KGU

ТАМОШОИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ДАР ДОНИШГОҲ

22 декабри соли 2017 дар толори калони “Кохи Сомон”-и Бӯстонсаройи шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи панҷуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.

Муфассалтар
03.jpg

ТАШРИФИ РАЁСАТИ ИНТ БА ДОНИШГОҲ

Имрӯз раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим, нависанда Аблулҳамид Самад, шоир Алиакбари Абдулло ва Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб ба хотири таҷлили зодрӯзи нависанда Абдулҳамид Самад ба Донишгоҳ ташриф оварданд.

Муфассалтар
04.jpg

КОНФРОНС БАХШИДА БА СОЛИ ҶАВОНОН

Имрӯз дар факултаи филологияи тоҷик ва журналистика конфронси илмӣ-амалӣ бахшида ба Соли ҷавонон гузаронида шуд. Нахуст, бо сухани ифтитоҳӣ декани факулта Гадомад Зулфиев баромад намуданд.

Муфассалтар
05.jpg

КОНФЕРЕНСЯИ ИЛМӢ - АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ
ДАР ДОНИШГОҲ

Имрӯз дар Донишгоҳ Конференсяи илмӣ - амалии Ҷумҳуриявии таҳти унвони "Ташкили сиёсати кластерӣ ҳамчун асоси самтнокии инноватсионӣ ва рақобатпазирии минтақа" доир гашта истодааст.

Муфассалтар
06.jpg

ҲАСАН ҶОЙИ 1-УМРО ГИРИФТ ВА БА
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ РОҲХАТ ЁФТ!

Суфиев Ҳасан, донишҷӯи соли 4-уми ихтисоси молия ва қарзи факултаи молиявию иқтисодӣ дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба «Гуштини юнону румӣ» иштирок кард.

Муфассалтар
09.jpg

МАҲФИЛИ “ОЛАМИ ИҚТИСОД” АМАЛ МЕКУНАД!

Имрӯз дар факултаи молиявию иқтисодӣ маҳфили «Олами иқтисод» бо роҳбарии омӯзгори факулта Давлатов Гулаҳмад баргузор гардид.

Муфассалтар
10.jpg

БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ИЛМӢ-АМАЛӢ

Имрӯз дар факултаи физика ва математика конфронси илмӣ-амалии омӯзгорон ва донишҷӯён бахшида ба 25-солагии ичлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли ҷавонон баргузор гардид.

Муфассалтар
11.jpg



09.02.2018

НАМЕДОНАНД ҚАДРИ РОСТИРО...

Дар ҷаҳон аз сулҳу салоҳ, ҳифзи ҳаёту амният ва беҳбудии инсон муҳимтар чизе нест. Барои ба даст овардану таъмини амнияти мардум саҳми арзанда ва дониши мукаммали фарҳангӣ, сиёсӣ ва динию иқтисодӣ доштан лозим аст.
Агар ба таърихи даврони Истиқлолият назар афканем, муайян мегардад, ки ин неъмати худододӣ ба осонӣ ба даст наомадааст. Воқеаи солҳои навадум ба сари халқи азизамон ҳодисаҳои даҳшатбореро овард. Ҳамаи воқеаҳои сиёсӣ фақат ба хотири мансаб буд, ки як миллатро қариб ба парокандагӣ оварда расонид. Оқибат нодонӣ ва гумроҳӣ мардумро ба гирдиҳамоӣ овард. Бадтарин гуноҳ барои мусулмон ин даст бурдан ба силоҳ ва рехтани хуни ноҳақ аст.
Асли сиёсат тамкину бурдборист, назари васеъ ва амиқу дақиқ, дили неку беолоиш доштан аст», қайд мекунад А. Достиев дар китоби Маҷмӯи мақолаҳо,  мусоҳибаҳо,  гузоришҳо ва хотироти худ.
Устоди сухан, шоир Ашур Сафар дар мухаммаси худ аз амали зишти онҳо, ки боиси дилхунукии одамон гардида, эълон мекунад, ки зодаи одам ҳамеша меҳрубону азиз бояд бошад.

Мусулмонӣ агар бошад чунин безори он бошам,
Ба хоб ҳастам, ба об ҳастам ва ё дар осмон бошам.
Гузорам кофаре бошам ва ё габри калон бошам.
Вале дар зодаи одам ҳамеша меҳрубон бошам.
Ба олам нек рафтори ман эълон мешавад рӯзе.

Шоирону нависандагон, аҳли қалам дар ҳамон рӯзҳои шадиду хунбори соли 1992 ба ҷангҷӯёну силоҳдорон ҳушдор медоданд, ки аз оқибати амалҳои нопоконаашон андеша намоянд, зеро ҳар неку бад дар охири кор ҳисобу китоб, баҳову ҷазо ва подоши хешро дорад. Дини мубини ислом касро ба роҳи нек ҳидоят карда, дарси покӣ, ҳурмат, эҳтиром, арҷ гузоштан, дӯст доштан ва амсоли ин гуна хислатҳои некро таълим медиҳад. Маҳз дар баромадҳои пурмуҳтавои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ аз сиёсат, дину мазҳаби мо суханронӣ намуда, қайд мекунанд, ки «…Дар ислом, бахусус мазҳаби ҳанафия инсофу адолат ва сулҳу амният ҷойгоҳи бисёр олӣ дошта, ҳар як фарди мусулмонро ҳидоят менамояд, ки зиндагии муносибу арзандаро пеша намояд, бо эҳсонкориву хайрхоҳӣ умр ба сар барад, росткору ростқавл, ҳимматбаланду кушодадил бошад ва дар баробари ин, худро аз ҳама гуна аъмоли зишту зараровар, зулму ситам, озору шиканҷа, хушунату зӯроварӣ ва қатлу ғорат дар канор гирад ва ин амалҳои носавобро маҳкум намояд».
Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо сол ба сол зебо ва шукуфон гашта истодааст. Дар робита ба ин, вазъи имрӯзи Ватани маҳбуби худро ҳар як шаҳрванд ба мамлакатҳое, ки имрӯз ҷангзадаанду ҳар рӯз таркиши ногаҳонӣ рӯй медиҳанд, қиёс мекунем. Ҳазорон бор аз фазои сулҳу дӯстӣ, амнияти кишвар ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукр бояд кард.
Тариқи расонаҳои хабарӣ баъзан вақт огоҳ мешавем, ки дар давлатҳои ҳамҷавоҳир афроди бедину адён ба сар ниқоби сиёҳ мепӯшанду бо каломи арабӣ дар худ чизеро қайд карда, сипас ба нест кардани биноҳои баландошёна, ҷойҳои таърихӣ, ба қатл расонидани модари худ, чун дарранда нобуд кардани хоҳари худ бародари худ даст мезананд. Ин тоифаро «террорист» ва амали онҳоро «терроризм» ном мебаранд. Ин амали онҳоро дида беихтиёр рӯзҳои хунини ҷанги шаҳрвандии миллатамон ба хотир мерасад. Кӯчаҳои харобгашта, хонаҳои сӯхта, гурезаҳои вилояти Хатлон, ҳалоки фарзандони бегуноҳ, мурдаҳои гӯрондашудаи хоки Афғонистон, бечорагӣ, гуруснагӣ ва дигар иллатҳои онвақта пеши назар мерасад. Касро беихтиёр, «…шукри ҳар лаҳзаи осоиш» дар забон меояд.
Терроризму террористон имрӯз, ки эътирофнашудаву ба эътибор нагирифта шудаанд, пас месазад, ки чун ҳашароти зараррасон ба муқобили нест карданашон пайваста кӯшиш намоем, чунки инсон дар ҷамъият мавқеи аввалиндараҷа дорад. Аз рӯзи ба дунё омаданаш инсон баҳри он талош мекунад, ки ҳама ба кору пайкораш таҳсин гӯянд ва офаринаш хонанд. Дар вуҷуди одамизод ақл ва фаҳмиши башарият ҳамеша таззоди якдигаранд.

Муҳаммад Закариёи Розӣ яке аз файласуфон, табибон, мутафаккири барҷастаи охири асри IX ва аввали Х, ки ба хотири пешрафти илму маърифат саҳми боризе гузоштааст, дар бораи ақл ва шуури одамизод бисёр нуқтаҳои баланди ҷолиби диққатро гуфтааст: «Мо бояд фармонбардори ақл бошем ва вобаста ба таваққуфи он таваққуф кунем. Ҳавою ҳаваси нафсро, ки офатовару озоровар аст, ҳаргиз ба дараҷаи фармонфармои ақл бурда нарасонем, чунки нафс ақлро аз қоидаву усул берун оварда, аз мақсаду устуворӣ дур карда метавонад».
Дар ҷаҳони мрӯза, ки воқеоти глобалӣ моро ба доми худ мекашад, шояд хато накунам, ки кам касонеро дидан мумкин аст, ки худро ба канор гирад, аз гирдоби имрӯзаи ҷаҳон бехабар созад. Маҳз фаъолият ва биниши ақл аст, ки бо фаҳмиш ва дарки худ метавонад рӯйдодҳои оламро бо чашми хирад матраҳ созад ва барои ҳалли мушкилоти ҷомеа вокунише нишон диҳад.
Чандест, ки тариқи рӯзномаву маҷаллаҳо ва ВАО оид ба мавзӯъҳои терроризму экстремизм, ифротгароӣ, гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, инфиҷор дар ин ё он гӯшаи дунё ва вазъи ноороми сиёсати баъзе ҳамсоя сарҳадҳои мо мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Аҷибаш он аст, ки ин ҷангу низоъҳо ва носозгории ҷомеа дар муқоиса нисбат ба давлатҳои Ғарб, дар давлатҳои исломӣ бештар вомехӯранд. Дар мисоли Ҷумҳурии исломии Афғонистон зиёда аз 30 сол аст, ки бо дастаи «Толибон» «даст ба гиребон шуда», чора ва илоҷи бастани сулҳ бо онҳо ҳеҷ не, ки ба миён ояд. Ба қатори ин давлати абарқудрати таърихӣ дигар давлатҳоро низ метавон мисол овард, ки фазои сулҳ чандест онҳоро тарккардаву халқашон ҳама парокандаву нифоқ, беватану сарсону саргардонанд.
Ҳар лаҳзае, ки аз дунёи ин ҷангу ҷидолҳо тариқи расонаҳои хабарӣ, ё ин ки оинаи нилгун аз майдони ҷанг ва харобиҳои онҳоро намоиш медиҳанд, «қаҳрамонҳо»-и ин ҷанг пораеро аз ин ё он гуфтаи китоби муқаддаси азимушанъ-Қуръон мисол меоранд, худро ва ҷиҳоди пешгирифтаи худро ба воситаи ин гуфтаҳо собит месозанд, худро ҳақ мешуморанд, бо ду калимоти иғвоангези худ шоҳид месозанд, ки онҳо дар роҳи ислом ҳақанд, боқӣ ҳама як шахс ё як давлат ва ё як миллати мусалмоне, ки дар ҷаридаи таърих бо анбиёву паямбаронаш, шоирону муаррихонаш номбарор буд, ҳеҷ касанд. Худ қазоват кунед, хонандаи азиз, ақл, фаросат, дониши онҳо то куҷо меравад ва дониши гуфтаи бузургони аҳли уламову шайхон то ба кучо?
Вазифаи ҷонии на танҳо зиёиён, балки ҳар фарди ҷомеа маҳз дар он аст, ки дар амалҳои зишти инсонӣ, рафторҳое, ки ба хислати инсон равона шудаанду онҳоро ба торикию ҷаҳолат мебаранд, худро бетараф нагиранд, пайваста сади роҳи онҳо гарданд. Яке аз омилҳои асосии шомил шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ маҳз дар бетарафии муҳит зоҳир мегардад.
Пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон худ нишон аз садоқати ӯ ба ин қишри ҷомеа мебошад. Пас мебояд, ки ба ин баҳо сазовор бошем, доимо дар талоши беҳбудии ҳаёти худ саҳмгузор бошем.
Имрӯз вақти он расидааст, ки ба ҷавонон дарси мардиву мардонагӣ дода, онҳоро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, пос доштану эҳтироми ҳар як фарди ҷомеа, содиқона ба Ватану давлату оилаи худ хизмат карданро омӯзем ва ба гӯши онҳо суруди панди ниёгонро паёпай сароем.


Back to the list