KGU

ДАР МЕҲМОНИИ РЕКТОР

Рӯзҳои 26-27-уми январи соли равон Табарзода Абдулло Ҳабибулло, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллои Рӯдакӣ дар доираи лоиҳаи «Дар меҳмонии ректор» сардорони шуъбаҳои кор бо ҷавонон ва донишҷӯёни фаъоли муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ва олии кишварро ба ҳузур пазируфт.

Муфассалтар
1517571959_fffff252.jpg

ТАШРИФИ РАЁСАТИ ИНТ БА ДОНИШГОҲ

Имрӯз раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим, нависанда Аблулҳамид Самад, шоир Алиакбари Абдулло ва Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб ба хотири таҷлили зодрӯзи нависанда Абдулҳамид Самад ба Донишгоҳ ташриф оварданд.

Муфассалтар
04.jpg

КОНФРОНС БАХШИДА БА СОЛИ ҶАВОНОН

Имрӯз дар факултаи филологияи тоҷик ва журналистика конфронси илмӣ-амалӣ бахшида ба Соли ҷавонон гузаронида шуд. Нахуст, бо сухани ифтитоҳӣ декани факулта Гадомад Зулфиев баромад намуданд.

Муфассалтар
05.jpg

КОНФЕРЕНСЯИ ИЛМӢ - АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ
ДАР ДОНИШГОҲ

Имрӯз дар Донишгоҳ Конференсяи илмӣ - амалии Ҷумҳуриявии таҳти унвони "Ташкили сиёсати кластерӣ ҳамчун асоси самтнокии инноватсионӣ ва рақобатпазирии минтақа" доир гашта истодааст.

Муфассалтар
06.jpg

ҲАСАН ҶОЙИ 1-УМРО ГИРИФТ ВА БА
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ РОҲХАТ ЁФТ!

Суфиев Ҳасан, донишҷӯи соли 4-уми ихтисоси молия ва қарзи факултаи молиявию иқтисодӣ дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба «Гуштини юнону румӣ» иштирок кард.

Муфассалтар
09.jpg

МАҲФИЛИ “ОЛАМИ ИҚТИСОД” АМАЛ МЕКУНАД!

Имрӯз дар факултаи молиявию иқтисодӣ маҳфили «Олами иқтисод» бо роҳбарии омӯзгори факулта Давлатов Гулаҳмад баргузор гардид.

Муфассалтар
10.jpg

БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ИЛМӢ-АМАЛӢ

Имрӯз дар факултаи физика ва математика конфронси илмӣ-амалии омӯзгорон ва донишҷӯён бахшида ба 25-солагии ичлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли ҷавонон баргузор гардид.

Муфассалтар
11.jpg



КОНФРОНС: НАҚШИ СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ДАР ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДӢ ВА ИҶТИМОИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН 16.04.2018

КОНФРОНС: НАҚШИ СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ДАР ПЕШРАФТИ ИҚТИСОДӢ ВА ИҶТИМОИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Санаи 31.03.2018 дар толори илмию фарҳангии донишгоҳ конфронси илмии вилоятӣ дар мавзӯи «Нақши соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар пешрафти иқтисодӣ ва иҷтимоии вилояти Хатлон» гузаронида шуд.
Дар конфронс муовини сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Насриддинзода Рамазон, дотсенти Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Должикова В.А. ва дигар меҳмонон иштирок доштанд.
Нахуст бо сухани ифтитоҳӣ ректори донишгоҳ доктори илми физика ва математика, профессор, Узви вобастаи АИ ҶТ Абдулло Ҳабибулло баромад намуда, эълон намудани соли 2018-ро ҳамчун Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ фоли нек донист ва меҳмононро хайрамақдам гуфт.
Сипас, дар мавзӯи «Асрори кулолгарӣ» номзади илмҳои химия, дотсенти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Холиқов Сафар, дар мавзӯи «Туризм - омили пешрафти иқтисодиёт» раиси Созмони ҷавонони Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ноҳияи Кушониён, дар мавзӯи «Малакаҳои корбарии технологияи шабакавӣ дар рушди саноати сайёҳӣ» аспиранти ДДҚ ба номи Носири Хусрав Самандари Раҷабалӣ, дар мавзӯи «Инкишофи минтақаҳои сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» омӯзгори ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Мирзоев Азиз баромад намуданд.
Бахши дуюми конфронс дар ошёнаи дуюми бинои маъмурӣ бо 18 маърӯза дар мавзӯъҳои вобаста гузаронида шуд. Дар охири конфронс ба маърӯзачиён ва иштирокчиёни фаъол аз тарафи раёсати донишгоҳ ифтихорномаҳо супорида шуд.


Back to the list