KGU

ТАМОШОИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ДАР ДОНИШГОҲ

22 декабри соли 2017 дар толори калони “Кохи Сомон”-и Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.

Муфассалтар
03.jpg

ТАШРИФИ РАЁСАТИ ИНТ БА ДОНИШГОҲ

Имрӯз раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим, нависанда Аблулҳамид Самад, шоир Алиакбари Абдулло ва Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб ба хотири таҷлили зодрӯзи нависанда Абдулҳамид Самад ба Донишгоҳ ташриф оварданд.

Муфассалтар
04.jpg

КОНФРОНС БАХШИДА БА СОЛИ ҶАВОНОН

Имрӯз дар факултаи филологияи тоҷик ва журналистика конфронси илмӣ-амалӣ бахшида ба Соли ҷавонон гузаронида шуд. Нахуст, бо сухани ифтитоҳӣ декани факулта Гадомад Зулфиев баромад намуданд.

Муфассалтар
05.jpg

КОНФЕРЕНСЯИ ИЛМӢ - АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ
ДАР ДОНИШГОҲ

Имрӯз дар Донишгоҳ Конференсяи илмӣ - амалии Ҷумҳуриявии таҳти унвони "Ташкили сиёсати кластерӣ ҳамчун асоси самтнокии инноватсионӣ ва рақобатпазирии минтақа" доир гашта истодааст.

Муфассалтар
06.jpg

ҲАСАН ҶОЙИ 1-УМРО ГИРИФТ ВА БА
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ РОҲХАТ ЁФТ!

Суфиев Ҳасан, донишҷӯи соли 4-уми ихтисоси молия ва қарзи факултаи молиявию иқтисодӣ дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба «Гуштини юнону румӣ» иштирок кард.

Муфассалтар
09.jpg

МАҲФИЛИ “ОЛАМИ ИҚТИСОД” АМАЛ МЕКУНАД!

Имрӯз дар факултаи молиявию иқтисодӣ маҳфили «Олами иқтисод» бо роҳбарии омӯзгори факулта Давлатов Гулаҳмад баргузор гардид.

Муфассалтар
10.jpg

БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ИЛМӢ-АМАЛӢ

Имрӯз дар факултаи физика ва математика конфронси илмӣ-амалии омӯзгорон ва донишҷӯён бахшида ба 25-солагии ичлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли ҷавонон баргузор гардид.

Муфассалтар
11.jpg



09.02.2018

ИФРОТГАРОН - БАДХОҲИ МИЛЛАТАНД

Айни замон шумораи ифротгарон мувофиқи иттилооти коршиносон хело ҳам кам шудаанд. Далелҳои коҳиш ёфтани шомилшавӣ ё  ҳамроҳшавии ҷавононро ба давлатҳои исломӣ,  алалхусус Сурия ва Ироқ шикасти  ин гурӯҳҳои тахрибкор мебошанд. Дар баробари ин ҷилавгарӣ аз шомилшавии ҷавонони Тоҷикистон  ба  гуруҳҳои ифротгарию террористӣ ба  сабабҳои дигар  низ  марбут мебошанд.  Аввало  ба роҳ мондани ташвиқоту таблиғоти давлат ва ҷомеъа, ки имрузҳо басо натиҷаҳои хуб ва хело ҳам судманд бахшиданд ва бахшида истодаанд.
Бояд ёдовар шуд, ки  дар солҳои қаблӣ сафи ифротгароён васоити шабакаи  интернет  меафзуд, ки яке  аз омилҳои асосии зиёдшавии шумораи онҳо  буд. Бояд ҳақиқӣ иброз намуд,ки яке аз омилҳои асосии пешгирии ҷавонон  ба гуруҳҳои ифротгаро ва террористӣ  пеш  аз ҳама ин  ворид намудани  як  қатор тағийиротҳо ба қонунгузорӣ ва  ба ҷавобгарӣ кашидани ашхоси шомилгардида  ба ин гуруҳҳо мебошад. Дар ин ҷода  низ ба  бандҳои кодекси ҷиноятии Чумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид гардиданд. Аз ин лиҳоз беҳуда нест, ки сохторҳои қудратии давлатӣ, алалхусус Прокуратураи генералӣ  дар мувофиқа ва амали ҳамҷоягӣ бо кумитаи давлатии амнияти миллӣ  дар  бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо  ба «Кодекси ҷиноятии Чумҳурии Тоҷикистон »-ро таҳия намуданд ва ба  парлумон баҳри тасдиқ намудан пешкаш карданд. Ин кори хело ҳам муҳим, албатта тибқи супоришҳо ва дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иҷро расид. Мақсади асосии пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротгаро ва террористию экстремистӣ, ин пеш аз ҳама пурзур намудани мубориза  ба муқобили ҷинояткории онҳо, алалхусус ба муқобили сохти конститутсионӣ, амнияти давлат, хиёнат ба миллат арзёбӣ мешавад. Бигузор шахсиятҳое, ки ба  чунин амалҳо ва мақсадҳои нопок даст мезананд, ки албатта ғайриқонунӣ ба шумор мераванд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд. Ҷавобгарии чунин шахсиятҳо бояд характери сангинтар дошта бошад. Лекин ногуфта намонад, ки бештари нафарони фиребхурда аз ҷаҳолат ва нодонии  худ ба доми муболиғони ифротӣ гирифтор шудаанд. Низоъҳои мусаллаҳона аз ҷанги шаҳрвандии Яман оғоз гардида, минбаъд  ба  қаламрави Ироқу Сурия доман паҳн карданд. Аз  ду ҷониб ҷангиён ва масъулони тахассусӣ меистоданд. Дар доми онҳо ҷавононе меафтанд, ки бесаводу сустирода мебошанд. Шахсони фиребхурда бошанд ба  корҳои дуюмдараҷа ва хусусияти оммавӣ  додан  ба бедодиҳои гуруҳи «Давлати исломӣ» ҷалб мешуданд. Онҳо шукронаи тинҷии давлату миллатро накарда, худро қурбон месозанд ва гумон мекунанд, ки ба дигар давлатҳо рафта биҷанганд, одам бикушанд ин ҷиҳод аст ва гуё, ки ба Биҳишт мераванд. Одам куштан, аз зану фарзанд дурр шудан, падару модарро дар дарёи ғам ғутондан, магар ин ҷиҳод аст? Мақсади асосии сарпарастони  ин  созмон расидан ба манфиатҳои иқтисодӣ буда, маргу зист ва сарнавишти шахсони ба ном  ҷиҳодӣ парвое надоранд.
Саволе ба миён меояд, баъзе ҷавононро чӣ маҷбур месозад, ки тарки Ватани азизи худ  намуда, даст  ба  ифротгарӣ ҳаракатҳои ғайриқонуни характери экстремистию-терористӣ дошта мезананд? Оё онҳоро кассе дар Тоҷикистон тангравӣ мекунад? Оё дар Тоҷикистон шароитҳои хуби зисту зиндагӣ мавҷуд нестанд? 
Ин албатта ин  тавр  нест. Бояд шукр аз он кунем, ки дар як давлати соҳибистиқлол, дар фазои сулҳу осоишта зиндагӣ мекунем. Аз  замони  ба  даст овардани истиқлолиятамон зиёда аз 25 сол сипарӣ гардид. Дар  ин давраи  на  чандон тулони қариб ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ рушт ёфтанд. Аз ҷумла, соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва афзаляттарин соҳаҳо,  ин ҳам бошад соҳаҳои маориф ва илм, хоҷагии қишлоқ ва тандурустӣ. Сол  то  сол  дар   тамоми манотиқи кишвар ҷойҳои кори нав созмон дода шуда истодааст. Ҳамчунин муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи  Россия дар сатҳи ҳоло ҳам баланд қарор дорад. Ҳамаи ин шароитҳо  аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои он ба миён оварда шудаанд, ки ҷавонони мамлакат ба амалҳои ифротӣ  даст  назананду дар ин нуқтаҳои зикргардида кору фаъолият намуда, шароитҳои зиндагияшонро беҳтар созанд. Ҳар  як  ҷавонмарди бонангу номус танҳо ва танҳо бояд  пеш  аз  ҳама ҳимоятгари Ватани худ  бошад.
Президенти миллат–фахри миллат мебошад. Новобаста  ба синнусол, вазифа, кор   дар  ягонагию ҳамбастагӣ, ҳамаи мо бояд дар  атрофии Ҷумҳурии Тоҷикистон алалхусус Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳидшуда, баҳри гулгулшукуфӣ, пешрафти ҷомеъа ва ободу  зебо гардонидани Ватани азизамон камари ҳиммат бандем. Синфҳои пешқадами мамлакат, алалхусус сохторҳои қудратӣ ва зиёиён, ки хазинаи тиллоии мамлакатанд, бояд ташвиқоту тарғиботҳоро дар  ҷодаи барҳам додани ифротгароию-террористӣ ва экстремистӣ пурзӯр намоянд.


Back to the list