KGU

Маълумоти умумӣ


Маълумоти умумӣ

Бо Қарори Ҳукумати ҶШС Тоҷикистон аз 15 августи соли 1945 «Дар бораи таъсис додани Донишкадаи давлатии муаллимтайёркунӣ дар заминаи омӯзишгоҳи омӯзгории ба бунёди Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб асос гузошта шуд.
Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб бо Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июли соли 1992, таҳти №235 Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва аз 24 апрели соли 2009 тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ номгузорӣ шудааст.
Донишгоҳ дар тайёр намудани кадрҳои илмии соҳаҳои маориф ва хоҷагии халқ барои ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон саҳми босазо гузоштааст. Дар зарфи 70-соли фаъолияти худ бештар аз 35000 мутахассисони дорои маълумоти олиро тайёр намудааст.
Китобхонаи донишгоҳ дорои шӯъбаи абонемент, китобҳои илмӣ, методӣ, бадеӣ ва 4 толори хониш буда, дар маҷмуъ теъдоди китобҳояш ба 300 580 нусха мерасад.
Донишгоҳ дорои хобгоҳ барои 300 ҷой ва бунгоҳи тиббии бо тамоми шароитҳои зарурӣ муҳайё буда, мебошад. Ҳамзамон, дар донишгоҳ 2 толори варзишӣ ва 1 толори фарҳангии замонавӣ амал менамояд. Донишгоҳ дар ноҳияи зебоманзари Муъминобод дорои лагери истироҳатӣ-истеҳсолӣ ва фароғатии «Бешаи сабз» мебошад.
Таҳсил дар шӯъбаҳои рӯзона ва ғоибонаи донишгоҳ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳамзамон, барои гирифтани маълумоти дуюм аз ихтисосҳои мавҷуда ва идомаи таҳсил дар магистартураи донишгоҳ имкониятҳо муҳайё карда шудаанд.
Дар донишгоҳ Маркази технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, маркази ихтирокорони ҷавон, маркази омӯзиши забонҳои хориҷӣ амал менамоянд. Дар синфхонаҳои муҷаҳҳази компютерии марказ донишҷўён технологияи наву ҳозиразамони иттилоотиро аз бар менамоянд. Донишгоҳ ба шабакаи байналмилалии Интернет пайваст буда, донишҷўён аз он ройгон ба таври густурда истифода менамоянд.
Шумораи умумии кормандони илмӣ ва омӯзгорон дар донишгоҳ 527 нафарро такшил медиҳад, аз ҷумла: 11 нафар докторони илм, профессорон ва 87 нафар номзадҳои илм, 358 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ва дотсентон мебошанд.
Айни замон шӯъбаи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳ бо зиёда аз 50 донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ ба мисли Федератсияи Русия, Олмон, Испания, Чехия, Белгия, Италия, Англия, ИМА, Белоруссия, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Украина, Австрия ва Эрон шартномаҳои ҳамкорӣ дошта, дар доираи 5 лоиҳаи байналмилалӣ, ки ба онҳо Донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупо шомиланд, бомуваффақият ширкат дорад.

Донишгоҳ дорои 10 факулта мебошад:

I. Физика ва математика
Ихтисосҳо:

  1. Физика-математика;
  2. Физика. Таълими меҳнат;
  3. Технология;
  4. Математика;
  5. Математикаи амалӣ;
  6. Информатика;

II. Химия, биология ва география 
Ихтисосҳо:

  1. Химия-биология;
  2. Химия-экология;
  3. Биология-экология;
  4. Сайёҳи ва меҳмоннавозӣ;
  5. Биология (Биотехнология);
  6. География;
  7. Географияи сайёҳӣ ва менеҷменти сайёҳат;

III. Филологияи тоҷик ва журналистика  
Ихтисосҳо:

  1. Забон ва адабиёти тоҷик;
  2. Рӯзноманигорӣ;
  3. Забоншиносӣ ва технологияи нави иттилоотӣ;

IV. Филологияи рус  
Ихтисос:

  1. Забон ва адабиёти рус;
  2. Забон ва адабиёти рус; Забон ва адабиёти тоҷик;
V. Филологияи хориҷӣ  
Ихтисос: 
  1. Забони хориҷӣ (англисӣ);
  2. Забони хориҷӣ (англисӣ-чиннӣ);
  3. Забони хориҷӣ (англисӣ-олмонӣ);

VI. Таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмиллалӣ 
Ихтисосҳо: 

  1. Таърих. Ҳуқуқ;
  2. Таърих;
  3. Муносибатҳои байналмилалӣ;

VII. Омӯзгорӣ
Ихтисосҳо:

  1. Таҳсилоти томактабӣ. Ихтисоси иловагӣ;
  2. Равоншиносии амалӣ;
  3. Таҳсилоти ибтидоӣ;
  4. Таҳсилоти ибтидоӣ. Ихтисоси иловагӣ;
  5. Таҳсилоти ибтидоӣ. Санъати мусиқӣ;
  6. Логопедия;
  7. Сурдопедагогика;
  8. Олигофрено-педагогика;
  9. Дефектология;
  10. Китобхона-шиносӣ ва китобшиносӣ;

VIII. Иқтисод ва идора  
Ихтисосҳо: 

  1. Менеҷменти иҷтимоӣ (Маориф);
  2. Маркетинг;
  3. Идораи мақомоти маҳалӣ;
  4. Иқтисодиёт ва идора дар корхона;
  5. Менеҷменти инвеститсионӣ;

IX. Молиявию иқтисодӣ  
Ихтисосҳо: 

  1. Кори бонкӣ;
  2. Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар муассисаҳои буҷети ва илмӣ;
  3. Молия ва қарз;
  4. Иқтисоди ҷаҳон;
  5. Андоз ва андозбандӣ;

X. Тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ
Ихтисосҳо:

  1. Тарбияи ҷисмонӣ;
  2. Тарбияи ҷисмонӣ. Омодагии дифои ҳарбӣ;

Донишгоҳ дорои 34 кафедра буда, аз рӯи 51 ихтисос мутахассис тайёр мекунад. Дар донишгоҳ рӯзномаи «Анвори дониш» ва маҷаллаи «Паёми Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ» нашр мегардад. Донишгоҳ аз моҳи октябри соли 2009 ба каталоги Донишгоҳҳои ҷаҳонӣ ворид гардидааст.

Суроға: 735360, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Кӯлоб, кӯчаи С.Сафаров, 16 
Телефон: (+992 33 22) 2-35-06 
E-mail: info@kgu.tj 
Cайт:   www.kgu.tj