KGU

ТАМОШОИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ДАР ДОНИШГОҲ

22 декабри соли 2017 дар толори калони “Кохи Сомон”-и Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.

Муфассалтар
03.jpg

ТАШРИФИ РАЁСАТИ ИНТ БА ДОНИШГОҲ

Имрӯз раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим, нависанда Аблулҳамид Самад, шоир Алиакбари Абдулло ва Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб ба хотири таҷлили зодрӯзи нависанда Абдулҳамид Самад ба Донишгоҳ ташриф оварданд.

Муфассалтар
04.jpg

КОНФРОНС БАХШИДА БА СОЛИ ҶАВОНОН

Имрӯз дар факултаи филологияи тоҷик ва журналистика конфронси илмӣ-амалӣ бахшида ба Соли ҷавонон гузаронида шуд. Нахуст, бо сухани ифтитоҳӣ декани факулта Гадомад Зулфиев баромад намуданд.

Муфассалтар
05.jpg

КОНФЕРЕНСЯИ ИЛМӢ - АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ
ДАР ДОНИШГОҲ

Имрӯз дар Донишгоҳ Конференсяи илмӣ - амалии Ҷумҳуриявии таҳти унвони "Ташкили сиёсати кластерӣ ҳамчун асоси самтнокии инноватсионӣ ва рақобатпазирии минтақа" доир гашта истодааст.

Муфассалтар
06.jpg

ҲАСАН ҶОЙИ 1-УМРО ГИРИФТ ВА БА
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ РОҲХАТ ЁФТ!

Суфиев Ҳасан, донишҷӯи соли 4-уми ихтисоси молия ва қарзи факултаи молиявию иқтисодӣ дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба «Гуштини юнону румӣ» иштирок кард.

Муфассалтар
09.jpg

МАҲФИЛИ “ОЛАМИ ИҚТИСОД” АМАЛ МЕКУНАД!

Имрӯз дар факултаи молиявию иқтисодӣ маҳфили «Олами иқтисод» бо роҳбарии омӯзгори факулта Давлатов Гулаҳмад баргузор гардид.

Муфассалтар
10.jpg

БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ИЛМӢ-АМАЛӢ

Имрӯз дар факултаи физика ва математика конфронси илмӣ-амалии омӯзгорон ва донишҷӯён бахшида ба 25-солагии ичлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли ҷавонон баргузор гардид.

Муфассалтар
11.jpg



09.02.2018

ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕА - ТЕРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМИ ДИНӢ

Пеш аз ҳама бояд қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Xумҳури Тоxикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳдиду хатарҳои нави xаҳониро ба эътибор гирифта, солҳои охир пайваста  дар Паём ва баромадҳои  хеш аз хатари  зуҳуротҳои номатлуб чун: терроризму экстремизм мардуми тоxик ва аҳолии сайёраро ҳушдор месозанд. Ва дар яке аз Паёми хеш терроризму экстремизмро   чунин арзёбӣ намудааст: «Рeйдодҳои охири xаҳон, яъне боз ҳам тезутунд гардидани  вазъ  дар Шарқи Наздик, Осиё, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳои дунё нишон медиҳанд, ки терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараxаи xаҳони муосир табдил ёфтаанд».
Воқеан, дар охири қарни ХХ ва ибтидои асри ХХI экстремизм ва терроризм яке аз падидаҳои  номатлубтарин ба шумор мераванд, ки xомеаи xаҳониро ба ташвиш овардааст. Маълум аст, ки экстремизм дар xаҳони муосир ба як ҳодисаи маъмулӣ, ки аз xониби ҳар гуна ҳаракатҳои динӣ, сиёсӣ, миллатгароӣ чун воситаи зeрӣ ҳал намудани як қатор масъалаҳои тезутунд мавриди истифода қарор гирифтааст. Динро бошад барои амали шудани ҳадафҳои ғаразонаи худ ҳамчун аслиҳаи бурро истифода мебаранд.
Бояд қайд намуд, ки аз рeи масъалаи дин ва муносибати он ба сиёсат як қатор асарҳои илмии сиёсатшиносони тоxик чун Г.Н. Зокиров,   А. Маҳмадов, А. Муҳаббатов, С. Шарифов. ва дигарон  ба табъ расидаанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки мафҳуми «экстремизм» ва «терроризм» то имрeз фаҳмиши ягонаи умумӣ надоранд. Масалан Г.Н. Зокиров ин истилоҳро чунин маънидод кардааст: «Экстремизм (лот. eksқemғs) – охирин, канора)-фаъолияти сиёсие, ки барои амалӣ гардидани мақсадҳои авантюристӣ, моxароxeӣ, зeригарии xисмонӣ, услубҳои ҳарбӣ, террор ва фитнаро истифода мебарад. Экстремизм самти осоиштагӣ, муросокорӣ, расмӣ ва қонунии ҳалли зиддиятҳои сиёсиро мушкил гардонида, террорро васеъ истифода мебарад, ба тезу тундшавии зиддиятҳои сатҳи гуногун, аз xумла зиддиятҳои байналмилалӣ кумак мерасонад ва вонамуд месозад, ки масъалаҳоро ҳал месозад».  Бояд гуфт, ки дар адабиёти ҳуқуқии ватанӣ ва xаҳонӣ ҳамчун шакли қатъӣ, оштинопазирӣ зоҳир шудани экстремизм баррасӣ шудааст. Таҳлили этимологии вожаи «терроризм» нишон медиҳад, ки ин калима аз xиҳати пайдоиш лотинӣ буда, маънояш «тарс», «таҳлука», «воҳима» мебошад. Амали террористиро бошад ташкилоту гурeҳҳо ва ё шахсони алоҳида барои ба ҳадафҳояшон расидан амалӣ мекунанд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки дар замони муосир хатари xиддӣ  барои xомеаи xаҳонӣ ва  амнияти миллии ин ё он давлат, тақсимнопазирии ҳудуд, ҳуқуқҳои конститутсионӣ ва озодии шаҳрвандон зоҳиршавии экстремизм дар ин ё он шакл таҳдид мекунад. Махсусан экстремизм он вақт хавфнок аст, ки бо таҳти шиори динӣ баромад мекунад. Ин ба пайдошавӣ ва авx гирифтани низоъҳои байни этникӣ ва  байни мазҳабҳо оварда мерасонад.
Мақсади асосии экстремизми динӣ ин эътирофи дини худ ҳамчун дини беҳтарин  ва саркeб кардани  мазҳабҳои дигари динӣ, маxбурсозии онҳо ба системаи эътиқоди дини худ мебошад. Аз ҳама экстремистони ашаддӣ барпо кардани давлати алоҳидаро мақсади худ мегузоранд, ки меъёрҳои ҳуқуқии он бо меъёрҳои динӣ барои ҳамаи аҳолӣ иваз мешаванд. Экстремизми динӣ бисёр вақт бо фундаментализми динӣ алоқаманд аст, ки моҳияти он дар кeшиши аз нав бавуxудоварии асосҳои тамаддуни «худ», тоза намудани он аз навовариҳои бегона ва баргардонидани «симои ҳақиқӣ» иборат аст.
Дар даҳсолаи охир ба таври васеъ чунин падидаҳои  экстремистӣ авx гирифта истодаанд. Экстремизми дар соҳаи сиёсат зоҳир мешударо экстремизми сиёсӣ ва экстремизме, ки дар соҳаи дин зоҳир мешавад, экстремизми динӣ меноманд.
Экстремизми динӣ-сиёсӣ ин фаъолияти тундгароёна ва ё пинҳонӣ, ки бо роҳи зeрӣ  ба дигар кардани сохти давлат ё ба зeрӣ ба даст овардани ҳокимият бе эътинои зоҳир  кардан ба истиқлолият ва давлат, бо ин мақсад барангехтани душманӣ ва адоват равона карда шудааст. Чун экстремизми динӣ-сиёсӣ як намуди экстремизми сиёсӣ мебошад, бо аломатҳои хоси худ аз дигар намудҳои экстремизм фарқ мекунад.
Экстремизми динӣ-сиёсӣ имконияти бурдани гуфтушунидҳо, гузашт карданҳо, алалхусус роҳҳои консенсусии (созиш) ҳалли мушкилиҳои иxтимоӣ-сиёсиро рад мекунад. Xонибдорони экстремизми динӣ-сиёсӣ бо бетаҳаммулии оштинопазир нисбат ба ҳама, ки ақидаҳои сиёсии онҳоро xонибдорӣ намекунанд, ҳатто ҳаммазҳаби худро, фарқ мекунанд. Барои онҳо ҳеx як «қоидаи бозии сиёсӣ», сарҳади иxозат додашуда ва иxозат надодашуда вуxуд надорад.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар xумҳуриҳои Осиёи Марказӣ xараёнҳои гуногуни динӣ аз қабили xараёни исломии тундрави «ҳизб-ут-таҳрир–ал-исломӣ», «Салафия», «Таблиғот» ба тариқи пинҳонӣ амал мекунанд, ки пайравони ин xараён ҳомиёни исломиёни фундаменталистӣ мебошанд. Бе шубҳа ба вуxуд омадани чунин xараёнҳои тундрави динӣ, аз рeйи моҳияташон пурра характери экстремистӣ ва терористӣ доранд, ки ин барои xомеа хавфнок мебошад. Заминаҳои пайдоиш ва инкишофи  чунин падидаҳои номатлуб дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ин дараxаи пасти сатҳи фарҳанги динии аҳолӣ, бекории аҳолӣ, ноустувории идеологияи давлатӣ, манфиатҳои геополитикии давлатҳои абадқудрат,  буҳрони маънавӣ ва иделогӣ, ки ба фазои холигӣ оварда мерасонад, ки ба пайдоиши гурeҳҳои тундрави динӣ- сиёсӣ ва экстремистӣ –терористӣ оварда мерасонад.      
Бояд қайд намуд, ки дар замони муосир пешгирӣ аз ин амалҳои номатлуб танҳо вазифаи давлат набуда дар ин самт ҳамаи муассисаҳои таълимӣ аз xумла, мактаб, оила, макотибҳои олӣ ва xомеаи шаҳрвандӣ  низ уҳдадоранд, ки бар зиддӣ ин амалҳои номатлуб  мубориза баранд. Барои  мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб шаҳрвандон бояд, ки фаъолияти дастаxамъона, марифати ҳуқуқӣ  ва зиракии сиёсӣ,  ҳисси баланди ватандeстӣ ва хештаншиносӣ  дошта бошанд.


Back to the list