KGU

Низомнома

Бо қарори Шӯрои олимони Донишгоҳи
давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи
Рӯдакӣ аз  «____»_________2013. №_____
тасдиқ шудааст.

 


НИЗОМНОМАИ КИТОБХОНАИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ БА НОМИ АБӮАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ

 

1.  МУҚАРРАРОТИ  УМУМӢ

1.1 Китобхонаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (минбаъд Донишгоҳ) ҷузъи таркибии Донишгоҳ мебошад. Вай ба хадамоти китобдорию библиографӣ, ҷараёни таълим, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, педагогӣ ва тарбиявии Донишгоҳро таъмин намуда, дар баробари он маркази андӯхтани дониш, мулоқоти маънавию фарҳангӣ мебошад.
1.2. Дар фаъолияти худ китобхонаи илмӣ қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи фарҳанг», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника», «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ», «Дар бораи табъу нашр» ва асноди дигари дастурию роҳбарикунандаи соҳаи маорифу фарҳанг, китобдорӣ, фармону супоришҳо ва қарорҳои раёссати донишгоҳу китобхона ва инчунин ҳуҷҷатҳои ташкилӣ, идоракунанда ва технологияи китобдорӣ ва қоидаҳои тартиботи дохилӣ ва низомномаи худ  амал менамояд.
1.3. Кори китобхонаи Донишгоҳ дар асоси Низомномаи мазкур ва фармону қарорҳои раёсати Донишгоҳ ба тартиб дароварда мешавад.
1.4. Китобхона таҳти назорати муовинони ректор оид ба илм ва таълими Донишгоҳ қарор дорад.
1.5. Дар фаъолияти рӯзмараи худ китобхона аз амволи худ истифода менамояд.

2. ВАЗИФАҲОИ  КИТОБХОНА 

2.1 Хадамоти самарабахши рӯзмараи иттилоотию библиографӣ ба ҳайати прфессорону омӯзгорон, кормандони илмӣ, унвонҷӯён, аспирантон ва кормандону донишҷӯёни Донишгоҳ.
2.2. Ташкил намудани захираи (фонд)-и китобхона ва шӯъбаҳои он мувофиқи фаъолият ва самтҳои таълимию илмии Донишгоҳ, дар асоси талаботи нақшаҳои таълимӣ, илмӣ ва аъзоёни китобхона.
2.3. Тарбияи фарҳангӣ, иттилоотӣ, омӯзонидани малакаи истифода аз китоб ва китобхона. Омода намудани хонандагон барои кор бо махзанҳои иттилоотии электронӣ ва усулҳои нави технологияи компютерӣ.
2.4. Афзун намудани номгӯи хадамоти китобхона, баланд бардоштани сифати он дар асоси таҷҳизоти нави техникӣ, технологияҳои нав, компютеркунонии ҷараёни китобдорию иттилоотӣ, пайваст намудани компютерҳои китобхона ба шабакаи интернет.
2.5. Аз худ намудан ва ҷамъбаст кардани таҷрибаи кори китобхонаҳои муассисаҳои таҳсилоти касбии олии дигар ва китобхонаҳои миллии Тоҷикистон, дигар китобхонаҳои соҳавию ташкилотҳои иттилоотии илмию техникӣ.
2.6. Барои таъсис додани китобхонаҳои электронӣ ва ташкили феҳристи электронӣ чораҳои лозимиро меандешад.
2.7. Китобхона бо муштариёни худ дар толорҳои қироат, абонементҳо ва шӯъбаҳои китобхона ба хонандагони алоҳида ва ё гурӯҳи хонандагон хизмат мерасонад.
2.8. Талаботи муштариёнро  ба воситаи табодули китоб ё китобхонаҳои дигар қонеъ мегардонад.
2.9. Барои кӯмак ва ҷараёни таълим пешбурди кори илмии Донишгоҳ, библиографӣ, номгӯи асарҳои профессорони Донишгоҳ, маълумотномаҳои унвонию мавзӯӣ ва намоиши китобҳоро ташкил менамояд.

2.10. Ба донишҷӯён малакаи ҷустуҷӯ ва дарёфт намудани маълумотҳои зарурӣ ва истифодаи онро дар ҷараёни таълиму корҳои илмӣ, инчунин сарфаҳм рафтан ба маводи маълумотӣ ва иттилоотию библиографии китобхонаро меомӯзонад.
2.11. Барои аспирантон ва донишҷӯён дарсҳои асосҳои китобдорӣ ва библиографиро ташкил менамояд.
2.12. Барои гузаронидани таҷрибаомӯзӣ ва дарсҳои амалии донишҷӯёни донишгоҳ ва макотиби миёнаи махсус  пойгоҳи асосӣ мебошад.
2.13. Барои хонандагони китобхона намоиши китоб, экскурсияҳо, машваратҳоро дар назди феҳристҳо ва картатекаҳо ташкил менамояд.
2.14. Таъминоти фаврӣ ва илман асоснокшудаи фонди китобхонаро мувофиқи барномаҳо ва нақшаҳои таълимӣ, номгӯи тадқикотҳои илмии Донишгоҳ ташкил менамояд.
2.15. Адабиёти таълимӣ, илмии иттилоотӣ, бадеӣ ва матбуоти давриро харидорӣ менамояд.
2.16. Ҷобаҷогузории китобҳо, ҳифзи онҳо, баҳисобгирӣ ва усули нигоҳдошти китобро ташкил менамояд. Дар ҳолати зарур метавонад истифодаи қисме аз адабиётро маҳдуд созад, ки тибқи қонунҳои ҳифзи сирри давлатӣ ва қонунҳо таъмин намудани ҳифзи дастовардҳои таърихию фарҳангии халқҳои Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.
2.17. Ҳифзи китобҳои арзишдор, камёб ва коллексияҳоро, ки ёдгории таърихию фарҳангӣ мебошанд, таъмин намуда, ба назаргирии саривақтии онҳоро дар феҳристҳои умумӣ пешбинӣ мекунад.
2.18. Бо мақсади пешниҳодҳои ҳаматарафа ва пурраи захираҳои адабиёти мавҷуда, феҳристҳои алифбои мураттаб, электронӣ ва библиографиро ташкил менамояд.
2.19. Корҳои илмию методиро (аналитикӣ, ташкилӣ, машваратӣ) барои мукаммал намудани ҳамаи соҳаҳои фаъолияти китобхона анҷом медиҳад.
2.20. Барои баланд бардоштани савияи дониши кормандон чораҳои заруриро меандешад.
2.21. Барои ташкилотҳои ҷамъиятию хориҷӣ, сафоратҳо алоқаи кориро барқарор намуда, дар лоиҳаҳои онҳо ширкат меварзад ва барои дарёфти маблағҳо китоб, компютер ва таҷҳизоти дигари лозимӣ барои китобхона корҳои заруриро анҷом медиҳад.
2.22. Кори худро бо шӯъбаҳои дигари Донишгоҳ мутобиқ месозад.
2.23. Китобхона метавонад дар мувофиқа ба раёсати Донишгоҳ ва Вазорати маориф (Низомномаи фонди гардиши китоб), китобҳоро ба иҷора диҳад.

3. РОҲБАРИЯТ, ТАРТИБИ РӮЙХАТИ МАНСАБҲО ВА ТАЪМИНОТИ МОДДИЮ ТЕХНИКӢ

3.1. Роҳбарии китобхонаро директори он ба ӯҳда дорад, ки аз тарафи ректори Донишгоҳ ба вазифа ва озод таъин шуда, ба ӯ итоат менамояд. Директор ҷавобгарии пурраро барои натиҷаи кори китобхона бар дӯш дошта, дар ҳудуди масъулиятҳои худ дастури қарорҳои лозимаро ба табъ мерасонад, ки барои ҳамаи кормандон ҳатмист.
3.2. Мудирони шӯъба ва дигар кормандони китобхона ба фармони ректори Донишгоҳ ва пешниҳоди директори китобхона ба кор қабул ва аз кор озод карда мешаванд.
3.4. Барои анҷом додани корҳои методӣ ва такмил додани ҷараёнҳои технологӣ дар китобхонаи илмӣ, Шӯрои китобхона амал мекунад, ки кори он бо муқаррароти дахлдор танзим мегардад.
3.5. Таркиби китобхона ва рӯйхати муносибатҳои он дар асоси масъалаҳои дар назди китобхона гузошташуда, самтҳои фаъолият ва вазифаҳои он, таркибу рӯйхати мансабҳои намунавӣ (типӣ) бо тавсияи Вазорати Фарҳанги  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешниҳоди директори китобхонаи илмӣ, аз тарафи ректори Донишгоҳ амалӣ мегардад.
3.6. Масрафҳои таъминоти китобхона дар буҷаи хароҷоти Донишгоҳ нишон дода мешавад.
3.7. Раёсати Донишгоҳ китобхонаро дар асоси меъёрҳои мавҷуда бо бино ва утоқҳои корӣ маводи чопӣ, компютер ва дигар мошинолоти электронию ҳисоббарорӣ ва нусхабардорию чопӣ барномаҳои компютерӣ ва ғайра таъмин менамояд.

4. ҲУҚУҚ ВА ӮҲДАДОРИҲОИ КОРМАНДОНИ КИТОБХОНА

4.1. Китобхона ҳуқуқ дорад:

-Донишгоҳро дар ташкилоту идораҳои гуногун намояндагӣ намояд, дар кори конфронсҳои илмӣ, ҷаласа ва семинарҳо оид ба масоили китобдорӣ ва библиографию иттилоотӣ ширкат менамояд;
- Маблағҳои барои китобхона муайяншуда масраф намояд;
- Таркиб ва номгӯи мансабҳои китобхонаро, ки аз тарафи ректори Донишгоҳ тасдиқ карда мешаванд, такмил диҳад;
- Маоши кормандонро дар ҳудуди фонди музди меҳнати китобхона, маоши иловагӣ ва инчунин  тартиб ва  ҳаҷми мукофотпулии кормандонро муайян намояд;
-Дар асоси меъёрҳои ҳуқукӣ, сармояи берунии иловагӣ, аз ҷумла дар асъори хориҷӣ, ба тариқи масруфоти ихтиёрӣ ва мушаххас аз шаҳрвандони алоҳида ва ташкилотҳои ватанию хориҷиро ҷалб намояд.;

Бо розигии ректори Донишгоҳ қоидаҳои истифодаи китобҳоро дар китобхона тасдиқ намояд;

-Бар асоси қоидаҳои истифодаи китобҳо дар китобхона ҳаҷми ҷуброни зарари аз тарафи донишҷӯ расонидашударо муайян намояд;
-Фаъолияти коргузории худро барои афзун намудани номгӯи хадамоти пешниҳодшуда бо назардошти он ки ин хадамот ба фаъолияти асосии китобхона безарар аст  ба самар расонад;
-Бар асоси фармон ва қарорҳои мавҷуда, ки ректори Донишгоҳ тасдиқ намудааст, аз ҳисоби китобхона баровардан ё фурӯши китобро аз захираҳои китобхона ташкил намояд;
-Бо мақсади мусоидат кардан барои рушди хизматрасонии китобдорӣ, мутаҳидии касбӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои иҷтимоию тахассусии худ ассотсиатсияҳо  созмон диҳад ва ё ба ассотсиатсияҳои соҳавии ватанию хориҷӣ ҳамроҳ шавад;
-Тибқи тартиби муқарраршуда ҳамкориҳоро бо китобхонаҳо ва дигар созмонҳою ташкилотҳои ҷамъиятию хориҷӣ, аз ҷумла ба роҳ мондани табодули байналмилалии китобҳо, мувофиқи тартиби муқарраргардида ба ҳайати созмонҳои байналмилалӣ шомил гардида, дар тадбиқи  барномаҳои байналмилалии китобдорӣ ва дигар барномаҳои соҳавӣ ширкат варзад;
4.2 Роҳбарияти китобхона дар асоси меъёрҳои қонунӣ  барои вайрон намудани вазифаҳои муайяншуда ба ҷавобгарӣ кашида шавад.
4.3. Китобхонаи Донишгоҳ барои ҳифзи захираҳои адабиёти он пурра масъул аст. Кормандони китобхона, ки дар расонидани зарари моддӣ ба захираҳои он гунаҳгоранд, дар асоси қонунҳои амалкунанда ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.