KGU

ТАМОШОИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ДАР ДОНИШГОҲ

22 декабри соли 2017 дар толори калони “Кохи Сомон”-и Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.

Муфассалтар
03.jpg

ТАШРИФИ РАЁСАТИ ИНТ БА ДОНИШГОҲ

Имрӯз раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим, нависанда Аблулҳамид Самад, шоир Алиакбари Абдулло ва Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб ба хотири таҷлили зодрӯзи нависанда Абдулҳамид Самад ба Донишгоҳ ташриф оварданд.

Муфассалтар
04.jpg

КОНФРОНС БАХШИДА БА СОЛИ ҶАВОНОН

Имрӯз дар факултаи филологияи тоҷик ва журналистика конфронси илмӣ-амалӣ бахшида ба Соли ҷавонон гузаронида шуд. Нахуст, бо сухани ифтитоҳӣ декани факулта Гадомад Зулфиев баромад намуданд.

Муфассалтар
05.jpg

КОНФЕРЕНСЯИ ИЛМӢ - АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ
ДАР ДОНИШГОҲ

Имрӯз дар Донишгоҳ Конференсяи илмӣ - амалии Ҷумҳуриявии таҳти унвони "Ташкили сиёсати кластерӣ ҳамчун асоси самтнокии инноватсионӣ ва рақобатпазирии минтақа" доир гашта истодааст.

Муфассалтар
06.jpg

ҲАСАН ҶОЙИ 1-УМРО ГИРИФТ ВА БА
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ РОҲХАТ ЁФТ!

Суфиев Ҳасан, донишҷӯи соли 4-уми ихтисоси молия ва қарзи факултаи молиявию иқтисодӣ дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба «Гуштини юнону румӣ» иштирок кард.

Муфассалтар
09.jpg

МАҲФИЛИ “ОЛАМИ ИҚТИСОД” АМАЛ МЕКУНАД!

Имрӯз дар факултаи молиявию иқтисодӣ маҳфили «Олами иқтисод» бо роҳбарии омӯзгори факулта Давлатов Гулаҳмад баргузор гардид.

Муфассалтар
10.jpg

БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ИЛМӢ-АМАЛӢ

Имрӯз дар факултаи физика ва математика конфронси илмӣ-амалии омӯзгорон ва донишҷӯён бахшида ба 25-солагии ичлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли ҷавонон баргузор гардид.

Муфассалтар
11.jpg



09.02.2018

ДИНГАРОЁНИ ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Маълум аст, ки ҲНИТ аз оғози ташкилёбии худ моҳи декабри соли 1991 бо мақсади ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ талош мекард, барои ҳамин яке аз мақсадҳои асосии ин ҳизб пеш аз ҳама сарнагун кардани сохти конститутсионӣ ва ба сари қудрат омадан буд. Маҳз бо ҳамин сабаб дар замони ҷанги шаҳрвандӣ фаъолияти ҲНИТ баста шуда буд. Баъд аз Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ (1997) 28 сентябри соли 1999 ва 15 октябри соли 2003 он ҳамчун ҳизби сиёсӣ аз нав номнавис шуда ба фаъолият шуруъ кард.
Аъзоёни ҳизб ва раёсати он дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бояд, ки барои пешрафту ободии кишвар, якпорчагии миллати тоҷик, кулли кору фаъолияти ҳамаҷонибаи созандагии худро баҳри гулгуншавии диёр ҳамчун ҳизби сиёсӣ равона мекард. Масъалаҳои ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ҳимояи тамомияти арзии Тоҷикистон, ҳимоят аз истиқрори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва ҳамзистии бародаронаи халқҳои ҷумҳурӣ бояд дар маркази таваҷҷуҳи ин ҳизб буда, ҳамчун вазифаи муқаддаси ин ташкилоти сиёсӣ мебуд. Аммо муттасифона, солҳои охир масъулони он фаъолияти зидди конститутсиониро пеша карданд ва шумораи зиёди ҷиноятҳои хусусияти сиёсӣ, террористию экстремистидошта содир намуданд. Махсусан солҳои охир аъзоёни ин ҳизб дар байни аҳолӣ кинаю адоват барангехтанд, ки ин боиси халалдоршавии ҳаёти осудаи шаҳрвандон ва амнияти ҷамъиятӣ гардид.
Бояд тазаккур дод, ки баъд аз ба даст овардани истиқлолият ба роҳ гузошта шудани демократисозии ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, барои ташкил ёфтан ва рушди ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳою созмонҳои мухталиф давлат шароити мусоид эҷод намуд. Аз ин вазъият истифода намуда, соҳибмансабони ҲНИТ барои мақсадҳои шахсияшон муқобили манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ баромаданд. Мо медонем, ки ҳоло низ дар хориҷи мамлакат доираҳои сиёсӣ, экстремистӣ, ташкилот ва мақомотҳои қудратманде ҳастанд, ки нооромии вазъи дохилии кишвари моро хоҳонанд ва аз ин манфиатдоранд. Онҳо мақсад доранд вазъи Тоҷикистонро бо вазъияти кунунии Афғонистон, Ироқ, Сурия ва дигар кишварҳои ноороми исломӣ табдил диҳанд ва дар сарзамини тоҷикон фазои террористӣ, зӯроварӣ, экстремистӣ, радикализмро ташкил намоянд. Маълум гашт, ки фаъолияти солҳои охири ҲНИТ барои ба мақсад расидани ин хоҷаҳои хориҷӣ мусоидат мекард. Рӯирост бояд гуфт: фаъолияти солҳои охири ҲНИТ ин хиёнат алайҳи давлатдории миллат аст. Роҳбарони ин ҳизб ба давлату миллати Тоҷикистон шукургузорӣ накарданд, даъватҳои оммавии худро барои бо роҳи зӯроварӣ ба асосҳои сохти конститутсионӣ ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Точикистон таҳдид намуданд.
Чи тавре ки дар шумораи197-и рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз 1октябри соли 2015 омадааст, бесаб нест, ки «Танҳо дар панҷ соли охир 45-нафар аъзои ҲНИТ ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, 17-тои онҳо бошанд барои содир намудани ҷиноятҳои ифротгароӣ ва террористидошта, аз қабили ташкили иттиҳодияҳои ҷиноятӣ ва иштирок дар онҳо даъватҳои оммавӣ бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Точикистон нақша кашида шудаанд». Дар натиҷа аз ҷониби вазирони адлияи Ҷумҳурии Точикистон солҳои 2014-2015 муайян карда шуд, ки мақсади асосии ҲНИТ дар ҳақиқат аз сарнагун намудани сохти конститусионӣ, соҳибихтиёрии он иборат будааст.
Чуноне, ки дар расонаҳои хабарӣ қайд шудааст, раиси ҲНИТ, худи Муҳиддин Кабирӣ ва дигар аъзои раёсати олии ин ҳизб аз соли 2010 то соли 2015 тавассути рӯзномаи «Наҷот» ва дигар воситаҳои ахбори омма мунтазам мақолаҳои барангезандаи кинаю адоват ва низои миллию диниро нашр намуда, дар байни сокинони кишвар тарғибу ташвиқотҳо дар руҳияи бадбинию мухолифи сиёсати пешгирифтаи иқтисодӣ иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва динии давлат ва ҳукумати конститутсионӣ ба роҳ мондаанд.
Набояд фаромӯш кард, ки бо мақсади ба роҳи зӯроварӣ ҷалб намудани ҳокимият Муҳиддин Кабирӣ ва дигар раёсати олии ҲНИТ бо собиқ вазири мудофиа Назарзода Абдуҳалим Мирзо аз ҳисоби собиқ размандагони Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин ва дигарон зиёда аз 20 гурӯҳи ҷиноятӣ иборат аз 15-30 нафариро дар ҳайати иттиҳоди ҷиноятӣ созмон дода, барои амалӣ намудани ҳадафҳои худ онҳоро вазифадор кардаанд, ки ба объектҳои махсусан муҳими давлатӣ ҳуҷуми мусаллаҳона намуда, фаъолияти онҳоро зери итоати худ қарор диҳанд.
Солҳои тӯлонӣ сарварони ин ҳизб ба ҷойи ватандӯстию миллатпарастӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Точикистон таассубро талқин мекарданд, барои «ҷиҳоду шаҳодат» кор мебурданд, супоришҳои хоҷаҳои хориҷии худро иҷро мекарданд. Як решаи дигари хиёнаткориҳои роҳбарияти ин ҳизб дар он аст, ки онҳо ҷавонони роҳгумзадаи тоҷикро гуё, ки барои таҳсил ба таълимгоҳҳои кишварҳои исломии хориҷа мефиристониданд ва аксарияти онҳо имрӯз дар сафи гурӯҳҳою ташкилотҳои террористии Ироқу Сурия, Афғонистону Покистон мебошанд.
Албатта бояд гуфт, ки шумораи бисёри аъзои ин ҳизб хатогии худро дарк карданд, тарки ҳизб карданд. Онҳо дар натиҷаи фиреб ва зудбоварӣ аъзои ин ҳизб шуданашонро фаҳмиданд, онҳо зарурияти сиёсати созандаи имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон ва сарвари оқилу тавонои онро эътироф карданд ва минбаъд барои ояндаи дурахшони Тоҷикистон фаъолият карданро пеша кардаанд. Ин, албатта хуб аст, ҷавононро, аз ҷумла аъзоёни роҳгумзадаи ин ҳизбро, ки аксарияти онҳо ҷавононанд ба роҳи дуруст ҳидоят кардан вазифаи ҳар яки мост.
Дар баробари ин мо набояд он рӯзҳои сахтро фаромӯш кунем ва нисбати он нафароне, ки ба дастуру супоришҳои хоҷагони хориҷии худ, ки мехоҳанд мақсадҳои нопоки худро амалӣ созанд, бояд сахт нафрат дошта бошем ва бар зидди онҳо муборизаи беамонро ба роҳ монем.
Дуруст аст, ки боназардошти ҳолатҳои рухдода суди Олии Ҷумҳурии Точикистон аризаи прокурори генералиро қонеъ намуда, ҳизби назҳати Ҷумҳурии Точикистонро ҳамчун ташкилоти ифротгароӣ (экстремистӣ) – террористӣ эътироф намуда, фаъолияти ҳизбро қатъ ва ҳамчун шахси ҳуқуқӣ барҳам дода, нашри рӯзномаи «Наҷот» ва сомонаи интернетии ҲНИТ, ба қаламрави Ҷумҳурии Точикистон ворид намудан ва паҳн кардани аудио ва видеосабтҳо, истеҳсол ва варақаҳои ҳизбро манъ кард.


Back to the list