KGU

ДАР МЕҲМОНИИ РЕКТОР

Рӯзҳои 26-27-уми январи соли равон Табарзода Абдулло Ҳабибулло, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллои Рӯдакӣ дар доираи лоиҳаи «Дар меҳмонии ректор» сардорони шуъбаҳои кор бо ҷавонон ва донишҷӯёни фаъоли муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ва олии кишварро ба ҳузур пазируфт.

Муфассалтар
1517571959_fffff252.jpg

ТАШРИФИ РАЁСАТИ ИНТ БА ДОНИШГОҲ

Имрӯз раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим, нависанда Аблулҳамид Самад, шоир Алиакбари Абдулло ва Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб ба хотири таҷлили зодрӯзи нависанда Абдулҳамид Самад ба Донишгоҳ ташриф оварданд.

Муфассалтар
04.jpg

КОНФРОНС БАХШИДА БА СОЛИ ҶАВОНОН

Имрӯз дар факултаи филологияи тоҷик ва журналистика конфронси илмӣ-амалӣ бахшида ба Соли ҷавонон гузаронида шуд. Нахуст, бо сухани ифтитоҳӣ декани факулта Гадомад Зулфиев баромад намуданд.

Муфассалтар
05.jpg

КОНФЕРЕНСЯИ ИЛМӢ - АМАЛИИ ҶУМҲУРИЯВӢ
ДАР ДОНИШГОҲ

Имрӯз дар Донишгоҳ Конференсяи илмӣ - амалии Ҷумҳуриявии таҳти унвони "Ташкили сиёсати кластерӣ ҳамчун асоси самтнокии инноватсионӣ ва рақобатпазирии минтақа" доир гашта истодааст.

Муфассалтар
06.jpg

ҲАСАН ҶОЙИ 1-УМРО ГИРИФТ ВА БА
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ РОҲХАТ ЁФТ!

Суфиев Ҳасан, донишҷӯи соли 4-уми ихтисоси молия ва қарзи факултаи молиявию иқтисодӣ дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба «Гуштини юнону румӣ» иштирок кард.

Муфассалтар
09.jpg

МАҲФИЛИ “ОЛАМИ ИҚТИСОД” АМАЛ МЕКУНАД!

Имрӯз дар факултаи молиявию иқтисодӣ маҳфили «Олами иқтисод» бо роҳбарии омӯзгори факулта Давлатов Гулаҳмад баргузор гардид.

Муфассалтар
10.jpg

БАРГУЗОРИИ КОНФРОНСИ ИЛМӢ-АМАЛӢ

Имрӯз дар факултаи физика ва математика конфронси илмӣ-амалии омӯзгорон ва донишҷӯён бахшида ба 25-солагии ичлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли ҷавонон баргузор гардид.

Муфассалтар
11.jpg



"ДАР МЕҲМОНИИ РЕКТОР" САБАБИ САРҶАМЪИИ ҶАВОНОН... 06.04.2018

"ДАР МЕҲМОНИИ РЕКТОР" САБАБИ САРҶАМЪИИ ҶАВОНОН...

Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд тибқи лоиҳаи ҷадиди «Дар меҳмонии ректор» чорабинии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ беш аз 120 нафар донишҷӯёни фаъолу боистеъдоди мактабҳои олии кишвар – аз вилоятҳои худмухтори Бадахшон, Хатлон, Кӯлоб, Суғд, шаҳри Душанбе ширкат варзиданд.
Ин чорабинӣ бо иштироки донишҷӯёни кишвар бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ гузаронида шуда, бо барномаи ҷолиби адабию фарҳангӣ мураттаб гардид, ки писанди хотири иштирокчиён гашт. Баъди пазироии самимӣ аз тарафи раёсати донишкада меҳмонон дар варзишгоҳи 20-солагии Истиқлолият дар чорабинии гусели наваскарон ширкат варзида, бо барномаи рангини ҳунарии санъаткорони вилояти Суғд ошно гаштанд.
Дар саҳни Донишкадаи иқтисод ва савдо бо садои карнаю сурнай иштирокчиёни чорабинии «Дар меҳмонии ректор» истиқбол гирифта шуданд ва онҳо аз намоиши дастовардҳои устодону донишҷӯён ва ҳунарҳои мардумӣ дидан карда, таассуроти нек бардоштанд.
Сипас дар толори бошукӯҳи донишкада конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028» баргузор гардид. Конфронс бо сухани ифтитоҳии директори донишкада, номзади илми иқтисод, дотсент Олимӣ Рауф Латифзода оғоз гардид ва мавсуф меҳмонон ва аҳли нишастро самимона хайрамақдам гуфта, ба кори конфронс барору комёбиҳо таманно кард. Дар ҳузури иштирокчиёни конфронс намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шарипова Маҳинабону Ҷовидовна суханронӣ карда, дар сатҳи баланд баргузории конфронси мазкурро натиҷаи фаъолияти пурсамари раёсат ва ҷомеаи меҳнатии донишкада арзёбӣ кард. Дар конфронси ҷумҳуриявӣ номзади илмҳои биологӣ М. Дониёрова дар мавзуи «Об барои рушди устувор», доктори илмҳои иқтисод, профессор А. Азимов перомуни «Нақши об дар рушди иқтисоди миллӣ» маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд. Бо забони англисӣ устодони донишкада Д. Мирпочоев ва С. Мухторов дар бораи нақши Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҳалли мушкилоти об ва дастрасии ин неъмати бебаҳои табиат ба сокинони сайёра изҳори андеша намуданд.
Баъдан бо иштироки директори донишкада Олимӣ Рауф Латифзода ва иштирокчиёни чорабинӣ мулоқоти судманду хотирмон баргузор гардид. Директори донишкада дар бораи нақши ҷавонон дар рушди соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар андешаронӣ карда, таъкид намуд, ки ҷавонон ояндаи миллатанд ва бояд бо донишу маданияти баланд касбу ҳунар омӯхта, дар пешрафту шукуфоии Ватани азизамон саҳми арзандаи худро гузоранд.
Меҳмонони чорабинӣ ба осорхона ва Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ ташриф оварда, аз хонаи Камол дидан карданд.
Мавриди зикр аст, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар Кохи «Суғдиён» барномаи фарҳангии дастаи «Ҳаҷвнигорони ҷавон»-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиш дода шуд.
Барои меҳмонон аз ҷониби донишҷӯёни ДИС ДДТТ барномаи фарҳангию фароғатии «Шоми ҷавонӣ» намоиш дода шуд, ки мақбули хотири иштирокчиён гардид. Бо ҳамин чорабинии ҷумҳуриявии «Дар меҳмонии ректор» бо таассуроти неку хотирмон ба анҷом расид.

ЯТИМОВ АЛИШЕР


 





Back to the list