KGU

Китобхона

ТАЪРИХИ КИТОБХОНА
МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ КИТОБХОНАИ ДОНИШГОҲ АЗ СОЛИ 1945 ТО 2015

китобхона

Китобхонаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷузъи таркибии Донишгоҳ мебошад. Ваӣ ба хадамоти китобдорию библиографӣ, ҷараёни таълим, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, педагогӣ ва тарбиявии Донишгоҳро таъмин намуда, дар баробари он маркази андӯхтани дониш, мулоқоти маънавию фарҳангӣ мебошад. Дар фаъолияти худ китобхона дар доираи баланд гардонидани захираи китобӣ ва таъмин намудани адабиёти лозима барои мутолиагарон, аз он ҷумла профессорон, омӯзгорон, аспирантон, унвонҷӯён ва донишҷӯёнро муқарар менамояд.

Китобхонаи Донишгохи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ таърихи 70 - сола дорад. Ҳануз дар моҳҳои сентябру октябри соли 1945 барои ташаккул додани захираи фонди китобҳои донишкада ва адабиёти таълимию методӣ доӣр ба соҳаҳои гуногуни илму фарҳанг китобхонаҳои донишгоҳу донишкадаҳои шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Ташкент, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгори ба номиС, Аӣнӣ, Китобхонаи миллӣ ба номи Абулкосими Фирдавсӣ бо теъдоди 6374 адад китобҳои илмӣ, дарсӣ барои мутолиагарон таъсис ёфт.

Дар солхои 50-ум бинои китобхона ба талаботи омӯзгорону донишҷӯён чавобгӯӣ набуд. Барои китобҳо рафу чевонҳо намерасид. Кормандони китобхона хеле кам буданд. Аммо баьди ба истифода додани бинои чорошёнаи таълимӣ дар солҳои 70- ум масоҳати китобхона хеле васеъ карда шуд. Китобхона дар таҳхонаи ҳамин бинои калон чоӣ гирифт. Китобхона дар давраи Шуравӣ хар сол 10-15 ҳазор нусха китобҳои нав мегирифт. Солхои 1975 - 1976 китобхона 9540 нусха китоб, 779 рисола (ҷамъ 10319 нусха), аз чумла, китобҳои дарсӣ ва васоити таълимӣ 7988 нусха адабиёти бадеӣ гирифт. Дар солхои 80 - 90-ум беш аз ду маротиб зиёд китобҳо ба китобхона ворид гардида буд. Дар давраи Соҳибистиклолии Точикистон фонди китобхона то ба 287 хазор расида буд. Китобхонаи донишгоҳ дар ҳашт факултети донишгоҳ шуъбаҳо, кабинет ва толорҳои Қироатхона аз соли 2000 то 2009 барои мутолиагарон боз намуд, ки мувофики ихтисоси факултетхо дар назди толори Қироатӣ бо китобҳо таъмин буд. Локин дар натиҷаи афатҳои паӣдар паи моҳи маӣи соли 2009 ва 2010 ба китобхонаи донишгоҳ хисороти зиёд ворид намуд, ки дар натиҷа Қисман аз китобҳои нодири гаронарзиши китобхона несту нобуд гардиданд.

Китобхона дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми августи соли 2003 таҳти №32 дар бораи фаъолияти китобдорӣ, низомномаи мактаби олӣ, низомномаи китобхонаи донишгоҳ аз 28-январи соли 2013 таҳти №6 ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи маориф амал менамояд.

Китобхона дар бобати таъмин намудани шӯъбаҳо бо китобҳои илмӣ, дарсӣ тадбирҳои иловагиро муаӣян карда аз шӯъбаи нигоҳдории китоб ба шӯъбаҳо теъдоди 10733 адад китобҳоро интиқол дод, ки ҳоло шӯъбаҳое, ки дар китобхонаи Донишгоҳ фаъолият менамоянд барои нигоҳдории фонди китобӣ таъмин мебошанд, ки дар китобхона ҷиҳати нигоҳдории китобҳо 10 шӯъбаҳо амал менамоянд:

  1. Шӯъбаи математика ва информатика.
  2. Шӯъбаи физика ва технология.
  3. Шӯъбаи педагогика ва психология.
  4. Шӯъбаи забон ва адабиёти тоҷик.
  5. Шӯъбаи забон ва адабиёти рус.
  6. Шӯъбаи бадеӣ.
  7. Шӯъбаи нигоҳдории  китоб.
  8. Шӯъбаи нигоҳдории матбуоти даврӣ.
  9. Шӯъбаи коркарди феҳристнигорӣ.
  10. Шӯъбаи абониментӣ оид ба қаӣдгирии донишҷӯён.  

Теъдоди фонди китобии китобхонаи донишгоҳ аз соли таҳсили 2011-то 2013 зиёда аз 213802 ададро ташкил дод ва дар моҳи сентябри соли ҷорӣ аз шӯъбаи нигоҳдории китобҳо ба шӯъбаҳои дигар теъдоди 10733 адад китобҳо интиқол ёфтанд, ки ҳоло фонди китобии китобхонаи донишгоҳ 224535 ададро аз рӯи ихтисосҳои гуногун ташкил медиҳад:    

Аз ҷумла 45310 адад китобҳои тахассусӣ, 100941 адад китобҳои таълимӣ, 26227 адад китобҳои методӣ, 16119 адад китобҳои сиёси, 27136 адад китобҳои бадеӣ ва 8802 адад дастурҳои таълимиро дар бар мегирад. Дар соли таҳсили 2014-2015 теъдоди 370 адад  китобҳо харидорӣ ва теъдодӣ 1037 адад китобҳо ҳадя намуданд, ки шумораи умумии онҳо 1407 ададро ташкил медиҳад. 

Маъмурияти донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз соли таҳсили 2010 то инҷониб оид ба фаъолияти кори китобхона тадбирҳои иловаги қарор дод, ки китобхонаи донишгоҳ ба ду толори хониш: Толори хониши№1 илмҳои гуманитарӣ, толори хониши№2 илмҳои техникӣ ном гузори карда шуданд. Ғаӣр аз ин, дар назди хобгоҳи донишҷӯён маъмурияти китобхона толор ба номи қироатхона ташкил намудааст, ки аз соати 17 00 то соати 22 00 ба донишҷӯён хизмат мерасонад, инчунин дар факултети таърих ва ҳуқуқ низ толори хониш мунтазам дари худро барои мутолиагарон боз намудааст. Ҳамарӯза донишҷӯёни факултетҳои Донишгоҳ аз 25 то 40 нафар ҷиҳати баланд гардонидани малакаи дониш худ, ҳангоми навиштани корҳои дипломи, корҳои курсӣ ва рисолаи хатм самаранок истифода мебаранд, Бо назардошти мавҷуд будани ин фонд ва афзун гардонидани он аз ҷониби маъмурияти Донишгоҳ ҳамасола теъдоди зиёд пешниҳодҳои муаллифон оид ба харидори намудани китобҳои илмӣ-методӣ ва дарсӣ барои афзун намудани фонди китобии китобхона корҳои лозимаро ба анҷом мерасонанд.  Ҳоло паӣваста китобҳои дарсии тозанашр ба забони тоҷикӣ барои мутолиагарон вориди ин кони ганҷинаи маърифати гардида истодааст, ки он барои мукаммал намудани ҳамаи соҳаҳои фаъолияти китобхонаро ба анҷом расонида, зиёда аз 10733 адад китобҳои илмӣ, методӣ ва дарсӣ аз соли таҳсили 2012 то инҷониб харидори карда шудаанд. Донишҷӯёни факултаҳо илова аз хазинаи илмии китобхона боз аз рӯзномаҳову маҷалоҳо истифода менамоянд, ки китобхона оид ба ташкили рӯзномаву маҷалаҳои даврии зерин таъмин намудааст. Ҷумҳурият, Садои мардум, Минбари халқ, Маорифи Тоҷикистон, Адабиёт ва санъат, Ҷавонони Тоҷикистон, Народная газета, Бонувони Тоҷикистон

Тибқи фармони Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз «2» марти соли 2009 таҳти рақами 249 бо мақсади мутолиа намудани асарҳои бадеӣ ба табъ расид, ки дар китобхонаи донишгоҳ оид ба иҷрои фармони мазкур тадбирҳо андешида шудаанд. Бо дастгирии профессорон, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ зиёда аз 8345 адад китобҳои бадеӣ барои ғанигардонидани захираи фонди китобии китобхона туҳфа намуданд. Тибқи шартномаи Донишгоҳ бо фонди  СОРОС  2126 адад китобҳо ба таври роӣгон, аз фонди Оғохон 450 адад, аз ҷониби Вазорати Корҳои Хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикимстон зиёда аз 111 адад, аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 450 адад ба фонди китобхонаи донишгоҳ ворид гардидааст. Китобҳои илмӣ ва сиёсӣ ба китобхонаи донишгоҳ воридшуда қисми зиёди онҳо ба толори хониши китобхона фиристода шудаанд, ва ин иқдоми нек дар донишгоҳ идома ёфта истодааст.

Кормандони нахустини китобхона Р.И. Горбунова, JI.В. Панова ва Н.К. Карсанова  Муродов Саттор аз соли 1970 то 2010, Рахмонова  Фотима аз соли 1979 то 2005, Ниёзов Суҳроб аз соли 1987 то 1990, Ҳафизова Ҳусноро аз соли 1993 то 1995, Муродова Саёрамоҳ аз соли 1970 то 2007, Сафарова Зумратби аз соли 1989 то 1994, Раҳимова Меҳринисо аз соли 1992 то 1994, Хлопова Зинаида аз соли 1970 то 1977, Ҳакимова Анварби аз соли 1986 то 1988, Расулов Музаффар аз соли 1989 то 1994, Курбонова Нодирамо аз соли 1990 то 1992, Зоиров ҲаҚназар аз соли 1989 то 1996, Ҷалилова Сабоҳат аз соли 1993 то 1994,Бодуров Толибҷон аз соли 1995 то 1996, Кадамова Баргигул аз соли 1990 то 1991, Бобоева Маҳбуба аз соли 1994 то 1995, Бабунцева Наталя аз соли 1995 то 1997, Муродова Бахтинисо аз соли 1981 то 1989, Ғафурова Гавҳарби аз соли 1989 то 1990, Муродова Парвина аз соли 1993 то 1995, Мизробова Сафарби аз соли 1982 то 1994, Бухориева Анварби аз соли 1977 то 1991, Тверита Оксана Петровна аз соли 1993 то 1996, Чердынцева Маргорита Михаӣловна аз соли 1967 то 2005, Тохтамушова Хаӣринисо аз соли 1989 то 1990 кор мекарданд.

Дар аӣни замон дар китобхона 11 нафар кор карда истодаанд, аз он ҷӯмла Гуламадшоев Шокиршо Шерзодшоевич  мудир аз соли 2005, Асоева Рушангул Грезовна аз сол 1997,  Шарипова Гулбутта Муҳаммаднабиевна аз соли 2013,  Ашурова Гулчеҳрамо Қурбоновна  аз соли 1999, Узбекова Санифа Табаровна соли 2011,Эрматова Уғулби Ҳаӣдаровна  аз соли 1983, Орзуева Манзура Машарифовна аз соли 2011,  Убаӣдуллоева Дилором Қурбоналиевна аз соли 2011, Сафарова Шаноза аз соли 2009, РаҷабовЁҚуб Қудратуллоевич аз соли 2013 ва Мирзоев Ҳасан аз соли 2014 то итнҷониб  фаъолият намуда ва барои ҳифзи захираҳои адабиёти он пурра масъул мебошанд. Кормандони китобхона дар доираи Низомномаи китобхона кор карда барои саиқал додани малакаи дониши донишҷӯён ва пурра таъмин намудани маводҳои таълимию библиографӣ ба ҳаӣати профессорону омӯзгорон, кормандони илмӣ, унвонҷӯён, аспирантон ва дигар сохторҳои донишгоҳро бо китобҳои илмӣ, дарсӣ, тахассусӣ ва бадеиро бар душ доранд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки бо дастгирии Маъмурияти донишгоҳ кори мураттаби китобхона дар самти вазифаҳои навбати ва ҷори намудани технологияи нав ва навъҳои нави хизматрасониро ба роҳ монд. Аз соли таҳсили 2012 то инҷониб китобхона бо теъдоди 10 адад маниторҳо ва 3 адад компютерҳо муҷаҳаз гардонид. 10 адад мониторҳо ба шабаква Интернет паӣваст гардида ва теъдоди 100 ҳазор китобҳо электрониро фаро гирифтааст, ҳамарӯза теъдоди 29 то 37 нафар донишҷӯён аз шакли электронӣ истифода мебаранд. Аз моҳи маӣи соли ҷори китобхонаи Донишгоҳ оид ба эҳё намудани системаи каталог дар фаъолияти ҳамарӯзаи худ қарор дода ва дар соли таҳсили 2015 онро ба итмон расонидааст, ки аз феҳристнигори бароварда шуда ин китобҳо дар каталог васл гардонида мешаванд. Дар баробари ин китобхона бо китобхонаҳои омавӣ низ ҳамкори намуда барои баланд бардоштани сифати кори мураттаби китобхона тадбирҳои муҳимро оид ба таъмин намудан талаботи мутолиагарон ҷораҷуи менамояд.

_____________________________________________________
Суроға: ш. Кӯлоб, кӯчаи С. Сафаров 16
Телефон корӣ: (+992 33 22) 2
-59-73
Телефон мобилӣ: (+992) 988-38-21-88