама вақт дар фарҷом  ноком гардидаанд:

            Ақли ҷузвӣ ақлро бадном кард, 
            Коми дунё мардро ноком кард.

     Ё ки:

            Ӯ ба бинӣ  бӯ  кунад, мо бо хирад,
            Ҳам бибӯемаш ба ақли мунтақад.

Барҳақ, шоири нуқтасанҷ дар ин маврид хирадро аз ақл ҳам афзалтар дониста, ишора кардааст, ки ҳатто одами соҳибақли дар ирода ноустувор аз пеши пойи худ дуртарро намебинад, танҳо бо биниаш бӯйи ягон чизро ҳис карда метавонаду бас. Аммо инсоне, ки ақли солим – мунтақад дошта бошад, некию бадиро дуруст дарк мекунад, оқубати онро дармеёбад, яъне бо хирадмандию ақлгароӣ амалу рафтори шоиста мекунад.

Мавлоно Абдураҳмон Ҷомӣ шарт ва барору баракати ҳар кору амалро сараввал дар илмомӯзӣ, донишмандӣ ва чашмикордонӣ дида таъкид намудааст.

         Дилатро  ба донишварӣ дор ҳуш,
         Чу донистӣ, он гоҳ дар кор кӯш!

Оре, ба ҳар кор кӯр-кӯрона даст задан, ба оқибати он сарфаҳм нарафтан, аз амалҳои зишти худ ва дигарон саривақт сабақ гирифта натавонистан нишонаҳоеянд, ки хоси афроди худбину тангназар, ёвагӯю бадҷаҳл мебошанд.

Дар таърихи инсоният,аз ҷумла дар таърихи халқи шарифи тоҷик ҳам, дар ҳамаи давру замонҳо ба муқобили некӣ-бадӣ, рӯшноӣ-торикӣ, сулҳу осоиштагӣ- низоъ ва ҷанг, ободонию бунёдкорӣ-вайронкорӣ, вафодорӣ- хиёнаткорӣ, илмомӯзӣ- ҷаҳлу нодонӣ арзи вуҷуд дошт. Вале дар замони муосир- ҷаҳонишавӣ мафҳумҳои зикргардида бо «бозтобҳо»-и дигар, ба қавли устод Лоҳутӣ;

             Душмани камбағалон боз ба пеш омадааст,
             Гург ин мартаба дар ҷомаи меш омадааст

кӯшиши худнамоӣ  карда, бо ҳар роҳ мехоҳанд як қисми камтаҷрибаю саҳланкори ҷавононро ба доми худ кашида гиранд.

Ҷолиб аст, ки аксари кулли ҷавонони саодатманди ҷумҳурӣ ҳамчун пайравони содиқи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амалӣ гардидани нақшаҳои бузурги Давлату Ҳукумат бо корҳои амалии худ саҳми арзанда гузошта истода, ба мисли падару бобоёни шуҳратёри худ ба халқу Ватани аҷдодӣ хизмати шоиста карда истодаанд. Ана ҳамин гуна саҳми бузурги онҳоро ба эътибор гирифта Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017-ро  Соли ҷавонон арзёбӣ намуданд, ки ин масъулиятшиносӣ ва боварии ҷавононро нисбат ба нерӯю икониятҳояшон боз ҳам афзуд.
Маълум аст,ки бар асари воқеаю ҳодисаҳои нангину хунини солҳои 90 асри гузашта, бо васвасаи душманони миллат ва ҳомиёни хориҷӣ баъзе ашхос ва гурӯҳҳои ифротию ифродгаро, фосидони фитнаангез сар бардошта, фаъолияти ҷудоиандозӣ, зиёдаравиро касб карда, дар пойи худ, дар пойи халқи худ бе андеша теша зада, бегонапарастӣ карда, арзишҳои муқаддаси миллию диниро таҳриф карда, худ ва даҳҳо нафар ҷавононро ба гирдоби роҳгумӣ андохтанд.Ва бехабар аз он ҳастанд,ки Ҳофизи малакутӣ нигоштааст:

             На ҳар кас кулаҳ каҷ  ниҳоду тунд нишаст,
             Кулоҳдорию оини сарварӣ донад.

Ҳатто дар марҳалаи нави рушди Ватани азизамон, ки бо ташаббуси   башардӯстонаю ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Даҳсолаи дуюми байналмиллалии амал «Об барои рушди устувор  2018-2028» бо Қатъномаи махсуси Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ба тасвиб расид, гурӯҳҳои ифротию ифродгаро ва тундрав аз амалиёти ғайриқонунию зишти худ даст кашиданӣ нестанд.Ва ҳақ бар ҷониби олими фарҳехта ва сиёсатмадорӣ шинохта муҳтарам С.Ятимов аст,ки барҷо таъкид кардаанд; «… ба инобат бояд гирифт, ки таърих ниҳоят сангдил аст. Ба нолиш карданҳо, афсӯс хурданҳо,шеъру сурудҳои шикоятӣ ва аламовари тақдир бо тамасхур менигарад…»

Ин гуфтаҳо бори дигар аҳли зиё ва равшанфикронро ҳушдор месозад, ки бо фаъолияти сиёсӣ, илмӣ-эҷодӣ, тарбиявӣ ва фарҳангиамон дар шаклгирии ақлу хиради оммаи мардум саҳмгузору масъулиятшинос бошем. Зеро бар хилофи сиёсати ифротгароию ашхоси ифродӣ танҳо ақлгароиро гузоштан самаранок хоҳад буд.Чунки аз рӯи ақлу хирад рафтор кардан дар лаҳзаҳои вазнину тақдирсоз аз ниёкони ҳушманди мо ҳамчун мерос омадааст.

Таҷрибаи солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистони азизамон бори дигар собит сохт, ки дар баробари дастовардҳои бузурги сиёсӣ: бунёди давлатдории миллӣ, қабули Парчаму Нишон, Конститутисия, Суруди миллӣ, ташкил ва қавӣ гардондани Артиши миллӣ, таҳкими сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории пурсамари сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ дар масоили тарбияи сиёсӣ, хештаншиносӣ, ҳувияти миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои асили миллию динӣ, асолати ватандорӣ баъзе камбудию норасоиҳо ба назар мерасад.Ҳанӯз ҳам баъзе мақомотҳои маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, органҳои ҳифзи ҳуқуқ,ҷамоъат, васоити ахбори омма, донишгоҳҳою донишкадаҳо, созмонҳои чавонон, дигар созмонҳою ташкилотҳои марбута аз ҳама шароиту имконоти муҳайёбуда барои ҷилавгирии баъзе ҷавонон аз шомил гардидан ба гурӯҳу ҳаракатҳои ифротгаро, ифродӣ ва тунрав саривақт ва пурсамар истифода намебаранд,
Зарур аст, ки дар ин кор лаҳзае ғофил мондан аз кирдори хиёнаткории афроде ,ё гурӯҳе, пешгирӣ накардани аъмоли зишти онҳо роҳ дода нашавад, чунки дар акси ҳол метавонад рафторҳои бемасъулиятонаю ношоистаи онҳо боиси нооромии ҷомеа, заминаи ташвиқу тарғиби бегонапарастию зиддимиллиро ба вуҷуд орад.
Маълум аст, ки нақши фард, хоса шахсияти таърихӣ, дар ташаккул ва инкишофи ҷомеа бағоят калон ва тақдирсоз аст. Қаҳрамониҳою ҷоннисориҳои абармардони илму адаб, муҳофизони марзу буми Ватан: Имоми Аъзам, Муқаннаъ,Исмоили Сомонӣ, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Темурмалик ва даҳҳо шахсиятҳои бузурги миллати тоҷик метавонанд барои ҷавонон намунаи ибрати олӣ бошанд.
Дар алоқамандӣ ба гуфтаҳои боло мухтарам С.Ятимов пайгирона нигоштаанд:  «Дар ҳама давру замон, махсусан дар лаҳзаҳои мураккаб ва тақдирсоз, миллатҳо барои доштани Пешво, Сарвари бо тавонмандии комил эътирофгардида ва роҳнамо ниёз доштанд..»
Бале, наслҳои калонсолу ҷавонони баркамол, ки наслҳои асри гузаштаю муосир мебошанд, шоҳиди он ҳастанд, ки дар як муддати аз назари таърих кутоҳ бар асари заҳматҳои шабонарӯзӣ, сангину ҷоннисориҳо баҳри ҳифзу бақои давлати нави тоҷикон, якпорчагии Ватани азизамон, Асосгузор сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳиби иззату эҳтироми халқи азизамон гардида,  ҳамчун яке аз шахсиятҳои бузурги таърихии халқи тоҷик ва шахсияти маъруфи байналмилалӣ шинохта шудааст.
Бояд махсус иброз намоем, ки бо ибтикор ва дастури бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия кардан, омода сохтан ва 12-уми ноябри соли 2016 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидани «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» санади муҳими барномавӣ буда, дар он самтҳои асосии фаъолияти сохторҳои давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, маорифу илм, зиёиён, созмонҳои ҷамъиятиву ҷавонон, кулли ҷомеаи шаҳрвандӣ таъкид гардидааст. Ва дар он ҳамчун хати сурх масъалаҳои ташаккули фарҳанги сиёсии ҷомеа ва ҳифзи ҳуқуқи шахс, баланд бардоштани нақши маориф дар пешгирии ифротгароию тундгароӣ байни ҷавонону наврасон, аз ҷумла таълими асосҳои дин, ҷалби худи ҷавонони фаъол ба пешгирии ифротгароӣ,истифодаи имкониятҳои воситаҳои ахбори умум ба назар мерасад, ки мавҷудияти андешаи миллии муттаҳидкунанда ва ақлгароӣ шарти муҳими ҳифзи ваҳдату ягонагии мардум, бақои давлатдории навин ва пешгирии ғояҳову амалҳои тундраву ифротгароӣ маҳсуб меёбад.
Дар баробари истифода бурдан аз ҳуҷҷатҳои тақдирсози сиёсӣ ва арзишҳои волои миллӣ, мо бояд аз арзишҳои динию мазҳабии халқамон дар ин кор пайваста истифода барем. Қабл аз ҳамаЮ он масъалаҳоеро дар назар дорем, ки Имоми Аъзам Абӯҳанифа дар заминаи омӯзиши илми калом ва мантиқу фалсафа дар умури фақоҳат на фақат ба масоилу манбаъҳои суннатии он такя мекарданд, балки ба онҳо аз дидгоҳи ақлгароёна назар карда, кореро, ки ӯ дар соҳаи маорифи динӣ ба сомон мерасонид, фаротар аз масоили шаръию ҳуқуқӣ буданд. Ва ин боиси он гардид, ки Имоми Аъзам яке аз поягузорони асосии мазҳаби суннат ва ҷамоъат гардид. Маҳз асли таҳаммулпазирии мазҳаби ҳанафӣ нисбат ба гуногуншаклии фарҳангҳо ва тамаддунҳо халқҳои зиёдеро дар чорчӯбаи ислом нигоҳ дошта, қаламрави нуфузи онро васеъ намуд.
Мутаассифона, имрӯзҳо баъзе равияҳо ва гурӯҳҳои тундрави диние пайдо шудаанд, ки бемазҳабиро асоси ваҳдати исломӣ меҳисобанд. Баръакс, гуфтугӯи мазҳабҳо дар чаҳорчӯбаи тамаддуни умумиисломӣ дар сатҳи сифатан нави муносибатҳои халқҳо ва давлатҳои исломӣ ҳамчун асоси ҳифзи хусусиятҳои фарҳангӣ ва тамаддуни миллатҳои исломӣ зарурати ҳаёт ва роҳи ягонаи ҳалли мушкилоти мазкур аст. Таваҷҷуҳи мо ба ин мазҳаб ба хотири он аст, ки ба воситаи он ҳамчун падидаи фарҳангии ақлгароӣ ва худшиносии миллӣ самти дуруст бахшида, таҳаммулпазирии диниро нисбат ба ҳувияти фарҳангии халқҳои Тоҷикистони азизамон асоси стратегияи ваҳдати миллӣ қарор диҳем.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ одилонаю дурандешона таъкид карданд: «…террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад… Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳама авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбори худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бисту як табдил ёфтааст».
Бино бар ин, мо шаҳрвандони Тоҷикистони азизро зарур аст, ки дар ин олами пурошӯб ва ҷаҳонишавӣ бо дарки масъулияти бузурги фарзандию шаҳрвандӣ баҳри боз ҳам ободтару зеботар гардидани Ватани биҳиштосоямон аз таҳти дил кору меҳнати самимию бобаракат карда, дар таълиму тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи меҳанпарастӣ, асолату ваҳдати миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию динӣ саҳми арзанда дошта бошем. Корҳои тарғиботию ташвиқотиро тарзе ба роҳ монем, ки ҳар як ҷавони шунаванда ё бинанда аз роҳи бад гашта, ба фаъолияти худ аз руйи ақлу фаҳмиш баҳо диҳад. То бошад, ки иддае аз ҷавонони фиребхӯрдаю роҳгумгардида дигар ба мулкҳои хуношом нарафта, дар ватани худ, дар шаҳру ноҳияи худ, дар деҳоти худ аз пайи кору фаъолияти созанда шаванд. Ва аз неъматҳои шаҳдбори Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамон баҳраҳо бардошта, дар шукуфоии имрӯзу фардои Ватани ҷоноҷонамон якҷоя саҳмгузор бошем.


Back to the list