KGU

ДАР МЕҲМОНИИ РЕКТОР

Рӯзҳои 26-27-уми январи соли равон Табарзода Абдулло Ҳабибулло, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллои Рӯдакӣ дар доираи лоиҳаи «Дар меҳмонии ректор» сардорони шуъбаҳои кор бо ҷавонон ва донишҷӯёни фаъоли муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ва олии кишварро ба ҳузур пазируфт.

Муфассалтар
1517571959_fffff252.jpg

ТАШРИФИ РАЁСАТИ ИНТ БА ДОНИШГОҲ

Имрӯз раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим, нависанда Аблулҳамид Самад, шоир Алиакбари Абдулло ва Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб ба хотири таҷлили зодрӯзи нависанда Абдулҳамид Самад ба Донишгоҳ ташриф оварданд.

Муфассалтар
04.jpg

КОНФРОНС БАХШИДА БА СОЛИ ҶАВОНОН

Имрӯз дар факултаи филологияи тоҷик ва журналистика конфронси илмӣ-амалӣ бахшида ба Соли ҷавонон гузаронида шуд. Нахуст, бо сухани ифтитоҳӣ декани факулта Гадомад Зулфиев баромад намуданд.

Муфассалтар
05.jpg

КОНФЕРЕНСЯИ ИЛМӢ - АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ
ДАР ДОНИШГОҲ

Имрӯз дар Донишгоҳ Конференсяи илмӣ - амалии Ҷумҳуриявии таҳти унвони "Ташкили сиёсати кластерӣ ҳамчун асоси самтнокии инноватсионӣ ва рақобатпазирии минтақа" доир гашта истодааст.

Муфассалтар
06.jpg

ҲАСАН ҶОЙИ 1-УМРО ГИРИФТ ВА БА
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ РОҲХАТ ЁФТ!

Суфиев Ҳасан, донишҷӯи соли 4-уми ихтисоси молия ва қарзи факултаи молиявию иқтисодӣ дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба «Гуштини юнону румӣ» иштирок кард.

Муфассалтар
09.jpg

МАҲФИЛИ “ОЛАМИ ИҚТИСОД” АМАЛ МЕКУНАД!

Имрӯз дар факултаи молиявию иқтисодӣ маҳфили «Олами иқтисод» бо роҳбарии омӯзгори факулта Давлатов Гулаҳмад баргузор гардид.

Муфассалтар
10.jpg

БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ИЛМӢ-АМАЛӢ

Имрӯз дар факултаи физика ва математика конфронси илмӣ-амалии омӯзгорон ва донишҷӯён бахшида ба 25-солагии ичлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли ҷавонон баргузор гардид.

Муфассалтар
11.jpg



КОНФРОНС: ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ БЕНАЗИРИ САЙЁҲӢ ВА МАКОНИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ 16.04.2018

КОНФРОНС: ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ БЕНАЗИРИ САЙЁҲӢ ВА МАКОНИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

КОНФРОНС: ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ БЕНАЗИРИ САЙЁҲӢ ВА МАКОНИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ

Санаи 11.04.2018. дар толори илмию фарҳангии донишгоҳ конфронси илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Тоҷикистон-кишвари беназири сайёҳӣ ва макони ҳунарҳои мардумӣ» бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.
Нахуст ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои физика ва математика, профессор, Узви вобастаи АИ ҶТ Абдулло Ҳабибулло баромад намуда, дар ин мавзуъ суханронӣ намуданд. Сипас, дар мавзӯи «Тоҷикистон - Ватани туризми байналмиллалӣ» номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Носири Хусрав Саидмуминов А., дар мавзӯи «Омилҳои рушди сайёҳӣ» номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти кафедраи илмҳои табиатшиносӣ ва иттилоотии Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Абӯҳанифа-Имоми Аъзам Раҳимова Р., дар мавзӯи «Имконияти рушди туризми экологӣ дар вилояти Хатлон» номзади илмҳои география, дотсенти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Баротов Ҷ. ва дар мавзӯи «Касбу ҳунарҳои мардумӣ - асоси рушди иқтисодиёти оила» номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсенти Донишгоҳи давлатии ҳукуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Закиров Ш. ва дигарон баромад намуданд.
Конфронс аз ду бахш: Рушди сайёҳӣ ва Ҳунарҳои мардумӣ иборат буд. Дар бахши Рушди сайёҳӣ  роҳбари бахш Баротов Ҷ., дотсент, мудири кафедраи география ва туризми ДДК ба номи  А. Рӯдакӣ ва дар бахши Ҳунарҳои мардумӣ роҳбари бахш Ахмедов А.С., номзади илми иқтисод, дотсент, мудири кафедраи технологияи иттилоотӣ ва иқтисодии ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров буданд. Дар кофронс 22 маърӯза шунида шуд.
Дар ҷамъбасти кори конфронс барои меҳмонон хатсайри туристӣ, боздид аз марказҳои таърихӣ-фарҳангии шаҳри Кӯлоб сурат гирифт. 

АЛИШЕР ЯТИМОВ


Back to the list